Бахшҳо
25 дек 2014 15:47Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Низоми мусофиркашонӣ дар Душанбе нав мешавад

"Спейс Тим", холдинги технологии Русия мегӯяд, бо шаҳрдории Душанбе дар мавриди роҳандозии низоми муосири идораи нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон ба тавофуқ расидааст.

Ба иттилои ин холдинг дар доираи лоиҳаи “Шаҳри оқил”, интизор меравад, рафтуомади нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе аз маркази ягона идора шавад: “Дар баробари нав кардани нақлиёти мусофирбар низоме роҳандозӣ мешавад, ки воситаҳои нақлиёт саривақт ва бо суръати нисбатан тезтар ҳаракат мекунанд.”

Алексей Шербаков, сардори шӯъбаи содироти “Спейс Тим Холдинг” мегӯяд, феълан дар соҳаи мусофирбарии Душанбе бесарусомонӣ вуҷуд дошта, тартибу низом тақрибан мавҷуд нест. Ӯ мегӯяд, аз лаҳзае, ки дар Душанбе нахустин автобусу троллейбусҳои муҷҷаҳаз бо барномаи “ST PassengerPro", ба ҳаракат медароянд, сокинон имкон пайдо мекунанд, аз лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳо вақти дақиқи расидани воситаи нақлиётро бубинанд: “Инчунин имкон фароҳам мешавад, мусофирон тариқи ҳар гуна дастгоҳи пайваст ба интернет аз портали ST TransPort Web ҷадвал ва хатсайри воситаи нақлиётро назорат кунанд.”

Манбаъ мегӯяд, ин лоиҳа тайи солҳои 2015-2016 дар Душанбе мавриди санҷиш қарор мегирад ва дар сурати муваффақия дар тамоми ҷумҳурӣ метавонад роҳандозӣ гардад.
Мӯҳр
700
Кошки ку ин хел шавад, ачоиб мешад....

Робот
А мардак ихели лоиха дар Душанбе нав чори шавад дар Ёвон барвакт чори шудагияй.

Осор
Икбдоми нек. Агар пеши рохи ба суръати баланд рондани машруткахоро ба хотири аз худ кардани мусофирон ва талотупи пробкаи мошинхоро гирад.

Бехтарин кор мешавад.

Бисёр кори хуб мешавад-дия!! Убайдулловев бовар кн яктаи-да!!!

99
Ин русҳо ягон кора ҳалол намекунанд!!!
Аввал ино шаҳрҳои худашона "оқил" кунанд!
Ман намефаҳмам, ки ин тоҷикои мо то ба ин дараҷа содда ҳастанд, ки 150 сол аст, ки рус бешармона моро фиреб медиҳад ва ба болои ин одам ҳам намеҳисобад, боз ба ҳаминҳо бовар мекунанд. Тавба!!!

Ман дар гумонаму дар ташвиш.Чун фикри онро дорам ки боз ин бизнеси ягон шахс набошад.Худо нигахбонамон бошад.

.
Рости гап хамин хукумати душанбе ба кадом коре, ки даст занад, ягон натичаи мусбат нахохад шуд. Охирин икдом, шохбулутхои 3000 доллара.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)