Бахшҳо

Абдумалик Қодиров: “Воҳимасозӣ” як шеваи “бизнес”-и ВАО-и Русия аст

Ахиран дар ВАО-и Русия чанд хабаре нашр шуд, ки "қаҳрамон"-и манфии он шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, аммо баъдан маълум гардид, онҳо тоҷикистонӣ набуда, табааи дигар кишварҳо ҳастанд. Инчунин чандест, расонаҳои русӣ ба масъалаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зиёд даст зада, аз хатарҳое нигаронӣ мекунанд. Дар пасманзари зиёд шудани гуфтугӯи ВАО ва коршиносони рус роҷеъ ба марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарони тоҷик пурсид: Ҳушдорҳои Русия роҷеъ ба марз чӣ маънӣ дорад?


Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”

Ба расонаҳои русӣ бадбахтона вирусӣ скинхедӣ барвақт сироят кардааст. Барои эшон айни замон ҳар нафаре ки таркиш анҷом медиҳад, таҷовуз мекунад, дуздию нашъафурӯшӣ мекунад, ҳамагӣ тоҷиканд. Муҳим, сари сиёҳ дошта бошад, шуд. Ба кулли хабарҳои аз Тоҷикистон мерасида беэътиборона муносибат менамоянд ва воқеиятро пашизе ҳам намегиранд. Ёд дошта бошед дар кӯдакӣ, дар афсонаҳо бибӣ ҳамеша аз образи манфӣ - дев ва ё аҷузакампир ёдрас мешуд. Тоҷик барои ВАО-и русӣ ба ҳамин ташбеҳ бадал шудааст. Метавон садҳо хабар барои мисол овард, ки ВАО-и русӣ махсус ва дидаю дониста таҳриф содир мекунад ва ҳатто узр ҳам намепурсад. Дар масъалаи марзӣ бошад, фикр мекунам ақли журналисти рус ба ин гуна масъалаи чузъӣ - яъне сохтани ҳангомаю овоза дар атрофи марз намерасад. Ин ҷо танҳо чун одати маъмулии тоҷикбадбинӣ амал кардаанд.

Алӣ Мастов, коршинос

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки кишвари мо комилан ба Русия вобаста аст, ба он (Кремл) лозим нест ҷиҳати баргаштан ба марзҳои мо баҳонаҷӯӣ кунад. Агар салоҳ бубинад, бармегардад ва агар ба салоҳи кори он набошад, барнамегардад. Хонаи худро бояд худи мо муҳофизат кунем, на артиши бегона.

Саймиддин Дустов, директори генералии “ИНДЕМ”

Матолиби расонаҳои русӣ аз он далолат мекунад, ки чанд рӯз пеш аз баргузории ҷаласаи Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ дар Русия ва зери раёсати Тоҷикистон гузаштани ин сомзон барои як сол ба мавзӯҳои хеле ҳам ҳассос даст мезананд. Аз он ҷумла, чан рӯз пеш дар расонаҳои русӣ матолибе пайдо шуд, ки артиши Тоҷикистонро ба масхара мекашид. Дар маҷмӯъ ман бар ин назарам, ки дар доираи тарҳҳои путинӣ ва авруосиёгарӣ ҳамчун як тарҳҳое дар баъзе аз доираҳои Русия ҳастанд, ки онҳо мехоҳанд, Тоҷикистонро дубора таҳти нуфузи худ қарор диҳанд ва як гуна реванси геополилтикӣ дар Осиёи Марказӣ дошта бошанд ва албатта нуқтаи заъф Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Дар ин масъала моро мебояд, ки хеле ҳушёр бошем.

Абдумалик Қодиров, коршиноси маҳаллӣ

Аслан, расонаҳо, бахусус расонаҳои русӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи “сенсатсия” ҳастанд, чун бояд молашонро фурӯшанд. “Воҳимасозӣ” як шеваи “бизнес”-и онҳост. Ва дар ин кор расонаҳои русӣ хеле “маҳорат”-и калон доранд. То ҷое ки ба хотири ҷалби диққати хонандаи худ, аз таҳқири халқу миллатҳои дигар низ рӯй намегардонанд. Дар мавриди гаравгонгирии сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, ман гумон намекунам, ки ғавғои расонаҳои русӣ ягон маъракаи тарҳрезишудаи мақсаднок бошад: ин боз як “воҳимае”-ест аз силсилаи “обулвоҳимаҳо”-и русӣ ва набояд паси он гашт. Русия имрӯз дар ҳолатест, ки намедонад чӣ гуна “эзори даридаашро дарбеҳ кунад”, куҷо монад ӯро “баргаштан ба сарҳади Тоҷикистон”.

Раҷаби Мирзо, журналист

Русия аз соли 2005 инҷониб, ки сарҳадбононаш аз марзи Тоҷикистон хориҷ шуд, ба як саволи стратегӣ табдил ёфт, ки бо чи роҳе ба сарҳад баргардад. Масалан аз як ҷониб Русия чун пештара марзи Тоҷикистонро ҳамчун марзҳои ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил қабул мекард ва ҳаминро сабабу омили асосӣ медонист. Баъдан бо ин ки хориҷ шуд ва аз ҳамон ошкориҳое, ки дар шабакаҳои интернетӣ пайдо шуд ва гуфта мешуд, ки яке аз сабабҳои дигари ҷалби марзбонҳои рус ба сарҳади Тоҷикистон-Афғонистон ин тиҷорати маводи мухаддир аст. Имрӯз Русия дар ҳақиқат намедонад бо кадом роҳ дубора ба сарҳад баргардад ва ҳадс ҳам зада мешавад, ки баъди ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ шояд ин масъала ба нафъи Русия ҳал шавад. Дар ин росто фишорҳову ҷангҳои иттилоотии зиёд ҳам аст, ки гуфта мешавад, гуиё дар замони будани русҳо дар марзи кишвар теъдоди зиёди маводи мухаддир ошкору мусодира мешуд дар сарҳад, пас аз ин зиёд шуда бошад, аммо оморҳои расмӣ чизи дигар мегӯяд. Яъне, барои Русия агар як навъи салтанатҷӯӣ бошад, аз ҷониби дигар ба як тиҷорат табдил ёфтааст. Аз ҳамин нуқтаи назар ман фикр мекунам ҳам дар Кремл ва ҳам дар нерӯҳои интизомии Русия манфитҷӯиҳое ҳастанд, ки мехоҳанд дубора ба сарҳад баргарданд.

Аъзамшоҳ Шрговадӣ, журналист

Дар соли ҷорӣ, баъди гирифториҳои Русия дар қазияи Укроин ва “руй гардонидан”-и Ғарбу Амрико, кремлин ба Шарқ “рӯй” овардааст. Далели онро дар бахшидани беш аз 1 миллиард долар қарзи Узбакистон ва ҳамкориҳои густарда бо Чин ва дигар кишварҳои минтақа метавон гуфт.
Аксар расонҳои Русия, ки таҳти таъсири сиёсати кунунии Кремл қарор доранд, бештар он чизеро расонаӣ мекунанд, ки ба манфиати онҳост. Аммо боре ҳам дар мавриди мушкилоти муҳоҷирини кории тоҷик ва ё дигар соҳаҳои Тоҷикистон ҳарферо намегӯянд. Ин дафъа низ шояд мехоҳанд “заъф”-и нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистонро ба намоиш гузоранд, ки боз ҳам ба нафъи онҳост. Дар ин шабу рӯз фикр мекунам Русия мушкилоти ҷиддитареро аз бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон дар худ дорад, ки буҳрони Укроин ва таҳримҳои Ғарб мебошанд, ки иқтисоди он кишварро барои чанд соли дигар ба зону нишондааст. Аммо инро низ бояд фаромӯш накард, ки бо ҳама ин мушкилоте, ки Русия дорад, боз ҳам то ҳанӯз яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ аст ва сиёсати Путин низ ҳамеша ғайриинтизор буду ҳаст.
Мӯҳр
а
Аз русхо гила накунед. Айбдор худи точикон хастанд. Бо бесаводи ва бемаданиятии худ дар Россяи гови ало шудаанд. Офарини русхо, ки ин кадар точикро тахаммул мекунад. Дар ягон давлати мусулмони мебуд, точиконро бо ин рафторашон кайхо катли ом мекарданд.

Емелян
ВАО - Русия видимо сахт вазифадор карда шудаги, то ки Идеологияи нави Путинро дар собик кишвархои Шурави таблиг ва баъдтар бор кунанд. Вакт нишон дод, ки Русхо то хол сидкан Истиклолият ва хакку хукукхои шахрвандони собик Шуравиро эътироф кардан намехоханд, ва шабу руз бо рашку хасад дар фикри заъиф, ноком ва мархум кардани онхоро аз ин неъмати бузург - ИСТИКЛОЛИЯТ, тахрези менамояд.

Dev
" Русия имрӯз дар ҳолатест, ки намедонад чӣ гуна “эзори даридаашро дарбеҳ кунад”, куҷо монад ӯро “баргаштан ба сарҳади Тоҷикистон”.
Guftai mardak barom makul shud. Dar hakikat rusho boyad mushkilihoi hudro hal kunand, chi kor dorad ba sarhadi Toj. Ba sarhad omadani rusho in manoi kat" shudani sijosati darhoi bozi janobi Rahmon meshavad va fikr mekunam u inro ba hej vajh namehohad, tamomi mardumi tojik inro namehohad.

Таманно
Русияро марзи мо барои он лозим аст, ки кочоки маводи мухадирро тахти контрули худ бигирад. Ва зиёни тахримхои Гарбро чуброн кунад.

Ба фикри мо агар русия чои барои афсарону сарбозонаш дар русия дошта бошад агар надошта бошад таер кунаду ин 201 ум дивизияашро барад бехтар аст ! Агар онкадар дилсуз бошад барои точикистон бехтараш коидаи будубоши мухочиронро осон ва сода бикунад лекин ин сиесати русия хамааш ба манфиати худаш аст. Иншоолох давлати мо зураш ба сархад мерасаду худашро мухофизат мекунад!

99
"БУЗ ГУСФАНДА ХАНДИДАСТ!"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)