Ду қарори нави Бонки Миллӣ таҳти фишорҳои коҳиши қурби пул

Раёсати Бонки Милллии Тоҷикистон бо қабули қарори нав аз 22 декабри соли 2014 меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд бардошта, дар сатҳи 8,0 фоизи солона муқаррар намуд. Тибқи ин қарор Бонки Миллӣ минбаъд барои қарзҳое, ки ба ташкилотҳои молиявӣ пешниҳод мекунад, 8 фоизи солона мегирад.
Ба иттилои Бонки Миллӣ ин иқдом дар пайи зиёд шудани таъсири фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёт амалӣ гардида, ба таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул равона шудаанд: “Ин тағйирот бештар ба номуайянии бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад ва инчунин барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ворид карда шудааст.”
Манбаъ афзуд, ки инчунин раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани эътимоди пули миллӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳои ҳатмӣ бо пули миллиро 3 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ баланд карда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар намуд.
Бонки Миллӣ мегӯяд, тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар низоми бонкӣ вобаста ба захираҳои ҳатмӣ аз таърихи 1 январи соли 2015 тибқи қарори нав амалӣ карда машаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |