Бахшҳо

Як соли фарҳанг: Аз ҳаҷҷи Фарзона то хунукхурии Ҳошим Гадо ва рафтуомади Барзу

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Шикояти Ҳошим Гадо ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳиҷрати Барзу Абдураззоқов, интиқоли турбати Камоли Хуҷандӣ аз Эрон ба Хуҷанд, марги Симини Беҳбаҳонӣ, ҳаҷҷи Шабнаму Фарзона ва клипи 80 ҳазор доллараи Муродовҳо қисме аз муҳимтарин руйдодҳои фарҳангии соли 2014 буданд...

АЗ ШИКОЯТИ ҲОШИМ ГАДО ТО РАФТАНИ БАРЗУ АЗ ТОҶИКИСТОН

ДАР АВВАЛИ соли 2014 Ҳошим Гадо, ҳунарманди театр аз сардии манзили зисташ ба шаҳрдории Душанбе шикоят кард ва аз Маҳмадсаид Убайдулоев, мири пойтахт дархости кӯмак кард. Дар пайи ин дархост Маҳмадсаид Убайдулоев ба зердастонаш дастур дод, хонаи Ҳошим Гадо бо "тамоми шароит" таъмир шавад. Манзили Ҳошим Гадо таъмир шуд, вале ин шикоят дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

ҲАНӮЗ ҚАЗИЯИ шикояти Ҳошми Гадо ва таъмири хонаи ӯ аз ёдҳо нарафта буд, ки расонаҳо аз рафтани Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театр ба Қирғизистон хабар доданд. Ин хабар дар доираи фарҳангиён гуфтугузори зиёдеро ба вуҷуд овард ва аксар рафтани ӯро бохти фарҳанги тоҷик унвон карданд. Худи ӯ дар мусоҳибае гуфт, барояш дар Ватан шароити кор вуҷуд надорад. Абдураззоқов дар театри ба номи “Чингиз Айматов”-и Бишкек ба фаъолияти коргардониаш идома дод. Натиҷаи фаъолияташ намоишномаи “Дон-жуан” буд, ки аз ҷониби тамошобинони қирғиз истиқболи гарм дид. Ҳамчунин ӯ ҷоизаи беҳтарини коргардони 5 соли ахир дар Қирғизистонро аз сӯйи Вазорати фарҳанги ин кишвар дарёфт кард. Барзу Абдураззоқов пас аз чанд моҳи фаъолият дар Бишкек ба Тоҷикистон баргашт.

ЭРОН ШОҲИДИ ИНТИҚОЛИ ТУРБАТИ КАМОЛ ВА ШЕЪРХОНИИ ШОИРОН ТОҶИК

МУЪМИН ҚАНОАТ, Фарзона, Озарахш Толиби Карим ва Муҳаммадалии Аҷамӣ бо даъвати мақомоти эронӣ ба ин кишвар сафар карданд ва дар дидоре бо Оятуллоҳ Хуманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон шеърҳои худро қироат карданд ва раҳбари Эрон онҳоро хуш пазируфт. Муъмин Қаноат бо қироати шеъри “Насими форсӣ” маҳофили адабии Эронро шигифтзада кард. Аҳли адаби Эрон аз ин шеър истиқбол карданд ва ҳатто Муъмин Қаноатро падари шеъри форсии Тоҷикистон номиданд.

РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ Тоҷикистон бо Эрон дар соли 2014 дар ҳоли густариш будааст. Чун дар ин сол, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ки ваъда дода буд, турбати Камоли Хуҷандиро ба Хуҷанд меоварад, ба ваъдааш вафо кард. Алабтта, турбати Камолро ба Хуҷанд новарданд, аммо порае аз хоки қабри ӯро ба маркази Суғд оварданд, ки як дастоварди “беназир”-и сол барои мақомоти шимоли кишвар буд.

ФАРОТАР АЗ ИН Шамсиддин Ормубекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба Эрон сафар карда, мақомоти эрониро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ӯ иқрор кард, ба иллати таблиғоти зидиэронӣ дар замони Шуравӣ аз Эрон шинохти кофӣ надоштем. Даъвати мақомоти тоҷик фақат бо ин тамом нашуд ва дар ҳафтаи ахир Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм низ аз Эрон барои чопи китобҳои дарсӣ кумак пурсид. Биноан, ин сол барои равобити фарҳангии Эрону Тоҷикистон бобарор омад.

АЗ ИСТЕЪФОИ АБДУҚАҲҲОР ТО БАРКАНОРИИ РУСТАМИ ҶОНӢ

ДАР БАЙНИ аҳли фарҳанг ва ҷомеаи журналистӣ истеъфои пурсарусадои Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори телевизиони шаҳрии “Пойтахт” ва барканории Рустами Ҷонӣ, директори ширкати “Ориёно-медиа” сару садои зиёд ба вуҷуд овард. Абдуқодири Абдуқаҳҳор иллати истеъфояшро ба расонаҳо нахуст набудани шароити мусоид ва озодии кор барои рӯзноманигорони ин шабака гуфт. Далели барканории Рустами Ҷониро шарҳ надоданд, аммо бархе соҳибназарон ҳадс заданд, эҳтимолан пахши барномаҳои интиқодии Орзу Исоев тавассути радиои “Имрӯз” сабаби ин иқдом шудааст. Ба курсии оқои Ҷонӣ Худоёри Валӣ нишаст.

ФАВТИ БУЗУРГОН: БОҒШОҲИ ЛАШКАРБЕК, АСОЗОДА, СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ

ДАР ИН СОЛ ду олими номдори тоҷик бар асари бемори қалб дори фониро падруд гуфтанд. Боғшоҳи Лашкарбек дар сини 65-солагӣ дар шаҳри Маскави Русия баъди ҷарроҳии дил аз дунё даргузашт. Олимон даргузашти ӯро барои илми тоҷик, ба вижа соҳае, ки ӯ пажуҳиш анҷом медод (таҳқиқи забонҳои шарқии эронӣ ), талафоти бузург унвон карданд. Даре нагузашт, ки хабари даргузашти Худойназар Асозода, адабиётшиноси номӣ ва раиси собиқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон расонаӣ гардид.

СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ, шоири саршиноси эронӣ дар синни 87-солагӣ дар Теҳрон даргузашт ва марги ӯ бузургтарин талафот барои кулли форсизабонон таъбир шуд. Марги Симин ҳазорҳо нафарро аз Эрон то Афғонистону Тоҷикистон ба суг нишонд. Ҷасади ӯ тибиқ васияташ бояд дар канори Аржанду Шомлу дар оромгоҳи Имомзода Тоҳир дафн мешуд, аммо мақомоти Эрон ин фурсатро аз пайвандонаш гирифтанд. Алии Беҳбаҳонӣ, фарзанди Симин дар ин хусус ба расонаҳо гуфта буд, “Васияти модар ин буд, ки дар канори наберааш -- Аржан ва дар канори нопадари ман -- марҳум Манучеҳр Кушёр қарор бигирад. Бахусус ки дӯстони адиб ва ҳунарманди эшон ҳама дар онҷо ҳастанд: аз Муртазо Ҳанонаву Аҳмад Шомлу то Ғизола Ализода ва Ҳушанг Гулшерӣ”.

ҲОҶИБИБӢ - ШАБНАМУ ФАРЗОНА ВА КЛИПИ 80 ҲАЗОР ДОЛЛАРА

ДАР ИН СОЛ ба ҳаҷи умра рафтани Шабнам ва Фарзона, сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик дар байни мардум ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугузори зиёд ба вуҷуд овард. Бархе ин сафари ҳаҷҷиро худнамоӣ ва сохтани имиҷ барои ин ду ҳунарманд унвор карданд, гуруҳи дигар аз ин амал ҷонибдорӣ намуда, таъкид карданд, шояд ин ду хонанда “ба роҳи рост ҳидоят шаванд”. Қисме аз мухлисон аз он нигаронӣ карданд, ки баъди сафари хонаи Худо ин ду ҳунарманд аз хондан боз мемонанд ва рӯйи саҳнаи ҳунар зоҳир намешаванд. Аммо ин нигаронӣ дар пайи бозгашти Шабнаму Фарзона аз байн рафт, зеро онҳо дар чанд маросим иштирок ва сурудхонӣ карданд.

ПАХШИ ЯК КЛИПИ 80 ҳазор доллараи Ҷонибек Муродов бори дигар ин хонаводаро дар сархати расонаҳо қарор дод. Дар ин клип Ҷӯрабек Муродов, падари Ҷонибек ва Валиҷон Азизов, яке аз дигар ҳунармандони эстрада, ҳамроҳ бо Ҷонибек шеъри "Ало шодоб соҳилҳо”-и Лоиқ Шералӣ, шоири фақиди тоҷикро иҷро мекунанд. Дар як муддати кутоҳ клипи мазкур бинандаи зиёд пайдо кард ва дар бархе расонаҳо онро беҳтарин клипи сол ҳам хонданд. Ин клип боз аз он ҷиҳат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки бархе расонаҳо гуфтанд, дар таҳияи он Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукум, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Лутфиддин Алимардонов, писари муовини сарвазири Тоҷикистон - Муродалӣ Алимардонов саҳм гузоштаанд.
Мӯҳр
"Турбати Камоли Хуҷандиро аз Эрон ба Хуҷанд" наёвардаанд (чунонки худатон низ дар машруи хабар таъкид кардаед) ва раиси вилояти Сугд чунин ваъдаи аблахона надода буд.
Адабиётшинос Худойназар Асозода дар Бемористони Ибни Сино чаррохи нашудааст..... ва аслан дар ин бемористон бистари набуд.
Аз мухимтарин руйдодхои фархангии Точикистон дар соли 2014 60-солагии Бахманёр ва 50-солагии Фарзона буд, ки шумо зохиран фаромуш кардаед.

салом, дар соли 2014 фарханги точик курби худро мисли курби рубли русси гум кард. Ва шояд сад солахо хизмат кард,ки курби гум шударо пайдо кунем. Хамагон медонанд ки Вазири хозира салохиятро аз даст додаанд,ва байни рохбарони ин вазорат зуд зуд чанчолхо ба миен меояд.

Физик
Даргузашти Хакимов Фотех низ барои илми физикаи точик талафоти бузург аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)