Парванда алайҳи ректор ва 3 масъул барои 1,5 миллион сомонӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Файзалӣ Комилов, собиқ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва се нафари дигар ба иттиҳоми фасодкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод феълай алайҳи Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич, Туйғунов Афранг Муродович, Турсунов Олимҷон Шоҳинмардонович ва Холов Назир Мирзоалиевич барои тақаллубкорӣ, азхудкунии моли ғайр ва сӯиистифода аз мавқеъ парвандаи ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор дорад.
Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод, Файзалӣ Комилов, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 6 марти соли 2008 то 11 майи соли 2012 вазифаи ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро ба уҳда дошт, бо маслиҳати пешакӣ бо сардори Шӯъбаи соҳибкорӣ ва таъминотии донишкада Туйғунов Афранг Муродович ба тассаруфи амволи ғайр машғул шудаанд. Манбаъ мегӯяд, Туйғунов аз моҳи июли соли 2009 то моҳи декабри соли 2009 чанд маротиба бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмӣ, яъне расидҳои хароҷотӣ аз хазинаи донишкадаи мазкур пули нақд ба маблағи 1500000 (як миллиону панҷсад хазор) сомонӣ гирифта, бо Комилов бо роҳҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба манфиатҳои шахсии худ сарф кардаанд.
Оҷонсӣ мегӯяд, барои рӯйпӯш намудани ҷиноятҳои худ, 31 декабри соли 2009 Туйғунов бо маслиҳати пешакӣ бо Комилов 270 000 сомонии доштаашонро ба ташкилоти амонатию қарздиҳии "Вориси замон" супорида, аз ҷамъияти мазкур санад гирифтаанд, ки гӯиё аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба хазинаи ин муассиса супоридааст: “Дар натиҷа 1500000 сомонии камомад дар хазинаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат пӯшонида шуда, амалан ба донишкада ба микдори махсусан калон зарар расонида шуд".
Манбаъ мегӯяд феълан тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи дастандаркорони қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |