Бахшҳо
06 янв 2015 17:36Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таассуфи раис аз бозгашти 10%-и афвшудаҳо ба зиндон

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мегӯяд, аз миёни 40 маҳбуси афвшудаи шаҳр 10 дарсадашон дубора ба зиндон баргаштаанд.

Ӯ ин нуктаро зимни нишасти хабарие рӯзи 5 январ дар шаҳри Хуҷанд баён дошт.

Аҳмадзода гуфт, дар пайи имзои қонуни нави афв аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар 40 нафар сокини Хуҷанд аз маҳбас озод гардида буданд. Ба гуфтаи ӯ, аз миёни ин 40 нафар 4 нафарашон даст ба ҷиноят зада, дубора зиндонӣ шуданд ва танҳо се нафари онҳо баъд аз муроҷиаташон ба шаҳрдории Хуҷанд бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд: “Танҳо 3 нафар барои таъмини кор ба мақомоти иҷроия муроҷиат намуд. Онҳоро аз рӯи ихтисосашон ба кори сохтмон ҷалб кардем. Афсӯс, 4 нафар аллакай такроран даст ба ҷиноят зад.”

Шаҳрдории Хуҷанд дар идома таъкид кард, барои такроран ба маҳбас нарафтани афвшудагон бояд раисони маҳаллаҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ корҳои профилактикӣ бурда, онҳоро ба роҳи рост роҳнамоӣ кунанд.
Мӯҳр
ОЗОДАГОН!!!! бОЙГОНИАТОН ДАР САХИФАИ ИНТЕРНЕТИ КОР НАМЕКУНАД. ХАБАРХО ТО САНАИ 31.12.2014! ИСЛОХ НАМОЕД, ИЛТИМОС.

Манзури Раиси мухтарам гардонед, ки имрузхо ба онхо расм шудааст, ки баъди хар яку чамъомаду нишасташон накша чорабинихо омода сохта, татбики онро такозо мекунанд ва дар хамин радиф оё накша чорабинихои бехдоштй (профилактикй) барои нафарони озодгашта тахия карда буданд ё не..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)