Дар бонкҳои Тоҷикистон 6,5 миллиард пасандоз шудааст
Бонки Миллии Тоҷикистон аз афзоиши пасандозҳои мардуму корхонаҳо дар бонкҳои кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллӣ ҳаҷми пасандозҳо дар интиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ 6 миллиарду 555 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 19,5 дарсад бештар аст.
Манбаъ махсусан таваҷҷуҳи бештари шахсони воқеиро ба маблағгузорӣ дар бонкҳо таъкид намуда, афзуд, ки аз маҷмӯи умумии пасандозҳо 36,0 фоиз ё 2 миллиарду 360,3 миллион сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 64,0 фоиз ё 4 миллиарду 194,8 миллион сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд.
Бонки Миллӣ фоизи миёнаи солонаро, ки бонкҳои кишвар ба ивази пасандоз ба мардуму корхонаҳо медиҳанд, бо пули миллӣ 15,15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,98 фоиз арзёбӣ мекунад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,68 фоиз паст ва 0,36 фоиз баланд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |