Бахшҳо

Амрико намехоҳад, Фаластин ҳаққи шикоят аз Исроилро дошта бошад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мақомоти Фаластин ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи талошашон барои дарёфти узвияти комилҳуқуқи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ кумакҳои худ ба ин кишварро қатъ хоҳад кард.

Ин нуктаро як масъули баландпояи Вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи 3 январ дар суҳбат бо “Reuters” баён доштааст. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё кумакҳои ИМА дар барқарорсозии сулҳу субот ва пешрафти Фаластину Исроил нақши муҳимме доранд.

Ин дар ҳолест, ки Риёз Мансур, намояндаи расмии Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 2 январи соли равон асноди заруриро барои дарёфти узвияти комилҳуқуқи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба ин созмон пешниҳод кард. Дархости Фаластин аз сӯи Пан Ги Мун, дабири кулли СММ давоми 40 рӯз мавриди омӯзиш қарор гирифта, пас аз он дар ихтиёри кишварҳои узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гузошта мешавад.

Ҳавзаи салоҳияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шомили баррасии иттиҳомоти наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият, қонуншиканиҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои узв ё давлатҳое мебошад, ки парвандаи онҳо аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба ин додгоҳ ирсол мешаванд. Ин додгоҳ як ниҳоди мустақили ҷаҳонӣ буда, мақараш дар шаҳри Ҳейг ё Гаагаи Ҳоланд аст. Пайвастан ба узвияти ин додгоҳ ба Фаластин имконият медиҳад, то аз болои масъулини исроилӣ шикоят бурда, онҳоро таҳти таъқиб қарор диҳад.
Мӯҳр
Сэм
Албатта, кабули ФАЛАСТИН ба узвияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба Бозихои Амрико дар Ховари Миёна латма мезанад. Барои Исроил мархилаи хисобу китоб оиди чиноятхои харбиаш зидди инсоният фаро мерасад, ки албатта дар танхои содир накардааст. Шояд аз ин сабаб бошад, ки Амрико эътирофи Истиклолияти давлати Фаластинро ба хар бахонае, ба мухлатхои номуайян ба таъхир мегузорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)