Бахшҳо
29 дек 2014 12:11Тоҷикистон / Тема дня

“Тошкандро зора намекунем, худро таъмин ва боз ба тоҷикон газ медиҳем”

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, аз тирамоҳи соли 2015 кишвараш бо гази худӣ таъмин хоҳад шуд ва ҳатто имкон дорад, газро ба Тоҷикистон содир кунад.

Отамбоев дар ҷаласаи ҷамъбастии солонааш таъкид намудааст, газ аз ҷониби Узбакистон ҳамчун фишанги фишороварӣ истифода мешуд, ки дигар ба кор нахоҳад рафт: “Худо дод. Дар ҷануби кишвар захоири худӣ пайдо шуданд ва дар кишвар низоми ягонаи таъминот бо гази худӣ ташкил мешавад. Бо Маскав дар ин бора суҳбатҳо доштем ва Қирғизистон тирамоҳи соли оянда метавонад бо гази худӣ таъмин бошад ва ҳатто метавонад ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон онро интиқол диҳад.”

Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, дар сурате агар Тошканд интиқоли газро аз сар бигирад ҳам Бишкек аз коркарди манобеъ ва лӯлаи гази худӣ даст намекашад: “Аз ҳар боре, ки худро паст зада Узбакистонро зора мекунем, беҳтараш гази худиро ба даст орем.”

Отамбоев гуфтааст, пас аз анҷоми ин лоиҳа нархи 1 ҳазор метри мукааб аз 200 доллар боло намеравад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ Узбакистон 1000 метри мукааби газашро ба ивази 295 доллари амрикоӣ ба Қирғизистон интиқол медод.
Мӯҳр
хаким
Хамсояи хуб бех аз хеши дур гуфтаанд.

Офарин Отомбоев!!! Кандата хур!!!

Фергусон
Отамбоев аз хама президнтхои собик Киргиз фарк мекунад. Вай ба мисли Эмомали рахмон практичный мужик аст.

Болтабоев
Отамбоев, бо умеди урус нашав, ки фандат мекунад.

amonulloh
хушбахолат худо дар корхои некатон барор тияад

мухаммад
фикри зур Вале ин корро харгиз бо русхо анчом надихед ки пушаймон хохед шуд.Мо онхоро хуб мешиносем!

Хамин президенти нави киргиз нар аст канд зан газа тезтар биевки дар хунуки мурда истодаем на свету на барк дорем

точики точикистон
Точикхо кай мард мешаванду кай гадогиро бас мекунанд? Бед мохам кобем аз кризис бароем.

геолог
Хами русхо дар Точикистон гуфта будан,ки дар Сарикамиш газ хаст лекин 6500 метр кофтан аммо 2сол гузашт тохол буи газ нест гази киргизохам хамихел нашавад хубай

Хукумати Киргизистон нав бо он рохе рафта истодаанд, ки Точикистон онро алакай аз сар гузаронид. Отамбоев набояд хеч гох ба умеди ваъдахои Путину кишвараш шавад. Як маълумоти таърихи барои хонандагон, ки Ру
сия хеч гох ба иттифокчийони худ вафо накардааст.

Фарзанди миллат
Мо низ метавонем худро аз ин бухронхо таъмин кунем аммо инчо бояд хукумат барои ин бояд кор кунад ин хукумати мо доимо бо таърифу тансифот банд асту халос пас кай пеш мерем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)