Бахшҳо
23 дек 2014 18:01Тоҷикистон / Акс

Анҷоми ҷаласаи президентҳо таҳти раёсати Раҳмон дар Кремл (АКСУ ВИДЕО)

Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Маскав таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба поён расид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа беш аз 20 масъала баррасӣ шуд: “Аз ҷумла масоили вобаста ба таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои кории созмон ва кишварҳои аъзо, аз ҷумла нерӯҳои муштараки низомию махсус ва нерӯҳои посдори сулҳ, такмили механизмҳои истифода аз нерӯҳои муштарак, кумак ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин омодагӣ ба истиқболи ҷашни 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ки солҳои охир хатари он ба минтақаи масъулияти СААД, пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ хеле афзудааст, зоҳир карда шуд.”

Ба иттилои манбаъ сарони кишварҳои узви СААД тасмим гирифтанд, ки ҷаласаи ояндаашон моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли созмони мазкур Николай Бордюжа зимни натиҷагирии ҳамоиш ба раёсати Федератсияи Русия дар созмон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намудаанд, ки дар ҷараёни як соли раёсати Тоҷикистон ҳам барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ корҳои назаррасу муассир анҷом хоҳанд ёфт.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои масъулини Кремл дар ҷаласа сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорусия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон иҷрои қарор дар бораи ироаи кӯмаки техникӣ-низомӣ барои таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистонро муҳокима кардаанд. Инчунин қарор дар мавриди “Маркази ҳамоҳангсозию машваратии СААД оид ба масоили компютерӣ” қабул шудааст, ки барои мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ равона шудааст.

Дар маҷмуъ ба иттилои Кремл дар пайи ҷаласаи Шӯро ҳудуди 20 санад, аз ҷумла изҳороти сарони кишварҳои узв, 19 қарор ва ду эъломия ба имзо расидаанд.

Мӯҳр
Шери нарай Чаноби Олли Президенти арзанда ва зебост хусни худод дорад худоё нигохаш дорад омин

фаха
Гап нест Чаноби Оли Канд зан .

Хисрав, бародари азиз, ба бахти мову фарзандонамон, Худованд дуои шуморо мустачо гардонад. Омин!

мухочир
Дар бораи мухочирони мехнати аз бесохибиашон гап намезани ЧО

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)