Бахшҳо

Пажуҳишгарони амрикоӣ: Ҳукуматдорони тоҷик “аз ноқобилтаринҳоянд”

Ҳукуматдорони Тоҷикистон дар гузориши ҷадиди “Failed States Index-2014” ба гуруҳи “аз ҳад ноқобил” дар ҷаҳон шомил шудаанд.

Таҳиягарони гузориш, ки ду пажуҳишгоҳи машҳури сиёсатшиносии Амрико, Бунёди амрикоии сулҳ ва маҷаллаи машҳури Foreign Policy мебошанд, асосан ба қобилияти ҳукуматдорон барои таъмини амният, идораи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишварҳояшон баҳо додаанд.

Дар гузориши ҷадид Тоҷикистон як қадам пеш гузошта дар ҷои 55-ум меистад. Узбакистон ҷои 48-ум гирифта ноқобилтарин кишвари минтақаи Осиёи Миёна арзёбӣ шудааст. Қобилтарини минтақа Қазоқистон будааст, ки дар зинаи 111-ум ҷойгир шудааст. Дар гузориш Қирғизистон ҷои 58 ва Туркманистон ҷои 74 гирифтааст.

Ба қатори ноқобилтарин кишварҳои ҷаҳон Сомалӣ, Конго, Судон ва ба қобилтаринҳо Финляндия ва баъдан Шветсия, Норвегия, Дания ворид гардидаанд.

Таҳиягарони гузориш менависанд, бо вуҷуди коҳиши даргириҳои байнидавлатӣ тайи солҳои охир номуътадилии сиёсӣ майли густариш дорад ва дар бахше аз кишварҳо институтҳои ҳокимият аз асли худ дур рафтаанд. Ба иттилои муаллифони “Failed States Index” айни ҳол ҳудуди ду миллиард нафар дар кишварҳои номуътадил, ки дар остонаи буҳрони иқтисодӣ ё сиёсӣ қарор доранд, зиндагӣ мекунанд.
Мӯҳр
ИН амрикоихо кадом давлате, ки амнияти милли ва давлатии худро хуб мухофизат мекунад зери танкид карор медиханд. Барои онки барномахои чангчуёнаи онхо нагузашт. Хукумати худи амрикоихо аз нокобилия малисахояш сиёхпустонро кушта истодааст, инро намегуяд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)