Бахшҳо
02 янв 2015 17:16Ҳуқуқи инсон

Кӯлоб. Таълими ғайрирасмии динӣ дар маркази забономӯзӣ

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Мақомоти интизомии Кӯлоб мегӯянд, маркази забономӯзии "Баҳор" дар ин шаҳр, наврасонро ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб кардааст.


Ба таълимоти ғайрирасмии динӣ фаро гирифтани ҷавонон дар маркази забономӯзии "Баҳор" дар шаҳри Кӯлоб, сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин марказ бештар наврасони водии Рашт, ноҳияи Қумсангир, Вахш ва шаҳри Душанбе ҷалб шуда буданд, ки тибқи иттилои ба даст омада, ин наврасон дарсҳояшонро баъди шомгоҳ оғоз мекардаанд. Шодмон Алихонов, директори маркази забономӯзии «Баҳор» рӯзи 22 декабр ба Радиои Озодӣ таблиғоти диниро дар ин марказ тасдиқ кард ва гуфт, ки «мо огоҳ шудем, ки муассисони мо корҳои таблиғотро дар миёни хурдсолон ва наврасон мегузарониданд, зуд ба амният хабар додем.»

Ба гуфтаи ҷаноби Алихонов, сарпарасти асосии маркази забономӯзии «Баҳор» сокини Туркия Гемир Чингиз будааст, ки номи он шахс дар ягон ҳуҷҷати расмии ин муассиса дарҷ нагардидааст: «Мо дар марказ гурӯҳҳои шабона доштем, ки дар соли аввал 10 нафар, дар соли дуюм 16-20 нафар ва дар моҳи октябри ҳамин сол 50-60 нафарро ташкил доданд. Миқдори зиёди ин гурӯҳи шабонаро наврасони дурдаст ташкил медоданд, ки бисёрашон аз ноҳияҳои Тоҷикобод, Қумсангир, Вахш, Рашт ва шаҳри Душанбе буданд, ки ҳуҷҷатҳояшон умуман дар дасти мо набуд.»

Маркази забономӯзии «Баҳор» соли 2009 аз сӯи шаҳрвандони турк таъсис дода шуда, дар он забонҳои арабӣ, русӣ, англисӣ ва технологияи коммуникатсионӣ (компютерӣ) таълим дода мешуд. Сар аз соли 2013 дар ин маркази таълимӣ хурдсолони водии Рашт, ноҳияи Қумсангир, Вахш ва шаҳри Душанбе ҷалб шуда, бидуни иҷозат шабона ба таълим фаро гирифта шуда будаанд. Як корманди ШКД-и шаҳри Кӯлоб, ки нахост номаш зикр шавад, ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ин ҳолат ошкор шуд ва нисбати қонуншиканон парванда боз кардаанд: «Дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб, ин ҳолатро ошкор кардем, ки дар ин муассиса 50 кӯдаки водии Рашт, Қумсангир, Вахш ва шаҳри Душанбе ба таълими динии ғайрирасмӣ фаро гирифта шуда будаанд, ки муассиси он як шаҳрванди турк будааст.»

Аммо Шодмон Алихонов, директории маркази забономӯзии "Баҳор" дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки баъди ошкор кардан ин ҳолат, ӯро ду нафар аз ҳамкоронаш таҳдид карда ва чанд миқдор маблағ низ пешниҳод карданд, то ин муассисаро тарк намояд ва ба кори онҳо халал нарасонад.
Баъди ошкор шудани таълими динии ғайрирасмӣ дар маркази забономӯзии «Баҳор», муассиси ва сарпарасти турки он аз Тоҷикистон фирор карда, ба Туркия рафтааст. Муҳассилин ин боргоҳ, ки аз навоҳи дурдасти Тоҷикистон буданд, аз сўи мақомот интизомӣ ба хонаҳои худ баргардонида шудаанд.


Кӯлоб. Таълими ғайрирасмии динӣ дар маркази забономӯзӣ

Кӯлоб. Таълими ғайрирасмии динӣ дар маркази забономӯзӣ

Кӯлоб. Таълими ғайрирасмии динӣ дар маркази забономӯзӣ

Кӯлоб. Таълими ғайрирасмии динӣ дар маркази забономӯзӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)