Бахшҳо

Садама дар “Газпром” ва таъхири ҳисобот ба ҳукумат

Ширкати “Газпром”, ки ҳанӯз чанд соли пеш ба далели худкифо набудан аз кор дар конҳои нафту гази Саригазону Ренгони ҷануби Тоҷикистон даст кашид, дар мавриди фаъолияташ дар кони “Сариқамиш”-и Шаҳринав низ саривақт ба ҳукумат ҳисобот пешниҳод накардааст.

Мурод Ҷумъазода, раҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 6-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “Газпром” ваъда дода буд, ки дар моҳи ноябр корҳоро ба анҷом мерасонаду моҳи декабр як ҳисоботи муфассал ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад: “Мутаассифона, моҳҳои июн-июл дар қабати 4-5-уми Сариқамиши Шаҳринав садама рух дода, каме вақтро гирифт. Аз сабаби он, ки онҳо корҳоро нав ба анҷом росонида истодаанд, мо фикр мекунем, ки дар рӯзҳои наздик ҳисобот пешниҳод карда мешавад. Мо имрӯз аз сомонаи худи ин ширкат маълумот гирифтем, ки дар тибқи иттилоияи пешакӣ захираҳои газ 18 миллиард метри мукааб ва захираи нафт 17 миллион тонна арзёбӣ шудааст.”

Дар мавриди дасткашии “Газпром” аз кони нафту гази Саригазону Ренгон Ҷумъазода афзуд, “инҳо диданд, ки ҳамин ду майдон оянда надоранд, ё ин ки маблағҳояшон намерасад даст кашиданд. Вақте мебинанд, ки маблағҳо бисёр сарф мешаваду натича дилхоҳ нест даст мекашанд.”

Таъхири ҳисоботи муфассал оиди чоҳи Сариқамиш дар ҳолест, ки масъулини ширкати «Газпром зарубежнефтагаз» ҳаҷми захираҳои газро дар чоҳи Сариқамиш 18 миллиард метри мукааб ва ҳаҷми нафтро 17 миллион тонна арзёбӣ мекунанд. Аммо пештар Алексей Миллер, раиси «Газпром» ҳангоми оғози пармакунӣ дар Сариқамиш - охири соли 2010-ум ҳаҷми газро дар чоҳ 5 маротиба бештар- аз 60 то 80 миллиард метри мукааб арзёбӣ карда, таъкид намуда буд, ки мардуму корхонаҳои Тоҷикистон тӯли 50 сол бо гази худӣ таъмин хоҳанд шуд.
Мӯҳр
Нестрпром
Ширкати «Газпром» аз пуштии фолбинии аз хад зиёдашон, Путинро хам ба проблемаи чахони тела додагианд.

Худо гира зудбоварии мову найрангхои Русиёро...

Дипломат
Аз рузе, ки тендерро Газпром гирифт, маълум шуд, ки маводи нафтии Сарикамиш дигар фоида надорад. Зеро, мо дидаю диниста ба ширкати нафтие, ки аз давлати он вобаста будем чохи боигариро дудаста додем ва бе ягон монеа ояндаи худро дар чохи сифр гузоштем.

МУҲОЧИР
БА РОСТИ МАН ҲЕЧ БОВАРИАМ НЕСТ КИ БАРОИ ПЕШРАФТУ ИКТИСОДИЕТИ МОР РУШД КАРДАН РОССИЯ БАРОИ МО КУМАК КУНАД ВАЛЛОҲ ЯГОН ДАВЛАТ БАРОИ МО ЯГОН ЗАРРАЕ ҲАМ ЕРИ НАМЕРАСОНАД МО БОЯД ХУДАМОН БАРОИ РУШДУ ПЕШРАВИ ДАВЛАТАМОН КАМАРИ ҲИМАТ БАНДЕМ

99
"Буд-набуд будгор буд,
Замин набуд шудгор буд".
Тоҷик на газ дошту на нафт
Ҳамсоя таъмингор буд
Ҳамсоя қаҳрӣ карду рафт
Тоҷик ба ақлак зор шуд
Аклак заминро парма кард
Аз ваъда тоҷик бор шуд
На нафту на газ ёфт ӯ
Тоҷик ба таппак зор шуд...
Тоҷик дар таърихи худ
Аз аҷнабӣ безор шуд

Сафардида
99,Бехтарин шеъри солинавӣ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)