76 ҳазор сомонӣ ва 2 “мошина” барои тоҷирони бозори “Панҷшанбе”
Дафтари намояндагии Кумитаи Имдоди имом Ҳумайнии Эрон дар вилояти Суғд ба 20 осебдидаи сӯхтори назди бозори “Панҷшанбе” кӯмак расондааст.
Фирдавс Ашӯрматов, раҳбари ин намояндагӣ ба “Озодагон” гуфт, ба 19 нафар зарардидаҳо ба миқдори 4 ҳазор сомонӣ барои ҳар кадом қарзи бефоиз ба мӯҳлати 2 сол дода шуд: “Барои 2 бонуи дӯзанда, ки бар асари сӯхтор дастгоҳҳои дӯзандагиашон хароб гардидааст, мошинаҳои дарздӯзии замонавӣ тақдим гардид”.
Ба гуфтаи ҷаноби Ашӯрматов, дар оянда низ намояндагии Кумитаи Имдоди имом Ҳумайнии Эрон дар вилояти Суғд бо қадри тавон ба соҳибкорони зарардида мадад хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |