Бахшҳо

Ҳушдори фиристодаи Путин аз баҳори “гарм” дар Тоҷикистон

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон таҳаввулот дар Осиёи Марказӣ ногузир аст.

Ӯ дар мусоҳибае бо "Интерфакс" гуфтааст, феълан ҳадди аққал аз вуҷуди се пойгоҳи ҷангҷӯёни исломӣ дар сарҳади Афғонистон бо Осиёи Марказӣ иттилоъ доранд: “Яке дар наздикиҳои марз бо Тоҷикистон ва дигаре дар марзи Туркманистон ҷойгир аст, ки аввалӣ бо 4-5 ҳазор ва дуюмӣ беш аз 2 ҳазор ҷангҷӯй доранд. Дар ин пойгоҳҳо тайи ду моҳ то 150 ҷангҷӯй омода мешаванд, ки бисёрашон аз худи Осиёи Марказиянд. Модоме, ки онҳо аз Осиёи Марказиянд, бармеояд, ки онҳоро барои амалиёт дар Ватан омода мекунанд.”

Кобулов изҳор доштааст, сокинони Осиёи Маркзаӣ ба чунин пойгоҳҳо на танҳо бо мақсадҳои молӣ, балки аз рӯи ғояҳои идеологӣ низ ҷалб мешаванд, ки раванди хеле хатарнок ва ҷиддӣ мебошад: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”

Фиристодаи махсуси Путин дар мавриди дахолати Русия ба мубориза бо ин таҳдидҳо ва эҳтимоли бозгашти марзбонони рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гуфтааст, “Тоҷикистон мегӯяд, ки аз уҳдаи мубориза бо ин хатарҳо баромада истодааст. Мо ҳам он қадар шавқманди бозгашт ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нестем. Мо албата ба сарҳадбонон ва ҳукумати Тоҷикистон кумак мекунем, масалан, бо силоҳ муҷаҳҳаз мекунем. Ин созандатар аст аз он, ки бачаҳоямонро ба он ҷо фиристем”.

Оқои Кобулов илова намудааст, ки дар доираи СПАД ва тариқи пойгоҳи низомии 201 Русия бо таҳдидҳо аз Афғонистон мубориза хоҳад бурд. Ӯ гароиши ҷавононро ба гуруҳҳои ифротӣ аз рӯи идеология хатари ҷиддӣ ва асосӣ хондааст.

Дар маҷмуъ оиди сиёсати Русия дар мубориза бо ҷангҷӯёни ифротӣ Кобулов аз суханони собиқ сафири Шӯравӣ дар Кобул, Юрий Михайлович Воронсов зикр кардааст, ки гуфта будааст, “бо муҷоҳидон дар Ҷалолобод ҷанг кардан беҳтар аз он аст, ки то ба Ашқобод бирасанд”. Ҳоло, ин гуфтаи ӯро бо тарзи дигар мегӯям: “ҷанг бо исломгароён дар соҳили дарёи Аму беҳтар аз ин ҷанг дар соҳили дарёи Волга аст.”
Мӯҳр
Peter
Грязная пукиновская и путлеровская пропаганда. Долой пукинуеболе.
Хоть сатана, но лишь бы вас чтобы не было москалятина северная.

Тахори
Ачиб, интавр ки бошад солхои дароз Амрикоихои бо иттифокчиёнашон дар Афгонистон ба чи кор машгул буданд. Боз ачибтараш 4-5 хазор чангу дар наздикихои марзи Точикистон озод гаштугузор мекардааст. Пас Хукумати Ахмадзай ба чикор машгул аст, ки сади рох шуда наметавонад. Холо он ки ин толибон аз руи мантик бояд дар Чалолобод ва Вазиристони Покистон карор дошта бошанд. Руссия баъди баромади Амрико дар ташвиш, ки бошад, хуб мешуд 201 дивизияро ба он тарафи сохили Ому интикол дихад ва бо Ахмадзаи кумак кунад. Ба мисли Амрико Антитерор гуфта дарояд ва ба армияи Афгонистон ёрии харби расонад ва проблемаро дар лонааш хал бояд кард.

Яъне ин шахс гуфтанист, ки эхтиёт шавед Точикистонихо, Узбекистонихо ва Туркманистонихо, ки толибон ба суи шумо "меоянд" ва агар ки хохед лашкарамонро бозпас меорем ва СССР-ро хамин тавр эхё мегардонем ))) Ва факат Русия иктидори чанг бо ин тоифаро дорад...
Харгиз не!!!

Dev
Bahori garm dar sari hudi Putinu hamrohonash.

Шояд ин маънои оноро дорад, ки мо силохро медихем шуморо бо якдигар чанг меандозем

Ҳаргиз гизоштан даркор нест, 100 сол кишвар дар дасти ин фашистон бyд чy фоидаи миллати Тоҷик аз инҳо дид. Самарқандy Бyхороро аз даст додем, мyдати 20 сол мешавад аз сабаби ҷанг андохтани инҳо дар байни мо пастарин зиндагиро дорем. Номи мо аз Тоҷдори Тоҷик ба ҷамшyдy рафшан табдил шyд, бо муҳоҷирони мо мисли саг рафтор мекунанд. Мо беинҳо ҳам метавонем аз хyд дифо кyнем. Адади гуруҳои ифроти ҳам шояд аз 400 нафар бештар набошад, магар як давлат наметавонад бо инҳо мубориза барад. Агар ҳyкyмати мо худро бо мардyм наздик кунад ва воқеан барои манфиати миллат кор кунанд ҳеҷ терорист ё ехтремист наметавонад мо қувваи мардум биҷангад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)