Бахшҳо

Раиси МТС: “Гуруҳи 24” бозичаи дасти абарқудратҳо шудааст

Худойбердӣ Холиқназаров, собиқ вазири умури хориҷӣ ва раиси феълии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, созмони мамнӯъшудаи “Гуруҳи 24” ба бозичаи дасти абарқудартҳо табдил ёфтааст.

Ӯ дар посух ба суоли “Озодагон” оид ба пажуҳиши СESI, Маркази мутолеоти стратегии АвруОсиё, ки тибқи он гӯиё ташаббуси Умаралӣ Қувватов барои гирдиҳамоиҳо ҳушдори Русия ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, изҳор дошт, дар минтақа бозию мусобиқаҳои геополитикӣ миёни абарқудратҳо ҷараён дорад. Ӯ гуфт, аъзои “Гуруҳи 24” асосан дар Ғарб қарор доранд ва феълан абарқудратҳо якдигарро дар ҳимоят аз “Гуруҳи 24” муттаҳам мекунанд. Холиқназаров таъкид намуд, Тоҷикистон намегузорад гуруҳҳое, ки бозичаи дасти дигарон шудаанд вазъи кишварро ноором кунанд.

СESI, Маркази мутолеоти стратегии Авруосиё, мақараш дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир бо нашри гузорише ташаббуси Умаралӣ Қувватовро барои гирдиҳамоии 10 октябр ҳушдори Русия ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хонд, ки вақтҳои охир майли бештаре ба Пекин дорад.

СESI, як созмони мустақили Бритониё, ки ба таҳқиқи экспансияи Русия дар Осиё ва Аврупои шарқӣ машғул аст, изҳор медорад, ки пушти овозаҳо дар бораи митинги 10 октябри 2014 мақомоти рус меистанд, ки аз наздикшавии Душанбе бо Пекин дар ташвишанд: “Русия бо ин сарусадо дар бораи митинг ба Эмомалӣ Раҳмон паём фиристод, ки дар сурати сарфи назар кардани манофеи Русия ва додани авлавият ба Чин метавонад, дар Тоҷикистон “инқилоби ранга” ташкил кунад.”

Гузоришгарони ин созмон мегӯянд, сафари ахири Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин ба Тоҷикистон, ки бо тавофуқот оиди сармоягузории 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон анҷомид, дар Русия бо нигаронӣ қабул гардид. Ба гуфтаи онҳо нигаронии мақомоти тоҷик ҳам аз Умаралӣ Қувватов нест, ки дар арсаи сиёсат навқадам аст, балки мақомоти тоҷик аз пуштибонҳояш дар Русия хавотиранд.
Мӯҳр
Гороскоп
Умарали Кувватов кувва нест ва шуда хам наметавонад. Шахсиятхо зода мешаванд на ин ки сохта. Аз вучуди Умарали хануз буи бензини "Газпром" нарафтааст. Максимум заправчики хуб шуданаш мумкин.

ор
Ин кадар аз Умарали метарсад ин хукумат. Ин мардак барои моли халоли худ мубориза мебарад, ки ин худ чиход аст. До конца меравад.

ор,
. Ин суханҳои шумо як суханҳои кудакона. Агар Қувватов ҷидди намебуд, имруз дар ин сомона намехондем инхел мақолаҳоро. Ҳукумати имруза сахт аз ин шахс тарсидаги. 2 бор шуд наметавонан уро ба Тоҷикистон биёран. На интерполашон ёрдам дод, на миллион долларҳояшон.

Аҳсан Қувватов! Зинда бошед!

ба Худойберди
хайрият, хамин Умарали будааст, ин "сиёсатмадорон" дигар чи мегуфтанд, чаро оиди Бокири чинояткор чизе намегуи, Кувватов дур аст ва зарараш намерасад, илова бар ин дар боздошт карор дорад,

дар шахри азизи мо хитоихо хеле зиед шудаанд, ки чехрахои безебу буи безеб доранд, бар замми ин онхо дар чойхои чамъияти сигорет ва туф мекунанд ин беадабхо.

Умарали куватов то солои охира нони Точикистона мехурди дар крисагита хит кардан имруз худата опозитсия элон кардай марг ба ту барин одам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)