Бахшҳо

Таҷлил аз мавлуди паёмбари Ислом дар Тоҷикистон ва даъвати Тураҷонзодаҳо

Намозгузорони Масҷиди марказии шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон аз 1444-солагии милоди Паёмбари гиромии Ислом – Муҳаммад (с) таҷлил карданд.

Домулло Саидакбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 2 январ аснои суханронӣ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, аз Муҳаммад (с) беҳтарин шахсият ном бурда, ба дунё омадани ӯро раҳмати Худованд ба бандагонаш донист. Ӯ гуфт, “агар мову шумо ба зиндагинома ва суханҳои охирин паёмбари замон назар андозем, баръало хоҳем фаҳмид, ки таваллуди ӯ дар рӯи замин раҳмате барои бандагон аст”.

Муовини раиси Шӯрои уламои Маркзи исломии кишвар аз саргузашт ва азобу машаққати Муҳаммад (с), ки ҳанӯз дар синни хурдсолӣ аз падару модар маҳрум шуд, ёдоварӣ карда гуфт, саргузашти паёмбари Ислом барои афроди аз падару модар ҷудошуда, намунае хуб аст, ҷун беҳтарин шахсият дар рӯи замин ятим ба воя расидааст. Дар ҳамин ҳол, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ бо нашри як паём тамоми мусулмонони кишварро бо Рӯзи мавлуди паёмбар (с) табрик гуфтааст. Дар паёми ин ниҳод, ки дар торнамоии Muftiyat.tj ба табъ расид, аз ҷумла омадааст, “Мавлуди Расули Худо (с) дар таърихи башарият рӯйдоди басо муҳим ва фаромӯшношуданист. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти азиме ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид”.

Ба гуфтаи масъулини Маркази исломӣ, агар ба ҳикмати зиндагонии пайғамбари гиромӣ (с) аҳамият диҳем, дар он маънои ҳамдилию ҳамбастагӣ, дӯстию муҳаббат, одобу ахлоқи ҳамида, раҳму шафқат ба ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои неки исломию инсониро хоҳем дид. Дар табрикоти торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - Turajon.org, ки бахшида ба 1444-солагии милоди паёмбари гиромии Ислом (с) нашр гаридид, гуфта шудааст, “фарқ миёни пешвоёни раббонии гузашта ва пешвои ахир Муҳаммад (с) дар ин аст, ки яке аз онҳо бар як қавм ё ақвоми мутаҷовире фиристода мешуд. Доираи рисолат ва фаъолити Ӯ маҳдуд бар як замон ва маконе буд. Вале Муҳаммад (с) ба тамоми инсоният муждадиҳанда ва бимкунанда мабъус гаштааст. Шариъатҳои пешиниён дар маърази табдилу тағйир қарор доштанд. Аммо шариъати охирин ба нигаҳбонии илоҳӣ кафолат дода шудааст”. Торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо дар идома аз сокинони кишвар даъват кардааст, то ҳамасола аз рӯзи зодрӯзи паёмбар таҷлил кунанд: “Милоди ин пешвои раббонӣ бояд, ки ҳамеша таҷлил шавад, то ки дар зеҳни умматонаш ҳамеша таҷдиду навоварӣ ҷилва намояд ва дар роҳи гузаштагони солиҳи худ қадами амалӣ бизананд. Бори дигар пешвоӣ ва муаллимии башариятро мадди назар дошта бошанд”.

Мавлуди паёмбар (с) ҳар сол 12-уми рабеъ-ул-аввал фаро мерасад, ки имсол ба таърихи 2 ва 3 январи соли 2015 рост омад. Аксар вақт аз як ҳафта то давоми як моҳ аз он таҷлил мешавад. Имсол бо қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз он рӯзи ҷумъа таҷлил карданд.
Мӯҳр
طلبه
Оzodagon!
Лутфан ислох кунед:
Имсол 1435 камари мебошад ва паембари акрам 53 сол пеш аз хичрат ба мадина ба дуне омаданд.
1435+53=1488
Пас имсол 1488 солагии милод он хазрат аст.
Агар бо хисоби хуршеди бошад 14446 мешавад.
Лутфан дикат кунед.
Бо ехтиром ва ташакур: талаба.

точик
Имруз дар масчиди домулло Хикматуллохи Точикободи мавлуди паёмбари гироми тачлил гардид, ки мехмонони зиёде аз хар гушаву канори кишвар ва Чумхурии Киргизистон ширкат доштанд.

Salom Ozodagon Salom Xonandagon, chand wakt pesh Said Mukarram Abdulqodirzoda tanho baxotiri Mawlud dar Masjidi Turajonzodaho Fitna andoxta wa in Masjidro bastand. Fikr mekunam ki boz digar masjidora bastanijand wa mardumro shuru kardand ba jashn giriftani Mawludi Pajombaramon.

Исломиддин
Шурои уламои маркази исломи ба мисли макомот кору борашон тахминиву таваккули будааст, Мавлуди Мубораки Паёмбари Ислом (с.а.в) имруз 3-уми январи соли равон дар чахони ислом мутантан тачлил карда мешавад.

САЛАВОТ БАР МУХАММАД/С.А.В./, Худоро шукр, ки тачлил мекунем мавлуди Шафоаткунандаи моро.

Озодагон , илтимос аник кунед.
Мумкин Шурои уламо мавлуди Исои масехро дар назар дошта бошанд?
Мавлуди паёмбар (С.А.В) 3 юм бо 4 уми январ рост меоядку.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)