АКС: Арчаи 22-метрии майдони “Дӯстӣ” қомат афрохт
Рӯзи 25 декабр арчаи солинавии 22-метрӣ дар маркази Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, қомат афрохт. Ба қавли намояндагони ширкати “Проф-принт”, наздики 20 нафар ба ороиши ин арча машғуланд.
Бар асоси қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт, роҳбарони идораҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воқеъбуда, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ муваззаф шудаанд, ороиши идонаи иморату иншоотҳои зертавозунро то 30 декабри соли 2014 ба анҷом расонанд. Дар шаби Соли нав қарор аст, панҷ дақиқа мушакпарронӣ (фейерверк) анҷом шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |