(САДО) Шариф Қурбонзода гуфт, ҷавонони роҳгумзадаро мебахшанд, ба шарте ки…
Тайи 2 соли ахир 9 ҷавони суғдӣ, ки ба гуруҳҳои мухталифи экстремистию террористӣ шомил буданд, худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим карданд. Ин нуктаро Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд, зимни як нишасти хабарии созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт. Ӯ гуфт, баъди ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шудан, парвандаҳои ҷиноӣ нисбати онҳо қатъ гардид. Ҷаноби Қурбонзода аз ҷавононе, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шуда, пушаймон гаштаанд, даъват кард, бо ариза ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд: “Ҳар нафаре, ки ба аъзогии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шомил шуда бошаду ихтиёран омада, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намояд ва нишондод диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад”. Аммо додситони вилояти Суғд мегӯяд, на ҳамаи ин афрод аз ҷавобгарӣ раҳо мешаванд, зеро ба гуфтаи ӯ, “қонунгузорӣ шарт гузоштааст, ки агар дар фаъолият ва кирдори содиркардаи ӯ таркиби ҷиноятҳои дигар набошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30