Бахшҳо
05 янв 2015 08:48Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷароҳати як қочоқбари афғон аз тири марзбонони тоҷик дар Ҳамадонӣ

Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи якуми январ як гуруҳи шашнафараи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гаштаанд: “Ҳангоми аз ҷониби кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик дар қитъаи отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” дастгир намудан, онҳо муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд. Аз рӯи маълумот, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳ як қочоқчии афғон захмӣ гардид. Қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд ва захмиро ҳамроҳи худ бурданд”.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷои ҳодиса гилзаҳои тири силоҳи оташфишон, ду телефони мобилӣ ва як халта ошкор шудааст, ки дар дохили он 12 баста бо маводи қаҳваранги бӯи махсусдошта ҷойгир будааст: “Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда афюн буда, вазни он 11 кг 838 граммро ташкил менамояд”.

Агентӣ мегӯяд, нисбат ба ин ҳодиса аз рӯи моддаҳои 200 қ. 4, 289 қ.2 ва 335 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон, “Қочоқ” ва “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)