Бахшҳо

Иқлими мусоид Данғараро саноатӣ мекунад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 19 декабр, дар ноҳияи Данғара сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказиро оғоз бахшид.Корхонаи бунёдшаванда яке аз бузургтаринҳо дар Осиёи Марказӣ буда, дар марҳилаи аввал беш аз 52 000 тонна нахи пахтаро коркард мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сохтмони коргоҳ изҳор доштааст, ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад. Раисиҷумҳур қайд намудааст, ки сабаби асосии дар ноҳияи Данғара бунёд ёфтани ин маҷмаа иқлими мусоиди ин минтақа барои истеҳсоли навъҳои пахтаи дорои нахи дароз ва захираи аз ҳама зиёди заминҳои азхудшавандаи ҷумҳурӣ дар ин ноҳия мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз се коршинос пурсид:Иқлими мусоид Данғараро саноатӣ мекунад?

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ

Тамоми Тоҷикистон иқлими якхела дорад. Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон мешавад корхонаҳои нассоҷиву полоиши нафт сохт. Сохтани ҳама гуна корхона имкон дорад. Вале Данғара минтақаи озоди иқтисодӣ эълон шудааст ва шояд барои беҳтару хубтар обод шудани он бошад. Чунки раисиҷумҳур ҳам аз ноҳияи Данғара аст. Дар зимн таъкид мекунам, ки корхонаи нассоҷиро метавон дар тамоми навоҳии ҷумҳурӣ сохт, шарт нест, ки фақат дар Данғара сохта шавад. Бунёди чунин корхонаҳои бузург дар ин минақа ба хотири он аст, ки Данғара минтиқаи озоди иқтисодӣ мебошад. Ба қавле ин минтақа имтиёзҳои бештар дорад, зеро нафаре, ки дар ин минтақа сармоягузорӣ мекунад, аз имтиёзҳои бештар баҳра мебарад. Масалан, вориди маводи хом ва дигар ашё бидуни пардохти молиёти гумрукӣ аст ва пардохти молиёт вуҷуд надорад. Шояд барои ин дар Данғара калонтарин корхонаи нассоҷӣ месозанд.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшинос

Дар барномаи стратегии рушди иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон Данғара минтақаи озоди иқтисодӣ интихоб шудааст. Ҳамчунин дар назар дошта мешавад, ки дар роҳи байни Чин ҷойгир аст ва имконоти дар оянда тиҷорат кардан ва рушд додани ин минтақа дар назар мебошад. Аз ин нуқтаи назар иқлими Дангғараро мусоид гуфт. Инчунин дар қонуни рушди иқтисод омилҳои объективӣ ва субъективӣ вуҷуд дорад, ки ҳар ду дар якҷоягӣ амал мекунанд. Шояд шумо омилҳои субъективиро дар назар доред. Мавҷудияти омилҳои субъективӣ ҳам аз имкон берун нест.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшинос

Ба ақидаи ман корхонаи нассоҷӣ бофандагӣ меҳнатталаб мебошад ва хуб мешуд агар ин корхонаро дар шаҳри Кӯлоб месохтанд. Чун дар Кӯлоб қувваи корӣ зиёд мебошад ва мутахассисони соҳаи кори саноат бештаранд. Аз ҷониби дигар Кӯлоб шаҳри саноатӣ буд ва ҳатто қабл аз инқилоб ҳам дар ин шаҳр саноати дастӣ фаъол буд. Бинобар ин фикр мекунам, ки агар занҳои Кӯлобро ба онҷо баранд ва шароити зиндагӣ барояшон муҳайё кунанд, ин корхона сармаранок кор мекунад. Зеро дар бунёди чунин корхонаҳо ва самаранок амал кардани онҳо будани қувваи корӣ нақши муҳим мебозад. Дар Данғара сатҳи қувваи корӣ паст аст.
Мӯҳр
tj
Чи Ахмият дорад Шахрвандони Точикистон ба чои кор таъмин
Шавад. ин Хубаст.

Ман ба ақидаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров сад дар сад рози буда, аз масъулини ҳукумат Эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар масъалаи ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢи ҷумҳурӣ хуб мешуд, ки ба ШАҲРИ КӮЛОБ каме ҳам бошад имтиёз медоданд, баъзан корхонаҳову иншоотҳои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ доштаро дар шаҳри Кӯлоб ҳам месохтанд.

Оё намешуд, ки корхонаи азими Душанбе, ки солҳои дароз бекор хобидааст "Текстилмаш" ва аллакай ҳамаи анборҳо корпусҳои корӣ мавҷуданд танҳо технологияи нав намерасид, ба кор андохта шавад. Боварӣ дорам, ки ин ҳам арзонтар мешуд ва ҳам қуллайтар.
Куҷо нигоҳ мекунанд?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)