Бахшҳо
27 дек 2014 09:07Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон амниятиҳоро ба хизмати содиқона ва далерию матонат ҳидоят кардааст (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта, 27 декабр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рафта, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон табрик гуфтааст.

Тавре дафтари матбуотии президентхабар медиҳад, раисҷумҳур дар оғози боздид аз кумита бинои нави толори варзишии онро ифтитоҳ намуд: “Тавре аён гардид, ин бинои зебою барҳаво аз толори калони универсалӣ, толори хурди обутоби бадан бо таҷҳизоти варзишӣ ва толору утоқҳои ёрирасон ба мисли ҷойи ивази либос, гармоба, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра иборат буда, бо истифода аз масолеҳи муосири сохтмонию таҷҳизӣ ва шабакаи ягонаи гармидиҳӣ бунёд ёфтааст”.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бошад, Эмомалӣ Раҳмон аз қаҳрамонию ҷонфидоиҳои бешумори кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон дар солҳои гузашта ёдовар шуда, насли имрӯзи ин мақомотро ба сабақомӯзӣ аз саҳифаҳои ибратбахши таърихи пуршарафи ин соҳа ва ба хизмати содиқона ва далерию матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ҳидоят кардааст. “Омодасозии босифати кадрҳои соҳа, пайваста баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандон ва сохторҳои махсус ва муборизаи беамон бо ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, хусусан терроризму ифротгароӣ, ки аз хатарҳои асосии ҷаҳони имрӯз ба шумор мераванд, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ номида шуд”,-меафзояд манбаъ.

Дафтари матбуотии президент мегӯяд, бо изҳори қаноат аз боздошти чандин гурӯҳҳои террористию ифротгаро, ки қасди ба роҳ мондани амалиётҳои мудҳишро дар ҳудуди Тоҷикистон доштаанд, таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани чунин хатарҳо ва таъмини ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар аз тамоми имкону захираҳо бояд босамар истифода шавад.


Эмомалӣ Раҳмон амниятиҳоро ба хизмати содиқона ва далерию матонат ҳидоят кардааст (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон амниятиҳоро ба хизмати содиқона ва далерию матонат ҳидоят кардааст (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон амниятиҳоро ба хизмати содиқона ва далерию матонат ҳидоят кардааст (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон амниятиҳоро ба хизмати содиқона ва далерию матонат ҳидоят кардааст (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон амниятиҳоро ба хизмати содиқона ва далерию матонат ҳидоят кардааст (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)