Бахшҳо

(ВИДЕО) Чеҳраҳои хабарсози соли 2014: Раҳмон, Кабирӣ, Убайдуллоев, Қувватов, Қосимов?

Дар поёни соли 2014 “Озодагон” аз панҷ журналисти шинохтаи Тоҷикистон пурсид, “ПАНҶ ЧЕҲРАИ ХАБАРСОЗТАРИНИ 12 МОҲИ АХИР КӢ БУД?”


Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси масоили ВАО

Аз назари банда чеҳраҳои хабарсози соли 2014 бисёр буданд, вале агар аз байни онҳо муҳимтаринашон, онҳоеро, ки дар сархати расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ қарор гирифтанд, интихоб кунем, метавон аз ин панҷ нафар ном гирифт. АЛЕКСАНДР СОДИҚОВ, пажуҳишгари тоҷиктаборе, ки дар донишгоҳи Торонто таҳсил мекунад ва Тоҷикистон барои як таҳқиқоти илмӣ омада буду аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон дастгир шуд. Боздошти ӯ сарусадоҳои зиёдро дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ ба бор овард. Дигар чеҳраи мавриди таваҷҷуҳ рӯзноманигор - ОЛГА ТУТУБАЛИНА буд, ки ба хотири як иқтибос аз Владимир Улянов аз ҷониби як гуруҳи бо ном зиёӣ ба додгоҳ кашида шуду тӯли моҳҳои зиёд бо мақомоти судии Тоҷикистон кашмакашҳо дошт.

Дигар чеҳраи хабарози сол сарбози ҷабрдида ШАҲБОЛ МИРЗОЕВ буд, ки хеле зиёд аз ҷониби васоити ахбори омма пайгирӣ шуд. Ин аз он хотир вирди забонҳо шуд, ки гуруҳи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ин парвандаро пайгирӣ карданд ва нагузоштанд, тақдири Шаҳбол Мирзоев мисли дигар сарбозони латтукӯбшуда беному нишон монад. Ҳамчунин дар ин сол дар сархати расонаҳо номи УМАРАЛӢ ҚУВВАТОВ, як мухолифи режими имрӯзаи Тоҷикистон, ки дар Маскав иқомат дорад ва бо дархости Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти амниятии Дубай дастгир шуда, баъди чанд моҳ озод шуд, қарор гирифт. Соли 2014 дар расонаҳо бо номи ӯ анҷом меёбад, чун ахиран дар Туркия дастгир шуд ва маълум нест, тақдираш чи мешавад. Чеҳраи панҷуми хабарсоз аз нигоҳи ман, адвокати машҳур - ШУҲРАТ ҚУДРАТОВ буд, ки бо боздошт ва ҳабс шуданаш сару садоҳоеро ба бор овард. Аксар коршиносон бар он назаранд, ки парванда алайҳи ӯ сиёсӣ аст, на ҷиноӣ.

Хуршеди АТОВУЛЛО, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”

Аслан ҳамонҳоеро чеҳраи сол мегӯянд, ки дар соли 2014 нақше дар таърих гузошта бошанд. Агар аз ин нуқтаи назар нигарем яке аз чеҳраҳое, ки берун аз Тоҷикистон, кишварро муррифӣ кард, ҳунарманди мумтоз ва коргардони беҳамтои тоҷик БАРЗУ АБДУРРАЗОҚ буд, ки чандин намоишномаҳои ӯ дар саҳнаҳои театри Бишкек ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳониро ба даст оварданд ва ҳунари ин тоҷикписар эътироф гардид. Нафари дигаре, ки дар бораи ӯ берун аз Тоҷикистон зиёд гуфтанд, вале мутаасифона дар дохили Тоҷикистон дар борааш хеле кам гуфтанд, ГЕРОСИМЕНКО буд, ки саҳми ӯ дар кашфи Астреоид бисёр назаррас аст. Ин эътирофи ӯ як навъ Тоҷикистонро ҳамчун образи мусбат муаррифӣ кард.

Дигар чеҳраи хабарии сол варзишгар КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН буд, ки чемпиёни ҷаҳон шуд ва нуфузи Тоҷикистонро дар самти варзиш баланд бардошт. Ва ду нафар аз сиёсатмадороне, ки умуман хатти фаъолияти сиёсии Тоҷикистон ба онҳо вобаста аст ва ҳамасола метавон онҳоро дар радифи чеҳраҳо қарор дод. Ин президенти Русия ВЛАДИМИР ПУТИН ва президенти Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН аст. Аввалӣ бо мавқеъгириҳояш дар масъалаҳои Украина бори дигар нишон дод, ки чи гуна мавқеъ ва чи гуна бархӯрд бо кишварҳои пасошӯравии гарданшах дорад. Амале, ки дар қиёси Қрим ё шарқи Украина содир кард, бори дигар як гуна ҳушдор ба кишварҳои пасошӯравӣ буд, ки агар ба ғазаби Русия дучор шаванд, чӣ хоҳад шуд. Дар сиёсати дохилии Тоҷикистон ҳам Путин то ҳанӯз бо ваъдаҳои осмонкафи иқтисодӣ маъруф аст, вале бадбахтона то ҳанӯз кумаки амалие аз ҷониби Русия нашудааст. Ҳарчанд як гузаште барои муҳоҷирон карда шуд, вале бо тасмими ахир муҳоҷироне, ки шаш моҳ бештар бе қайд зиндагӣ мекунанд, ба муддати даҳ соли дигар иҷозаи вуруд ба Русия дода намешавад, ки ин ҳам як зарба ба муҳоҷирати тоҷик аст.

Эмомалӣ Раҳмон бошад, дар соли равон бузургтарин чеҳранамоие, ки дошт дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) буд, ки дар шаҳри Душанбе дар кохи Наврӯз доир гардид ва натанҳо шукуҳу шаҳомати ин ҷашн дар ин бинои навсохт, ки шояд дар арсаи минтақа назир надорад, бештар шуд ва раҳбарони баландпояи бисёре аз кишварҳо ба Тоҷикистон омаданд ва ин маъракаи муҳим бе ягон каму кост анҷом ёфт ва бори дигар исбот кард, Тоҷикистон метавонад чунин маъракаҳои бузургро гузаронад. Инчунин чанд нафари дигаре буданд, ки дар бораи онҳо зиёд гуфтанд, аз ҷумла Шуҳрат Қудратов, соҳибкори тоҷик Зайд Саидов, собиқ раҳбари ширкати Фароз Умаралӣ Қувватов, вале чун онҳо нақши муассире барои таърих надоштанд ва ончи ки аз сари онҳо гузашт, фақат зиндагиномаи худи онҳо буд, онҳоро дар қатори ин панҷгона ворид кардан нашояд.



Қироншоҳ ШАРИФЗОДА, рӯзноманигор, собиқ раиси Шӯрои ВАО

Дар соли равон чеҳраҳои хабарсоз барои ВАО-и Тоҷикистон ва инчунин хориҷа низ дар ҷумҳуриямон кам набуданд. Албтта аз нуқтаи назари хабарсозӣ масъалаҳои сиёсӣ пешгом аст, бинобар ин дар ин самт президенти ҷумҳурӣ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ва ҳамтои ӯ президенти Русия ВЛАДИМИР ПУТИН барои ҳам матбуоти Тоҷикистон ва ҳам минтақа чеҳраҳои сиёсии хабарсоз буданд, ки фикр мекунам эҳтиёҷ ба шарҳ надорад. Дигар чеҳра раиси ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон РАҲМАТИЛЛО ЗОИРОВ буд, ки имсол нисбат ба солҳои пешин на ҳамчун сарвари ҳизб, балки бештар ба ҳайси ҳуқуқдон мавриди таваҷҷуҳ буд. Дар оғози сол агар ӯ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баромад мекард, дар нимсолаи дуввум вобаста ба қазияи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки муовини ӯ дар ҳизб ҳам ба ҳисоб меравад, чеҳрасозиаш тобиши нав пайдо кард.

Шахсияти дигар чун солҳои пеш МУҲИДДИН КАБИРӢ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки бештар дар давоми соли равон бо як навъ нақши баҳамсозандаи ҲНИТ бо ҷомеаи Тоҷикистон ва як навъ ба истилоҳ миёнарав ё хатоислоҳкуни равандҳои ҳизбияш дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар ба сархати расонаҳо қарор гирифт. Чеҳраи дигар яке аз мухолифини оштинопазири Тоҷикистон, ки дар таъқибот аст ва дар хориҷ ба сар мебарад, УМАРАЛӢ ҚУВВАТОВ, раҳбари ба истилоҳ созмони “Гурӯҳи-24” аст, ки дар сархати расонахо қарор гирифт. Бахусус он даъвои то андозае ғайривоқеии ӯ, ки рӯзи 10 октябр мардуми Тоҷикистонро ба гирдиҳамоӣ даъват кард. Ва аҷоиби кор дар он буд, ки ӯ худ дар хориҷ буд ва наметавонист дар ҳолати баргузоршавӣ ҳам гирдиҳамоиро роҳбарӣ кунад ё ба он таъсир расонад. Бинобар ҳамин аз нуқтаи назари танқидӣ ин нафар бештар дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Сайёфи МИЗРОБ, сардабири ҳафтаномаи СССР

То ҷое ки ман фикр мекунам ва ин фикри инфиродии ман аст, албатта дар байни ин панҷ шахсияте, ки дар сол худро бештар муаррифӣ карданд, ба пиндори ман бояд аз ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, президенти кишвар ном бурд, ба он хотир ки коре, ки Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр кард дар таърихи давлатдорӣ ва сиёсатмадории Осиёи Марказиву давлатҳои пасошӯравӣ қариб аналог надошт. Президенти кишвар сарвари давлати Хитойро ба хонаи худ даъват кард ва бо оилааш президенти Хитой ва ҳамсарашро пешвоз гирифт ва бо дасти худ ба ӯ хӯрок дод ва ин “жест” ё рафтори сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро дар кишвари Хитой хеле хуб қабул карданд. Ва оне ки ин давлат барои рушди иқтисоди мо 6 миллиард ҷудо кард ва онро хоҳанд дод, чунки онҳо рус нестанд, онҳо дар Кремл зиндагӣ намекунанд ва дар Маскав нестанд, онҳо дар Пекин зиндагӣ мекунанд ва ин пул ҳатман меояд ва сарчашмааш ҳамон “жест”-и президент аст.

Дар ҷойи дуввум ман мехостам МАҲМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВро гузорам, чунки шаҳрдори Душанбе чун солҳои қаблӣ дар арафаи идҳои бузургтарини мусалмонӣ - Рамазон ва Қурбон боз ҳам паҳлӯи мо қарор дошта ва ба таъбири худаш паразитҳои бозор, ҳаромкорон ва онҳоеро, ки нархро боло мебардоштанд бо онҳо муҳориба кард ва то ҷое тавонист муваффақ шавад, ки нархи молу коло боло нараванд. Нафари сеюми соли 2014 ба фикри ман МУҲСИН МУҲАММАДИЕВ мураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Ӯ ин сол тавонист шаш бозӣ гузаронад ва дар се бозии мунтахаби миллии мо дар бозиҳои Осиёӣ бар Африқо, Тайланд ва Қирғизистон дастболо гардид ва се турнири аврупоӣ бори нахуст гузаронид ва мунтахаби моро ба Аврупо бурд ва дар кишварҳои футболие, назири Эстония, Белорусия ва Қазоқистон мунтахаби мо нахустин бор сабқат кард.

Чеҳраи чаҳоруми шинохташуда албатта УМАРАЛӢ ҚУВВАТОВ буд ва он овозае, ки роҷеъ ба митинг пароканда кард ва Шӯрои амнияти моро ғофилгир намуд ва масъулини амниятии моро ҳам тарсонид ва ҳам аз хоби ноз бедор кард. Ман фикр мекунам, ин як таконе буд. Ва дар охир чеҳраи панҷуми хабарсоз, ки дар инҷо ман сари як мувофиқа нарасидам ва фикр мекунам, ки инҷо се чеҳраи қумондонҳои собиқ Фронти халқӣ буданд, назири ЁҚУБ САЛИМОВ, ки солҳои ахир дар зиндон буд ва ҳама мепиндошт, ки дар ин авфи ахир озод мегардад, инчунин ҚУРБОН ЧОЛОВ ва СУҲРОБ ҚОСИМОВ, ки ба наздикӣ фавтиданд ва инҳо низ чеҳраҳои хабарсози сол шуданд.

Акбаралӣ САТТОРОВ, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Чеҳраҳои хабарсоз хеле зиёданд, вале вақте дар бораи панҷ нафар гап мезанем, хеле душворӣ мекашем. Бо вуҷуд фикр мекунам, пеш аз ҳама чеҳраи хабарсоз ин худи президенти кишвар ЭМОМАЛӢ РАҲМОН аст, ки ҳамарӯза атрофи он расонаву сайтҳо менависанду мегӯянд. Дигар нафаре, ки дар давоми ду моҳи охир расонаҳо дар борааш хеле зиёд гуфтанду давоми сол нисбат ба ин нафар он қадар ҳарф набуд, ШЕРМУҲАММАДИ ШОҲИЁН, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аст, ки вобаста ба интихоботи моҳи марти соли оянда, хеле чеҳраи хабарсоз шудааст.

Дигар нафари мавриди таваҷҷуҳи ВАО ба назари ман, МАҲМАСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ аст. Нисбат ба ӯ низ хеле хабарҳо зиёд буданд, махсусан дар нимсолаи дуввум. МУҲИДДИН КАБИРӢ, раҳбари ҲНИТ бошад, вобаста ба вазъи корҳои тиҷорӣ ва сиёсиаш дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Нафари дигар ЗАЙД САИДОВ аст, ки воқеан ҳам он масъалае, ки нисбат ба ин нафар сурат гирифт, мавриди таваҷҷуҳи ВАО гардид, ҳатто баъзе сомонаҳо ҳам нисбати ин нафар кушода шуд.
Мӯҳр
Ризо Бахромзод
Дар хакикат бояд оиди Герасименко зиёдтар менавиштанд, зеро бори аввал дастгохи сунъи ба сатхи кометае (на астероид!) нишаст, ки номи Герасименкоро дорад ва У бо хамрохи Клим Чурюмов кашф кардааст. Дар баромадхояш Герасименко оиди Точикистон бомехр суханрони кардааст. Яке аз камтарин чехрахои хабарсози кишвар аст, ки ба СИЁСАТ алока надошта муаррифгари сохаи ИЛМ аст.

эй бародарони хамкор. охир чихел Президент ё раиси ХНИТ чехраи сол мешаванд. Дар холе ки онхо алакай чехраанд. Ва ба Сайёфи Мизроб гуфтанием, ки аз руйи эхсос то кай сухан мекарда бошанд??????????7

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)