Бахшҳо
27 дек 2014 12:55Тоҷикистон / Тема дня

Марям Атоӣ: Мехоҳам “ситораи Қуръон” ва духтари сол муаррифӣ шавам

Марям Атоӣ, як духтари афғон дар муддати се сол китоби Қуръони каримро бо хатти насхи арабӣ дастхат кардааст.

Атоӣ зодаи вилояти Бадахшони Афғонистон буда, фориғуттаҳсили литсейи “Махфии Бадахшон” ва дорои ҳунари наққошӣ ва хаттотӣ мебошад. Ба иттилои хабаргузории “Пажвок”-и Афғонистон, ин духтари афғон 6 ҳазору 666 ояти Қуръони каримро дар коғази “А4” навиштааст. Ӯ дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтааст, баъди аз худ кардани илми таҷвид ба ҳифзи оятҳои Қуръон оғоз карда, ҳоло чаҳор пораи ин китоби муқаддасро азёд медонад: “Ситораи афғон, овозхон тарбият мекунад, чаро аз Қуръон касе ситора набошад? Мехоҳам, дар оянда ситораи Қуръон ва духтари сол муаррифӣ шавам!”

Мақомоти маҳалли Бадахшони Афғонистон мегӯянд, баъд аз рад шудани пешниҳод барои фурӯхтани нусхаи ин Қуръони дастхат ба Имороти Муттаҳидаи Араб аз сӯи Атоӣ, қасд доранд, онро дар Шӯъбаи осори хаттии худ нигаҳ доранд. Онҳо мегӯянд, Атоӣ аз замони асҳоби паёмбар (с) то ҳол аввалин духтарест, ки нависандаи Қуръон ба шумор меравад ва ҳоло аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ӯро дар амалӣ шудани чанд нақшаи дигараш кумак намоянд: “Ду китоб: яке ба номи “Маҷмӯаи умумиёт”, ки пажуҳишшудаи иттилооти умумӣ аст ва китоби дигар ба номи “Адабиёти дарӣ”-ро такмил карда ва барои чоп омода мебошанд ва ҳоло китоби тозаеро низ рӯи даст дорад, ки “Исломҳаросӣ” ном дорад, аз нашр баровардани онҳо ниёз ба кумаки молӣ дорад”.

Мавлавӣ Муҳаммад Азим Ҳаниф, увзи Раёсати Иршоди Ҳаҷ ва Авқофи вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, баъд аз мутолиаи ин Қуръони дасхат ба хулоса расидаанд, ки Қуръони карим бо хатту китобати хуб хаттотӣ шуда ва қарор аст, ҳафтаи оянда маҳфили бузургдошти рӯнамоии он баргузор шавад ва туҳфаҳое низ аз сӯи тоҷирон барои нависанда тақдим хоҳад шуд.
Мӯҳр
Худованд ба ин хоҳари азиз ва гиромӣ тавфиқ диҳад ва аз газанди рӯзгор нигаҳдораш бошад.

Худобахш
Чунин хохароне ки ба ислом ки пок аст пайвастаанд ахсат мегуям худованди бузург уро ва ба мисл у будадагонро нигахбон бошад оллох бузург аств

Рав рузаву намоз хон! Духтари сол шуда чи кор мекуни ин гунох)))))))

Muslim
Субхоналлоҳ,МошаАллоҳ Аллоҳи меҳрубон сафи чунин хоҳарҳои Исломира зиёда гардонад..... winked winked winked

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)