Бахшҳо

Интиқоди Эрдуғон аз таблиғгарони камфарзандӣ

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия мубаллиғини камфарзандӣ ва коргирии роҳҳои ҷилавгирӣ аз бордориро хиёнат ба давлат ва мардуми кишвараш хонд.

Ӯ ин нуктаро дар арӯсии фарзанди яке аз сармоядорони бузурги Туркия, рӯзи 22 декабр баён доштааст. Эрдуғон гуфтааст, таблиғ барои ҷилавгирӣ аз бордорӣ хиёнате аст, ки метавонад боиси аз байн бурдани насли комил шавад: “Як ё ду фарзанд кофӣ нест. Барои умматро нерӯмандтар кардан ниёз ба насли ҷавони фаъол дорем. Мо ниёз дорем, ки Туркияро ба болотарин тамаддунҳои муосир расонем”.

Раисҷумҳури Туркия бо ишора ба мухолифини ҳукуматаш илова кардааст, бо таблиғи абзорҳои ҷилавгирӣ аз бордорӣ, ки насли моро аз байн мебарад, даст ба хиёнат мезананд. Ба гуфтаи ӯ, як фарзанд доштан, яъне танҳоӣ, ду фарзандӣ – рақобат, сефарзандӣ - тавозун ва чаҳорфарзандӣ, яъне осудагӣ ва ба боқӣ Худованд ҳатман расидагӣ хоҳад кард.

Раисҷумҳури Туркия қаблан низ гуфта буд, ҳар зани турк бояд се фарзанд ба дунё биёрад. Дар даҳҳаҳои охир теъдоди сокинони Туркия рӯ ба афзоиш оварда, дар ҳоли ҳозир беш аз 76 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Muslim
Ин аст амал кардан ба гуфтаи Аллох ва расулаш саломат бошед wink

Точик
Офарин чаноби Эрдугон. Банда ба ин назар хастам, ки огои Эрдугон яке аз подшохоне мебошад, ки Худованд ба у назари рахмат намудааст. Зеро дар чунин шароит пуштибонии у аз дини мубини ислом ва таблиги серфарзанди намудан кори хар кас нест. Худованд сафи хамин гуна подшохонро зиёда гардонад ва чунин подшохонро аз чашми бад дар панохаш нигод дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)