Бахшҳо

Ҳалокати Бозоров дар “спецприемник”: худкушӣ ё куштор?

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” аз марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар қабулгоҳи вижа (спецприемник) хабар медиҳад. Ба қавли ӯ, ҳоло беш аз 20 тоҷики дигар дар ин қабулгоҳ, ки шароити тоқатфарсо дорад, нигоҳдорӣ мешаванд.

Оқои Шарипов мегӯяд, Аброр Бозорови 21-сола дар қабулгоҳи махсус, ки дар кӯчаи Школнаяи ноҳияи Дзержинский (вилояти Калуж) ҷойгир аст, ба ҳалокат расида ва танҳо баъди чор рӯз аз марги ӯ бародарашро, ки ҳамчунон дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, хабардор кардаанд. Раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” гуфт, ӯ рӯзи гузашта (22 декабр) бо иҷрокунандаи вазифаи сардори ин қабулгоҳ - Евгений Николаевич суҳбати телефонӣ дошт ва маълум шуд, шаҳрванди Тоҷикистон 18 декабр дар “шӯъбаи карантинӣ”-и қабулгоҳ, ки боздоштшудаҳо барои муайян кардани шахсият то се рӯз нигаҳдорӣ мешаванд, ба ҳалокат расидааст. Сардори қабулгоҳ гуфтааст, Бозоров худкушӣ кардааст, аммо тоҷиконе, ки онҷо нигаҳдорӣ мешаванд, гуфтаанд, ӯ дар пайи латту кӯби шадид ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст: “Вақте боздоштшудаҳо дари шӯъбаи карантиниро шикастаанд, Бозоров аллакай фавтида будааст. Дар ӯ ҳеч нишонае, ки худро овехта бошад, дида нашудааст”.

Бародари Бозоров, ки ҳамчунин дар қабулгоҳи вижа нигаҳдорӣ мешавад, танҳо баъди чор рӯз, 22 декабр аз ҳалокати ӯ огаҳ шудааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дархости гузарондани ташхиси судиро кардаанд ва гуфта мешавад, ҳоло таҳқиқи ин қазия ҷараён дорад. Ба қавли Каромат Шарипов, Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” раванди тафтишро зери назорати махсус гирифта, аз ҷараёни он ҳамватанонро огаҳ мекунад.

Каромат Шарипов мегӯяд, бо такя ба иттилои боздоштшудаҳо дар ин қабулгоҳ беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд: “Онҳо дар шароити ғайриинсонӣ ва ғайрисанитарӣ қарор доранд. Боздоштшудаҳоро дар як ҳафта як бор ва он ҳам барои 5 дақиқа ба берун мебароранд”.

Ӯ исми чанд шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар қабулгоҳи вижаи ноҳияи Дзержинский нигаҳдорӣ мешаванд, овардааст:
1. Қулбозоров Баҳодур Ҳасанович
2. Рӯзиев Фарҳод Шарофиддинович
3. Маҷидов Искандар
4. Набиев Ҷомӣ Абдуллоевич
5. Искандаров Анварҷон Абдулхолиқович
6. Муминов Даврон Исмоилхонович
7. Саидов Аслан Шарифбекович
8. Нарзуллоев Убайдулло Амонқулоевич
9. Ҳисайнов Некрӯз
10. Кенҷаев Абдулло
11. Иброҳимов Изатулло Ҷӯмаевич
12. Ҳасанов Фирӯз Наврӯзович
13. Собиров Соли Самиевич
Мӯҳр
Карим
Вой бар холи ин мардуми бечораи хору зор..........................

Худованд бараои ин оилиан бародари мархум сабри чамилро ато кунаду ва барои дигар бародарон тезтар рахоиро аз ончо ки ба хонахои худ ба пеши ахлу байти худ ба тани сихат баргарданд......................

Дорои 4
Зулме, ки хукумати кунунии Руссия ба чисми мардуми мухочири Точик раво дидааст, дар гузашти 70 соли коммунистхои Шурави чунин набуд, агарчи буд ба фархангу расму оини мо буд.

Дипломат
Сафорат барои чи хомуш аст, е факат шиносномахои биометрида зуруш мераса

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)