Бахшҳо

Маҳмадбеков дар бораи омори дурӯғ, афв ва "ҷиҳод"-и муҳоҷирон

Муҳаммадамин ТИЛАВЗОДА

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” бо Моёншо Маҳмадбеков, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон


Озодагон: Вазъи муҳоҷиратро дар соли 2014 чи гуна арзёбӣ мекунед?

Моёншо Маҳмадбеков: “Пӯшида нест, ки вобаста ба вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии дунё имрӯз вазъи муҳоҷират дар кулли давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷират рӯ ба тағйир дорад. Новобаста аз мушкилот, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли 2014 мавҷуд буд, мо як қатор пешравиҳо ҳам доштем. Бо Русия, ки қабулкунандаи муҳоҷирони Тоҷикистон аст, якчанд имтиёзҳо тавассути бастани созишномаҳои байниҳукуматӣ ба даст овардем. Аз аввали соли ҷорӣ ду санади муҳиме дар самти муҳоҷират бо Русия баста шуд. Мувофиқи ин санадҳо муҳлати ҳафтрӯзаи бақайдгирии муҳоҷирон то 15 рӯз тамдид карда шуд, ки имтиёзи назаррасе барои муҳоҷирон буд. Бо санади дигар муҳоҷирон ҳуқуқ пайдо намуданд, дар ҳудуди Федератсияи Русия муҳлати буду бошашонро аз як сол то се сол тамдид созанд. Қаблан шаҳрвандони мо танҳо як сол ҳуқуқи фаъолиятро доштанд ва бояд баъди хатми ин муҳлат аз марзи Русия берун мерафтанд. Ҳоло онҳо бо пешниҳоди иҷозатномаи корӣ метавонанд то се сол кор кунанд, ки ин ҳам яке аз имтиёзҳои назаррас барои муҳоҷирони кишвар мебошад.

Аммо аз тарафи дигар қабул шудани як қатор талаботи нав дар қонунгузориҳои Федератсияи Русия моро водор кард, сари ин масъала ҷиддитар муносибат дошта бошем, аз ҷумла омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатии мо, донистани забон, урфу одат, қонунгузории Федератсияи Русия барои шаҳрвандони мо муҳим шудааст. Тамоми марказҳои таълимие, ки дар ихтиёри вазорат ҳастанд, ба он сафарбар шудаанд, ки муҳоҷирони меҳнатиро аз омодагии касбӣ гузаронанд, то онҳо ба талаботи касбии бозори меҳнати хориҷӣ ҷавобгӯ бошанд, забону одат ва қонунгузории он давлатҳоро донанд”.

Озодагон: Соли 2014 дар қиёс ба солҳои қаблӣ раванди муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар коҳиш пайдо кард ё афзоиш ёфт?

Моёншо Маҳмадбеков: “Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соли 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, нисбат ба соли 2013 бештар аз 100 ҳазор нафар камтар шудааст. Яке аз сабабҳои ин таъсиси раванди ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Мувофиқи барномаи мусоидат ва шуғли аҳолӣ соли 2014 дар ҳудуди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кори нав таъсис шудааст. Ин нишондиҳанда хуб аст, ки қувваҳои кории мо як қисмаш алакай дар дохили ҷумҳурӣ ҷойи кор пайдо кардааст ва инро бояд эътироф кард.

Аз ҷониби дигар тибқи маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар соли 2014 ҳуқуқвайронкуниҳо аз сӯйи муҳоҷирони мо камтар гардида, илова бар ин шаҳрвандони мо, ки дар соли равон дар ҳудуди Русия кор мекарданд фаъолияти меҳнатиашон бештар расмӣ шудааст. Барои ҳалли пурраи мушкилот ва самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои мушаххас дорад, фикр мекунам, бо татбиқи ин барномаҳо муҳоҷирати меҳнатӣ дар ояндаи наздик пурра танзим хоҳад шуд”.

Озодагон: Сафари Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Русия барои беҳбуди будубоши муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар заминае гузошт?

Моёншо Маҳмадбеков: “Моҳи октябри соли равон Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо ҳузури аксар вазирон ва раисони кумитаҳо ва идораҳои Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон Тоҷикистон дар Русия баррасӣ гардид. Бо ҳама мақомоти дахлдори Русия мулоқотҳо атрофи муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба он кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ, пардохти музди меҳнат, бастани шартномаҳои корӣ, пешгирии ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони мо ба кор сурат гирифт. Дар заминаи тавсияҳои Форум мо алакай якчанд лоиҳаҳо ҳам бо кордиҳандагони Русия омода кардаем. Айни замон як низоми муташаккилона сафарбар кардани муҳоҷирон ба Русия таҳия шуда истодааст. Тибқи он корфармоҳои мушаххаси Русия, ки ба мутахассисони тоҷик ниёз доранд, шаҳрвандони Тоҷикистонро баъди гузаштани курсҳои махсус ва дарёфти сертификатҳои сатҳи касбият ба кор қабул мекунанд”.

Озодагон: Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия моҳи октябр теъдоди муҳоҷирини меҳнатии тоҷикро як миллиону 200 ҳазор гуфта буд, оморҳои ғайрирасмӣ ин рақамро 1,5 миллион мегӯянд. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон рақами хеле камтарро нишон медиҳанд. Тибқи омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия чанд аст?

Моёншо Маҳмадбеков: “Мо ба он оморе такя мекунем, ки Хадамоти муҳоҷирати назди вазорат тавассути баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷамъоварӣ мекунад. Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон варақаҳои баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони кишвар ба роҳ монда шудааст, ки мувофиқи ин варақаҳо, аз ҷумла дар 11 моҳи соли 2014 аз ҷумҳурӣ 629658 нафар ба муҳоҷират рафтаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 ҳазор камтар аст. Оморҳое, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷикро аз як то ду миллион нишон медиҳанд, воқеият надоранд. Қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат имрӯз дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд. Ҳамаи нафароне, ки дар соҳаи муҳоҷират ба таҳлилу хулосабарорӣ сару кор доранд, набояд фаромӯш созанд, ки муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа хусусияти мавсимӣ дорад ва асосан дар давраи баҳор ва тобистон сурат мегирад. Дар 11 моҳи соли равон ҳудуди 390834 нафар ба Ватан баргаштаанд”.

Озодагон: Тибқи омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ теъдоди муҳоҷирони аз Русия ихроҷшуда (депорт) дар соли равон ба чанд нафар мерасад?

Моёншо Маҳмадбеков: “Умуман мувофиқи маълумоте, ки мо дар даст дорем давоми соли равон 157 шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани талаботи қонунгузории он кишвар тариқи маъмурӣ аз ҳудуди Русия хориҷ шудаанд. Инчунин 17 нафар барои вайрон кардани қонунгузории Русия депорт шуданд, ки ному насаби ҳамаи ин нафаронро мо дорем ва барои бо ҷои кори муносиб таъмин кардани онҳо кор бурда истодаем”.

Озодагон: Ҳукумат қаблан барои авфи муҳоҷирони аз Русия ихроҷшуда талоше карда буд. Натиҷаи ин кушишҳо чӣ шуд?

Моёншо Маҳмадбеков: “Мувофиқи қонунгузории нави Федератсияи Русия барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ шаҳрвандон аз се то панҷ сол ҳаққи ба ҳудуди Русия ворид шуданро надоранд. Мувофиқи созише, ки бо ҷониби Федератсияи Русия ба даст омад, тибқи протоколи ҷаласаи нуҳуми гуруҳи кории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи созишнома дар самти муҳоҷират як гуруҳи экспертӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳайати ин гуруҳ намояндагони вазорат ва дигар мутахассисон ворид ҳастанд, ки воридшавии панҷ котегорияи шаҳрвандонро баррасӣ менамоянд. Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон маълумоту ҳуҷҷатҳои онҳо омода шуда, барои баррасӣ ба Федератсияи Русия пешниҳод мегарданд.

Ин панҷ категорияи шаҳрвандон, ки масъалаи дубора ворид шудани онҳо ба Русия баррасӣ мешаванд - донишҷӯёну аспирантҳои бахши рӯзона, ки дар донишгоҳҳои он кишвар таҳсил доранд, шаҳрвандоне, ки ба табобат дар муассисаҳои табобатии Русия эҳтиёҷ доранд, шаҳрвандоне, ки пайванди хешутаборӣ, зану фарзанд ё ақди никоҳ доранд, шаҳрвандоне, ки иҷозат барои иқомати муваққатӣ доранд ва онҳое, ки як давраи муайян фаъолияти корӣ доштаанд, фаъолияти меҳнатии онҳо дар асоси кор патент ва иҷозатномаи кор буд, аммо бо содир кардани ягон ҳуқуқвайронкунӣ чунин маҳдудият нисбат ба онҳо ҷорӣ шудааст, мебошанд. Шаҳрвандоне, ки дар Федератсияи Русия моликият доранд иҷозаи дубора ворид шуданро дарёфт менамоянд. Ҳоло аз ҷониби гуруҳи корӣ аз Тоҷикистон ҳуҷҷату маълумотҳои ҳудуди 500 нафар омода ва ба Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия ирсол шудааст”.

Озодагон: Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, бо сабаби бо шиддат коҳиш ёфтани рубли русӣ бозгашти муҳоҷирон ба кишварҳояшон суръат мегирад. Дар ҳолати пеш омадани чунин вазъ оё Тоҷикистон имкони қабул ва таъмини онҳо бо ҷойи корро дорад?

Маҳмадбеков дар бораи омори дурӯғ, афв ва "ҷиҳод"-и муҳоҷиронМоёншо Маҳмадбеков: “Сараввал бояд қайд кард, ки пешгӯӣ дар хусуси он ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору фаъолият доранд, ба кишвар бармегарданд, дақиқ нест. Новобаста аз ин, мо дар ин хусус омодагӣ дорем. Дар вазорат имрӯз бо супориши роҳбарият як гуруҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки ба таҳияи барномаи бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки бармегарданду дубора вориди Русия шуда наметавонанд, машғул аст. Аз тамоми имкониятҳое, ки дорем истифода намуда, ин афродро дар соҳаҳои гуногун бо кор таъмин мекунем. Касбомузӣ, додани қарзҳои имтиёзнок барои фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав ва таъмини онҳо ба ҷойи кор дар сохтмонҳои бузурги кишвар низ мавриди назаранд.

Аммо, ногуфта намонад, ки иқтисоди Русия новобаста аз ҳолате, ки ҷой дорад ба истифодаи қувваи корӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад. Албатта ин на ба даромади муҳоҷирони тоҷик, балки ба шаҳрвандони худи Русия низ таъсир дорад ва тарзе таҳлилҳо нишон медиҳанд, ин ҳолат муваққат аст ва мо умед дорем, иқтисодиёти Федератсияи Русия бо зуди солим мегардад ва барои муҳоҷирони меҳнатии мо ҳам шароити хуб фароҳам мешавад”.

Озодагон: Инҷо дар бораи бозори меҳнат дар Русия сухан кардед, оё имкон дорад, алтернативаи он роҳандозӣ гардад, яъне, пайдо кардани бозори нави корӣ дар кишварҳои дигар?

Моёншо Маҳмадбеков: “Дуруст аст, ки ба ҷуз бозорҳои меҳнати Русия дарёфти бозорҳои меҳнати алтернативӣ барои муҳоҷирони мо зарур аст. Аммо сатҳи касбияти қувваҳои кории Тоҷикистон дар тули чанд соли гузашта мувофиқ ва мутобиқ ба бозори меҳнати Русия шудааст. Мо дар ин самт нақшаҳо дорем, аммо якбора тағйир додани ин раванд имкон надорад. Имрӯз шаҳрвандони мо дар дигар давлатҳо кор мекунанд, аммо барои ин давлатҳо сатҳи касбияти бештаре зарур аст, ки мо дар ин самт низ кор мебарем”.

Озодагон: Ахиран як ҷавони тоҷик - Муҳаммадҷон Сафарзод дар Русия аз ҷониби шахсони номаълум кушта шуд ва хонаводаи ӯ аз мақомоти кишвар барои таҳқиқу баррасии ин қазия кумак хост. Вобаста ба ин қазия аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чи коре анҷом шудааст?

Моёншо Маҳмадбеков: “Ин мавзӯъро аз рӯзи аввал пайгирӣ дорем. Намояндагии мо дар он кишвар, сафорат ва консулгарии Тоҷикистон ҷараёни тафтишотро назорат доранд. То ҷое иттилоъ дорам, ин мавзӯъ зери назорати шахсии худи сафир қарор дорад. Намояндагони дипломатии Тоҷикистон сафарбар шуда буданд ва ин масъалае, ки мутаассифона рух додааст, мо маҳкум мекунем, зеро ин ҷиноят аст, ваҳшоният аст ва сафорат аз тариқи роҳҳои дипломатӣ оид ба ин масъала кор мебарад. Барои рух надодани чунин ҳолатҳо мо бояд байни муҳоҷирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем, ки касб дошта бошанд, фаъолияташон қонунӣ бошад”.

Озодагон: Яке аз омилҳои сафари ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурияву Ироқ бекорӣ ва муҳоҷират унвон мешавад. Шумо дар ин масъала чи назар доред?

Моёншо Маҳмадбеков: “Ман ба ин андеша розӣ нестам. Мутаассифона ин қазия як падидаи номатлуб аст ва онро ҳама маҳкум месозанд, аз ҷумла мо. Дар Қазоқистон як ташкилоте тадқиқот гузаронд, дар онҷо ҳам ҷойҳои корӣ вуҷуд дорад ва шаҳрвандонашро ба ҷойи кор таъмин карда истодаанд, аммо аз ин кишвар низ дар ин ҷангҳо иштирок доранд. Тадқиқот нишон додааст, ки он шаҳрвандоне, ки дар ҷангҳо ширкат меварзанд шароити хуби моддӣ доштаанд. Бинобар ин нафарони сафаркарадаро новобаста аз мақоми иҷтимоияшон тағйир додаанд. Инро ба бекорӣ рабт додан ҳеҷ имкон надорад, фактори ин фақат муҳоҷират нест”.

Озодагон: Теъдоди муҳоҷирони фавтида дар соли равон чӣ қадар аст?

Моёншо Маҳмадбеков: “Асосан ба бақайдгирии дақиқи шумори фавтидагон Вазорати корҳои дохила машғул аст, аммо намояндагии мо дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамаи чунин ҳолатҳоро пайгирӣ мекунанд. Барои ҷобаҷо кардани ҳуҷҷатҳо, дарёфти хешовандон ва равон кардани ҷасадҳо мусоидат менамояд”.

Озодагон: Теъдоди бекороне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд?

Моёншо Маҳмадбеков: “Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, ки дар мақомоти шуғли аҳолӣ сурат гирифтааст, соли равон зиёда аз 50 ҳазор бекорон ба қайд гирифта шудааанд. Барои таъмини онҳо ба ҷойи кор вазорат ярмаркаҳо ташкил мекунад, инчунин пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, таъсиси ҷойҳои корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат ва касбомӯзиро ба роҳ мондааст. Умуман, барои таъмини шаҳрвандон бо ҷойи нави корӣ як Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ амал мекунад”.
Мӯҳр
мухочир
фаьолияти раесати мухочират дар соли 2014 манфи бахогузори карда шавад. Онхо ягон корро ба манфиати мухочирон адо накардаанд.

Одами коргарба дар Точикистон хам кор ёфт мешавад. Маблаги маош кам бошад хам, чем дар хорича бемору сарсон шудан, дар назди хешу таборат зиндаги куни бехтар. Ба ФР чавонон мераванд, лекин барои маблаг боз ба Сурияву Ироку дигар чойхо рафта гуё чиход мекунанд. Ин хеч маъни надорад.

Дуст
Виродчон, хамара шарманда карди, хуб буд хамчун эксперт боки мемонди...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)