21 ҳазор зан Суғдро ба қасди муҳоҷирати меҳнатӣ тарк кардаанд

Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мегӯяд, теъдоди занҳое, ки то моҳи ноябр ба қасди музоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, 21 ҳазору 149 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки аксари бонувони тоҷик дар хориҷи кишвар ба сифати тамизкунанда, пешхидмат, нигоҳубинкунандаи кӯдак ё одами маъюб, хидматгор ва корманди техникии муассисаҳои хӯроки умумиву марказҳои дилхушӣ ба кор гирифта мешаванд: “Ин гуна корҳо хавфи хушунат ва зӯровариро бештар мекунад. Гоҳо дучори хушунади шаҳвонӣ шудани бонувон низ аз ҳамин сабаб аст”.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ ба ҳолати якуми ноябри соли равон, 165 ҳазору 596 сокини вилояти Суғд ба хориҷа сафар кардаанд, ки 23 ҳазору 961 нафарашон занҳо мебошанд. Аз ин теъдод, 144 ҳазору 447 нафар бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ қаламрави кишварро тарк кардаанд. Ба иттилои хадамот, ин нишондод нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфта, фарқият беш аз 43 ҳазор нафар будааст: “Агар яке аз сабабҳои коҳиши теъдоди муҳоҷирон таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳиби замин шудани одамон ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ бошад, сабаби дигар муваққатан манъ гардидани воридшавии онҳо ба қаламрави Русия аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |