Бахшҳо
24 дек 2014 17:00Тоҷикистон / Сиёсат

Пуштибонии Маҷлиси миллӣ аз қонуни гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳо

Маҷлиси милли Тоҷикистон аз қонуни нав “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо”, ки чанде қабл аз тарафи палатаи поёни парлумони кишвар ба тасвиб расида буд, ҷонибдорӣ кард.

Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси олии кишвар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи маҷлис, ки рӯзи 24 декабр баргузор шуд, инчунин қонуни нав “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва қонун “Дар бораи назорати содирот” низ ҷонибдорӣ ёфтанд.

Қонуни “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо”, ки дар тарҳи нав қабул гардид, баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои мусоламатомезро ба шаҳрвандони кишвар иҷоза дода, аммо ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо маҳдудиятҳое дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст. Он рӯзи 12 ноябр аз сӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расида буд. Бар асоси ин тарҳи қонун баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои осоишта иҷозат дода мешавад. Ташаббускорони чунин чорабиниҳо 15 рӯз пештар бояд барои гузарондани он ба ҳукумати маҳалҳо ариза навишта, теъдоди иштирокдорон, ҳадаф ва ҷою вақти баргузорияшро дақиқ созанд. Дар лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки иштирокдорони ин чорабиниҳо набояд рӯйи худро пӯшонанд.

Ба гуфтаи Шавкат Саидов, аъзои Маҷлиси миллӣ низ зимни баррасии масъалаҳо ба гузоришҳои раисони Кумитаҳои маҷлис, аз ҷумла Бахтиёр Худоёрзода, Убайдулло Қурбон ва Фарҳод Раҳимӣ пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои ҷумҳурӣ, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқӣ ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳодёфтаро бо мавриди муҳокима қарор додан, ҷонибдорӣ намуданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)