Шикояти як тоҷири эронӣ аз болои ҳамкори тоҷикаш ба пулис
Ҳушёрҳоҷӣ Ҳасан Фамонӣ Алиризо Аҳмад, як шаҳрванди 37-солаи Эрон, ки муваққатан дар Душанбе ба сар мебараду ба тиҷорат машғул аст, аз болои як соҳибкорзани тоҷик ба Вазорати умури дохилӣ шикоят бурдааст.
Тавре аз ин ниҳод хабар медиҳанд, Алиризо Аҳмад, ки раҳбари ширкати Сурино будааст, дар аризаи шикоятии худ гуфтааст, моҳи январи соли 2014 соҳибкор Саломатхон Неъмонова, сокини кӯчаи Айнии пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 72 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Манбаъ мегӯяд, хонуми Неъмонова инчунин дар моҳи январ “бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор Салоҳиддин Раҷабов, сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ба маблағи 24 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, маблағашро надодаст”. Ба иттилои манбаъ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |