Бахшҳо

Проектҳои “тахайюлӣ”

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО


Мақомоти тоҷик мехоҳанд тавассути Покистон нафти Қувейтро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Нурмуҳаммад Аҳмадов, раҳбари Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат бо вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон ин масъаларо ба миён гузошта, аз Покистон хостааст дар роҳи амалӣ шудани ин тарҳ ба Тоҷикистон кумак кунад.

Ин гуна тарҳҳо бори нахуст аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба миён гузошта намешавад. Чанд сол қабл Тоҷикистон мехост тарҳи интиқоли об ба кишварҳои арабро роҳандозӣ кунад ва дар ин замина созишномаҳои зиёде ҳам ба имзо расид. Он вақт расонаҳои наздик ба ҳукумат навишта буданд, ки Тоҷикистон бо роҳандозии ин тарҳ дар бадали об, ба Тоҷикистон нафт ворид мекунад. Аммо ин тарҳ, ки дар мавриди тахайюлӣ буданаш касе чизе нагуфт, амалӣ нагашт ва мардуми араб аз оби тоҷик ҳанӯз истеъмол накардаанд ва мошинҳои мо, ки истеҳсоли Чину Ҷопонанд, нафти арабиро надидааст. Шояд ин тарҳҳо ҳанӯз дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд, вале суоли муҳим ин аст, ки чунин тарҳҳои “мураккаб”, ки табъан ба назари хонанда “тахайюлӣ” менамояд, кай иҷро мешаванд?

Дар ин маврид чанд тарҳҳои пешниҳодии мақомти тоҷикро зикр мекунем, ки ҳанӯз он амалӣ нашудааст. Тарҳи интиқоли об ба Арабистон, Тарҳи иниқоли об ба Эрон, Кашфи конҳои газ ва истихроҷи он ва ғайра, ки тибқи гузориши расонаҳо бояд амалӣ мешуд, то ҳанӯз касе дар мавриди амалӣ шудани ин тарҳҳо мақоме нагуфтааст. Рӯй овардани мақомоти тоҷик ба нафти Кувейт ҳам мардумро ба ёди тарҳҳои гузашта мебарад, чун мардуми тоҷик бо умеди зиёд ба ин тарҳҳо менигарист ва фикр мекард, ки “дарёҳои лабрез аз обаш” мушкилоти иқтисодии кишварашро ҳал мекунад. Тарҳи интиқоли нафти Кувейт ба Тоҷикистон низ пурсишбарангез мебошад. Зеро ин кишвар фарсахҳо аз Тоҷикистон дур аст ва судоварии воридоти нафти ин кишвар ба Тоҷикистон низ суолбарангез менамояд.

Аҷиб ин аст, ки чаро ин тарҳҳо гоҳу ногоҳе аз суйи мақомоти тоҷик матраҳ мешавад. Шояд суоли асосӣ ҳам ин нукта бошад. Мардуми тоҷик, ки зуд ба ваъда бовар мекунад, эҳтимол бо шунидани чунин тарҳҳои ба назар “фавқулода” мушкилоти иҷтимоишаро фаромуш кунад ва фикр кунад, ки интиқоли нафти як кишвар арабӣ нархи созишвориро коҳиш медиҳад ва ё интиқоли оби Тоҷикистон ба кишварҳои араб ё Эрон мушкилоти сангини иқтисодиашро осонтар мекунад?
Мӯҳр
Собир
Ман фикр мекунам, ки хама мушкилотро вакт хал мекунад. Лоиха, ки матрах шуд, Иншооллох амали он амри зарури мегардад.

офарин
Фикри галат аст фикри шумо. Бисёр чиз лоиха мешавад, аммо мухим амали шудани он аст. еклама мекунанд ки мо ин лоихаро мекунем вай лоихаро рохандози менамоем, вале хамааш ваъдаи холӣ. Мо борхо шохид будем, ки рахбархо аз телевизион баромад карда, ваъда доданд, ки аз ин мох барқ 3 соати зид мешавад, вале аз фардош баркро комилан катъ карданд ва дигар шарх хам надоданд. амин Рогунро хам ба ваъда табдил додаанду мехоханд бо думбаи нася мардумро фиреб дода гарданд. Мардум бовар мекунад ки ана хуб шуд, мана хуб мешавад, вале хичи намешавад. Ин проекти нафт аз Кувейт ба Покистон ва гандум аз окистон хам дар шароите пешниход шуд, ки Русия ба бухрон гирифтор аст ва дигар нафташро бо имтиёз намедихад ва Казокистон ба Эрон рох кушод ва дигар гандумашро арзон намефурушад, барои хамин хукуматдорои Тоҷикистон ки пул надоранд, мехоханд бо ном бурдан аз ин тарх дили мардумро таскин бахшанд ва умедвор кунанд ки хуб мешавад, лекин ин накшахо хавои аст, офарин ба ин журналист, гапи хака гуфт.

Тохир
Ман фикр мекунам, ки ин проектхо вокеан тахайюли мебошанд ва тафтология аст, максади сафиру кабиру вазири имруза дуруггуи, фиреб ва гузаронидани вакту маошгири аст на бештар аз ин, барои овардани нафту бензини Кувай як чахон ташаккур, хамин барки бударо нафурухта ба мардуми дехоти Точикистон дихед, мо шукронаро давом медихем, мардум аз хунукиву бешароити сахт азоб дорад.

Сипехр,
Ин маколаи Шумо як намуд тангбини ва бахили мебошад.
Беихтиёр суханони Саъдии бузургвор ба ёдам оамд, ки гуфтааст:

Неши акраб на аз руи кин аст,
Муктазои табиаташ хамин аст.

Ба чои он, ки аз икдомхои неки Хукумат ва ягон фард истикбол намоед, хамаро аз татбики онхо дилсард менамоед. Як вактхо НОБ-и Норак, роххои охан ва хати интиколи КАСА-1000 хам лоиаха буданд, вале бо мурури замон онхо ба вокеият мубаддал гардиданд. Ба кавли бузургон:

Ба хар коре, ки химмат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.

Барои хамин бародари азиз Сипехр каме кудурат ва як навъ нешзаниро дур монда, хонандагони хешро ба ватандусти хидоят намоед,зеро хама бад намешаванд. Каме нияти нек хам доштан даркор аст.

МУХОЧИРИ МАСКАВИ
ИН ТАРХХО БАРОИ ОН АМАЛИ НАМЕШАВАД. КИ ИН ДАВЛАТХО ГИРОИШИ ИСЛОМИ ДОРАНД ВА ТОЧИКИСТОН АЗ ДАВЛАТХОИ ИСЛОМИ ХЕЛЕ САХТ МЕТАРСАД, ХУКУМАТИ ТОЧИКИСТОН ИСЛОМТАРС АСТ,

Баном
Ин фирқа проектҳо бисёранд. Намедонам чаро муаллиф роҳи оҳани тоҷикистону хитойро аз ёдаш баровард, вай ҳам аз ҳамин категория буд.
Идеяи нефти Қувайту бензини Покистон маҳсули тахаюли боз кадом ченовникҳоямон бошад? Ҳама фантезер шудагӣ ин давлатанба.

то вакте ки двизияи 201 руси дар Точикистон аст мутмаин бошед ки ягон проект амали намешавад... кай русхо мехоханд ки мусалмони тояик бо дигар мусалмони бародараш аз дигар миллатхо алока ва робитахои дустонаи тичорию фархангию ва гайра дошта бошаду хаёту зиндагии тибки дину оини ачдодиашро дошта бошад кай? кай мехохад ки иктисоди мо аз хисоби сармоягузорихои давлатхои мусалмони ба по хезаду аз вобастагию гуломии русхо озод шавем??? Точикистон танхо бо ном истиклол дорад... чаро мо наметавонем рогунро бисозем... Покистон дар соли 1992 500 млн хост сармоягузори кунад вале русхо нахостанд... бо ин ва дигар иллатхо чангро андохтанд...
озодагон зуд ва бекаму кост нашр кун..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)