Бахшҳо

Маслиҳати Вазорат ба муҳоҷироне, ки то ҳол шиносномаи хориҷӣ нагирифтаанд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз тадбиқи як қатор навгониҳо дар Русия бо оғози соли 2015 барои муҳоҷирони меҳнатӣ хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, аз ин ба баъд сафар ва иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия танҳо тавассути шиносномаҳои хориҷӣ имкон дошта, шахсони ноболиғ, ки ҳамроҳи волидайн ва намояндагони қонунии хеш ба ин кишвар сафар мекунанд, бояд шиносномаҳои хориҷӣ дошта бошанд.

“Тибқи ёддошти расмии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то 1 январи соли 2015 ба қаламрави Федератсияи Русия бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиносномаи дохилӣ) ворид шудаанд, ҳуқуқҳояшон барои муроҷиат ба мақомоти минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия барои барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё тамдид намудани будубоши қонуниашон маҳдуд карда намешаванд. Барои чунин категорияи шаҳрвандон тарк кардани қаламрави Федератсияи Русия ба сабаби надоштани шиносномаи хориҷӣ пешбинӣ нашудааст.”- омадааст дар иттилоияи ВУХ

Инчунин гуфта шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия, ки бо шиносномаи дохилӣ то 1 январи соли 2015 сафар кардаанд, барои тарки қаламрави ин кишвар муваззаф нестанд. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин афрод метавонанд, барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ ба сафоратхона ва консулгариҳои зерини Тоҷикистон дар қаламрави Русия муроҷиат кунанд:

1) Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, шаҳри Москва, паскӯчаи Скатертный 19;

2) Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, кӯчаи Цурюпы 149;

3) Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, кӯчаи Гражданская д. 2 литер “А”;

4) Нуқтаи маълумотҷамкунӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, гузаргоҳи Фонарный, хонаи 3;

5) Нуқтаи маълумотҷамъкунӣ дар шаҳри Краснодар, кӯчаи 40-лет Победы 94.
Мӯҳр
Мухочир
Озодагон илтимос ба хамин саволи ман посухи дакик дихед. Дар як маколаатон навистаед ки шахсони дорои маълумоти оли аз имтихон озоданд,хангоми гирифтани патент.Оё дар хаикикат ин рост аст?? Ман ба сомонаи Озоди чунин савол гузоштам рад кардан.яъне имтихон месупоранд шахсони маълумоти олидор. Илтимос хаминро дакик кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)