Шоҳидии Қудратов: Аз “бачаи амак” дар оҷонсӣ то миёнаравии судя

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 25 декабр тамоми иттиҳомот алайҳи худ аз рӯи моддаи 320-и Кодекси ҷиноиро рад кард.
Ӯ зимни мурофиа гуфт, маблағе, ки аз зерҳимояаш гирифтааст, барои пардохти ҷуброни зарар ба ҷабрдида буд. Ба гуфтаи Қудратов ӯ ба ҳамин тариқ мехост, ҷабрдида аз даъвояш даст кашаду зерҳимояаш озод шавад. Шуҳрат Қудратов таъкид намуд, дар қазия пардохти ҷуброн низ миёнарави асосӣ худи додраси парванда Шерзод Низамов буд. Тибқи шоҳидии Қудратов судя ба ӯ гуфтааст, “ман, ту ва ҷабрдида панҷакентӣ ҳастем ва ақаллан Суламаев 1000 доллар ҷуброни зарарро ба ҷабрдида пардохт кунад. Дар натиҷа ҳам ҷабрдида аз даъвояш даст кашаду ҳам айбдоршаванда озод карда шавад. Суламаев барои аз ҷавобгарӣ озод шуданаш ҳатто розӣ шуд, ки 1500 доллар диҳад.”
Қудратов дар хитоб ба раисикунандаи мурофиааш дар Додгоҳи Душанбе гуфт, “муҳтарам судя 6 сабти суҳбатҳои телефониям ба зерҳимоя вуҷуд доранд, ягон бор аз зерҳимояам Суламаев пул талаб накардаам, сабтҳоро бубинед, ман ҳимоячияш будам, ҳамеша кӯшиш мекардам, озод шавад. Барои ҷуброни зарар низ ташаббускор судя ва худи Суламаев мебошанд”.
Қудратов илова намуд, зимни баррасии қазия суҳбатҳое пайдо шуданд, ки Суламаев баъди пардохти ҷуброни зарар боз ҷаримабандӣ мешавад. Ӯ аз ин сахт дар ҳарос буд ва аз тарс баъзан ба мурофиаҳо ҳозир намешуду нияти гурез аз Тоҷикистонро дошт. Вакили дифоъ афзуд, барои ором кардани зерҳимояаш ҳатто боре ба ӯ дурӯғ ҳам гуфтааст, ки маблағ барои судя пешбинӣ шудааст ва ӯ озод хоҳад шуд.
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик дар мавриди боздошташ аз ҷониби кормандони Оҷонсии зидди фасод изҳор дошт, “ҳамон рӯз бояд мурофиа мешуд. Ман назди судя рафтам. Азбаски зерҳимояам ҳозир нашуда буд, судя гуфт бинед куҷо шудааст? Ман ба поён фаромадам аз даромадгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ телефонамро гирифта, дидам, ки зерҳимояам занг задааст. Ба ӯ телефон карда, фаҳмидам, ки аллакай ба назди бинои суд расидааст. Ҳамин замон як нафари дигар, бо номи Парвиз, ки аз шиносҳои Суламаев буд, пайдо шуда наздамон омада гуфт, ҳар чӣ зудтар пулро тайёр кардан лозим, ки айбдоркунанди давлатӣ имрӯз айбро эълон мекунад. Суламаев пулро ба ман дод, ҳисоб карда дар ҷайбам андохтам, баъди 3 қадам маро аз пушт боздошт карданд. Дар аввал гумон кардам кадом шиносам шухӣ дорад, вақте ақиб нигоҳ кардам, дидам, аллакай Суламаев бо шиносаш ҳамроҳ хандакунон ба ҳам даст дода аз он ҷо рафтанд.”
Шуҳрат Қудратов афзуд, миёни чор нафаре, ки ӯро боздошт намуданд, нафареро шинохт, ки Суламаев ӯро ҳамчун бачаи амакияш муаррифӣ кардаасту дар муҳокимарониҳо иштирок мекардааст: “Баъдан пай бурдам, ки ин корманди оперативии Оҷонсии зидди фасод будааст.”
Дар ҳамин ҳол Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов пешниҳод кард, сабтҳои видеоии дастгоҳҳои назди Оҷонсии зидди фасод ва додгоҳ пешниҳод шаванд, то робитаҳо миёни иштирокдорони ин қазия тасдиқ шаванд. Ин дархост эътирози айбдоркунандаи давлатиро ба бор овард. Мурофиаи навбатии қазия рӯзи 29-уми декабр таъин гардид.
Ин дар ҳолест, ки Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Тавре манобеи "Озодагон" иттилоъ доданд, Бадалов, ки дар парванда муттаҳами асосӣ ва Суламаев ҳамҷавобгар будаанд, бо супоридани ҷарима озод шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |