Бахшҳо

Гулов дар бораи хешӣ бо президент, курсии консулӣ ва “миёнаравҳо”

Ашраф Гулов, ки ним сол пеш курсии консули Тоҷикистон дар Русияро соҳиб шуд, дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикони Россия” таъкид намудааст, ки ин мансабро ба хотири домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон буданаш нагирифтааст.

Гулов иқрор кардааст, ки дар мавриди таъиноташ хоҳу нохоҳ бо чунин изҳороту назарҳо вомехӯрад. Ӯ мегӯяд, ин овозаҳо ғайримантиқиянд: “Тавре ба ҳама маълум аст, хадамоти консулии Тоҷикистон дар Русия аз ҷумлаи мушкилтарин минтақаҳои фаъолияти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хабарӣ мебошад. Ин чӣ тавр мешавад, агар воқеан ман мансабамро танҳо ба хотири домодӣ гирифтаам, пас чаро ба ман ҷои “оромтар”-у “равғанинтар”-ро надодаанд.”

Ашраф Гулов муътақид аст, ки омили калидии таъиноташ ба вазифаи консулӣ аввал боварӣ ба ӯ ва баъдан таҷрибаи корияш дар хидмати дипломатӣ мебошад: “Такрор мекунам, ки Хадамоти консулӣ яке аз минтақаҳои мушкилтарин аст ва бо навгониҳо дар қонунгузории Русия боз мушкилтар шуд. Фикр мекунам, омилҳои асосии таъинотам боварӣ ба ман ва таҷрибаи кориям дар хадамоти дипломатӣ аст, ки дастраси омма мебошад. Маро ба ин минтақаи мушкил таъин карданд ва ман хурсандам, ки ба ман бовар кардаанд.”

Консули Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ҳадафи асосии фаъолияташ хидматрасонии босифат ва фаврӣ ба тоҷикистониён, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Дар мавриди ҳамкориҳо бо “миёнаравон”, ки аз шаҳрвандон маблағ мегиранд, консули тоҷик иқрор намудааст, ки “миёнаравҳо”вуҷуд доранд, аммо ягон корманди хадамоти консулӣ бо онҳо ҳамкорӣ надорад: “Аммо кафолати садфоизиро танҳо Худо медиҳад. Кормандони хадамоти консулӣ ҳам одаманд ва ман наметавонам ба мағзи ҳар яки онҳо даромада, кафил бошам, ки ягонтои онҳо аз мавқеи хидматияшон сӯиистифода намекунанд. Аммо ман пайваста ба кормандон ҳушдор медиҳам, ки агар сӯиистифодае шавад, ҳатман чораандешӣ мекунам. Ман салоҳияти таъину барканории кадрҳои дипломатиро надорам, аммо асноди лозимиро таҳия карда, ба марказ ба роҳбарияти Вазорати умури хориҷӣ ирсол мекунам.”

Гулов изҳор доштааст, ки тариқи дастгоҳҳои назоратӣ миёнаравҳоро мушоҳида карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро боздошт низ мекунанд: “Аммо баъди муайян кардани шахсият онҳоро боз озод мекунанд, чун бе аризаи шахси воқеӣ исботи қаллобӣ тақрибан имкон надорад.”

Консули Тоҷикистон зимни ин суҳбат ваъда додааст, барои беҳбуди хизматрасониҳо ва сарфаи вақту нерӯҳои онҳо чораандеширо идома хоҳад дод ва ҳатто аз эҳтимоли роҳандозии хизматрасонии электронӣ дар оянда суҳбат кардааст.

Ашраф Гулов, писари 33-солаи Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва саноат ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ дорад. Фаъолияти корияшро соли 2003 аз Бонки Миллии Тоҷикистон ба ҳайси иқтисодчӣ оғоз карадааст. Ба хидмати дипломатӣ соли 2007 пайваста, ба ҳайси котиб дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва намояндагиҳои кишвар дар Иттиҳоди Аврупою НАТО фаъолият кардааст.

Аз соли 2010 то 2014 дар кумитаи андози кишвар фаъолият карда, вазифаи сардори раёсати андозсупорандагони калонро ба уҳда дошт. Аз моҳи майи соли 2014 инҷониб роҳбари Хадамоти консулии Тоҷикистон дар Русия мебошад.
Мӯҳр
чинди
ммм...ачоиб. Агар хозир 33-сола бошад. Соли 2003 21 ё 22 сола будааст...Дар синни 21-22 солаги корро аз бонки милли сар кардан на ба хар кас муяссар мешавад...Кадом бачаи камбагал дар чунин синну сол корро дар чунин ниход ё амсоли ин сар кардааст???

хонанда
Осаф ки дев бошад девон ба хукми у,
Низоми умури мулки Сулаймон чи сон дихад.
Мушфики

Истиклол
Офарин Ашрафчон бисер кори нагз кардед, ки бо журналистони макор вохурдед, агар бо онхо во намехурдед ва сухбат намекардед онхо чунин менавистанд, ки то бас гуфтана. Хакатан шахси заминиву хоксор будаст. Йгитай

Кадрдин
Маълум, ки ин Гулов аз насли нав аст. Чахонбини ва тачриба доштааст. Бигузор хизмат кунад. Фаркаш чи бачаи киву домоди ки. Асос фарзанди миллати Точик.

Akbar

Salom Ashraf, barori kor va khudo baroi khalqi zahmatkash khizmat kardanatro musharraf sozad.
ba hasudkhuron guftaniyam ki oilai onho toza ba sari koru vazifa naomadaand in oila az davroni shuravi sohibi khonavu dari ozoda va dar sathi idorahoi davlati khidmat mekardand.

Nutfai mehri Khudo dar pushti shoh aftodaast,
Ki tavonad ghairi u mulki sulaimonat dihad.

Barori kor jurajon va khudo nigahbonat boshad.

Rustam
Meguyand ba khudo dodagon siteza makun,ki ba onho khudo dodaast... akoi Ashraf ba Shumo barori kor mekhohem. Khudo nigahbonaton boshad.

чинди,
Jindii pindii az bakhili hej kas ba maksad narasidaast

TMS
man in insonkati yak bor vo hurdagium da horija behtarin insonai odami hoksor ina padarshonam behad odami hoksorai oilahashon hama hoksoran , Akai Ashraf dar diplomatia tajribai nagz dorad zaboni anglisiro nagz medonad ozod gap mezanad , zaboni anglisi diplomatiro nagz medonan ,masalan 89% kormandoni vazorati korhoi horiji TJ anglisiro dar sathi diplomati namedonan a Akai Asharaf nagz medonad anglisiro dar sathi diplomati
чинди,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)