АКС: Бозпурсии тоҷикон барои сӯхтори хонаҳои чорводорони қирғиз
Дар пайи сӯхтори хонаи чорводорони Қирғизистон дар 12 километрии сарҳади Тоҷикистон атбои тоҷик низ бозпурсӣ мешаванд.
Дамир Юсупов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Бодканд дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ намуд, ки 9 хонаи чорводорони қирғиз дар минтақаи Булак-Ташӣ -12 километр дуртар аз сарҳади Тоҷикистон тақрибан соати 19-и 24-уми декабр сӯзонда шудаанд.
Юсупов гуфт, феълан дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба мақомоти тоҷик дархости расмӣ фиристода шудааст ва шаҳрвандони наздисарҳадии Тоҷикистон низ мавриди бозпурсӣ қарор хоҳанд гирифт.
Мусоҳиби “Озодагон” гуфт, хонаҳоро чорводорон асосан дар фасли тобистон истифода мекардаанд ва дар лаҳзаи сӯхтор холӣ будаанд: “Феълан аз рӯи шикояти ҷабрдидагон тафтишот дорад.”
Ин гумони мақомоти қирғиз аз тоҷикон дар ҳолест, ки аз аввали соли равон дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 32 бархӯрди марзӣ сабт шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |