Шарифӣ: Ба Тоҷикистон намегардам, зеро ҳадафи пирӯзӣ дорам
Наим Шарифӣ, футболбози 22-солаи тоҷик, ки феълан дар дастаи “Штурм”, дуюмин бошгоҳи бонуфузи Австрия бозӣ мекунад, азми бозӣ дар ҳайати мунтахаби Русияро дорад.
Шарифӣ зимни суҳбат бо расонаҳои варзишӣ изҳор доштааст, ки аз зодгоҳаш Тоҷикистон барои бозӣ дар ҳайати мунтахаб даъватҳо гирифтааст, аммо онҳоро рад кардааст: “Ман кишварамро эҳтиром мекунам. Аммо ман дар зиндагӣ ҳадаф гузоштаам, ки ба чизе ноил шавам, ғолибият ба даст орам. Бозӣ кардану ба чизе ноил нашудан барои ман нест. Ҳадафи ман-дастаи мунтахаби Русия аст.”
Наим Шарифӣ, ки соли 1992 дар Душанбе таваллуд шудааст, дар синни 5-солагияш ба Маскав рафта, дар бошгоҳи “Локомотив” тамрин намудааст. Ӯ солҳои 2008-2010 дар "Локомотив", 2010-2012 дар "Капфенберг"-и Австрия, 2012-2013 дар "Амкар"-и Перм ва феълан дар "Штурм"-и Австрия бозӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |