Бахшҳо

Кумакхоҳии Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз "ҳар фарди худогоҳи тоҷик"

Унвонии “Озодагон” номае расид, ки “Мактуби кушод ба ҳар як фарди худшиносу худогоҳи тоҷик” ном дошта, муаллифи он шоири шинохтаи тоҷик Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мебошад. Дар ин нома шоири зодаи Самарқанд аз афроди саховатпеша даъват кардааст барои нашри китоби “Сипеҳри орзу”-яш, ки ба қавли ӯ, “ҳамчун давоми “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ” асту барои таълифи он 30-соли умри худро сарф кардааст, кумак расонанд. Матни комили нома ин аст.


"ДАР САМАРҚАНД (Ҳ)АСТ ЯК ТОҶИК АГАР. . .

Муҳити адабии асри бисти Самарқанд аз даврони дигар тафовути зиёд дорад. Дар аввали ин аср турктозию туркгароӣ, мафкураи шӯравӣ, расму оини нави болшевикӣ, сиёсати атеистӣ - бединиву бехудоӣ, ки миёни мардум ташвиқ ва ҷорӣ мешуд, ба решаҳои фарҳангӣ, суннатҳои куҳани миллии мардуми тоҷик теша зад. Болшевикон хуб медонистанд, ки аз адибони “хату саводи куҳна дошта” адиби сурх сохта наметавонанд. Шӯравиҳо адабиётро-адабиёти ҳизбӣ, адабиёти маддоҳи шӯравӣ кардан мақсад доштанд. Аз ин сабаб, онҳо аз деҳқону ранҷбари бесавод шоирони сурх сохтан мехостанд, то тӯтивор мадҳияҳои сурх нависанд. Ин буд, ки як гурӯҳи бузурги аҳли қалам, ки бо сохтори Давлати шӯравӣ мувофиқат кардан намехост ва мафкураи Инқилоби Ӯктобрро напазируфт, солҳои бистуму сиюм ҷилои Ватан намуда, дар кишварҳои дигар талхии ғарибӣ ва мусофиратро чашид.

Сабаби бо сохтори Давлати шӯравӣ мувофиқат накардан ва мафкураи Инқилоби Ӯктобрро напазируфтани аҳли фазл, ба дараҷаи сиёсат бардоштани мунофиқиву риёкории ҳукуматдорони шӯравӣ буд, ки ин гуна сиёсатмадориро ягон давру замоне надида буд. Як идда аз адибон, пас аз Инқилоби Ӯктобр шеъру шоириро тарк гуфта бошанд, иддаи дигар ҳам, ки барои худу дӯстон менавиштанд, ашъорашонро барои чоп намедоданд, зеро дархури замони шӯравӣ набуд. Гурӯҳи дигаре аз аҳли илму адаб, ба қавли болшевикон “соҳиби хату саводи куҳна”, ҳарчанд тарки Ватан накарданд, аммо бо зимомдорони Ҳукумати шӯравӣ ҳамкорӣ низ нанамуданд. Муттассифона, боди сарди таъқибот ба сӯи онҳо низ вазид. Яъне, гулистони адабиёти тоҷики Самарқанд солҳои дароз бе посбону обёрӣ муҳтоҷи ороиш монд ва ақидае пайдо шуд, гӯё дар Самарқанд завқи шеърсароӣ намонда, тоҷик намонда ва забони тоҷикӣ тамом олудаву махлут шудааст.

Сиёсати Ҳукумати Шӯравии бехудо, шабеҳи сиёсати фиръавнӣ буд. Барои комилан ба тасарруф даровардан ва тобеъи худ кардани халқи Осиёи Марказиро, онҳо сиёсати аз пешбари илму фарҳанг, “озуқаи маънавии дигар халқҳо” - тоҷикон кандани дигар халқҳои ин сарзаминро пеш гирифтанд. Соли 1929 барои ду маркази асосии фарҳанги тоҷикон Самарқанду Бухороро аз аҳли фазли тоҷик холӣ намудан, зери шиори айёронаи “маданикунонии Ҷумҳурии навсохти Тоҷикистон”, аз Самарқанду Бухоро гули аҳли илму адабро ба рустоҳои дурдасти Тоҷикистон бурда партофтанд. Ва пас бо гуноҳи бардурӯғи “душмани халқ” муттаҳам карда, маҳви аҳли маънӣ оғоз карданд. Дар тӯли солҳои 1937-1953 102800 кас аз олимону шоирон гирифтори маҳбасҳои истолинӣ шуд, ки аз онҳо 14000 нафарро ба қатл расонд. Аз қадаған шудагон зиёда аз панҷоҳ ҳазор кас аз шиканҷаҳо дар маҳбасҳову логерҳои меҳнатии маҷбурӣ ва бадарға ҷон бохтанд. Наввад дар сади қадаған шудагон аҳли илму адаби тоҷики Самарқанду Бухоро буданд.

Дар як даври кӯтоҳ халқи тоҷик, хусусан дар Самарқанду Бухоро чандин маротиба, гаштаву баргашта ба қатли оми маънавӣ дучор шуд. Қатли оми маънавӣ аз ҷисмонӣ ҳазорон бор баттар аст. Қарни бист мудҳиштарин ва фоҷиатарин давр дар давраи торихи тӯлонии тоҷикони Самарқанду Бухоро буд. Ҷинояти Искандари Макдунии харобкор, арабҳои ҷоҳил, Чингизи яғмо, Темури қотили хунхор пеши ҷинояте, ки шӯравиҳо ва пантуркистон-бандагони кафткӯби шӯравиҳо нисбати тоҷикони Самарқанду Бухоро содир карданд ҳеч аст. Соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ ва истиқлолият ба даст овардани ҷумҳуриҳо, дар ҳамаи собиқ ҷумҳуриҳои он раванди миллатгароӣ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, раванди миллатгароии ӯзбакгароӣ авҷ гирифт. Мутаассифона, бо баъзе сабабҳо дар бораи маҳви маънавии фарҳангии тоҷикӣ, ки дар замони истиқлоли Ӯзбекистон дар Самарқанд пеш гирифта шуд, имрӯз ошкору рӯшан гуфта наметавонам. Танҳо ҳаминро бояд гуфт, ки тоҷикони Самарқанд ба истиқлол нарасиданд. Имрӯз мардуми тоҷики Самарқанд аз самараҳои истиқлоли Тоҷикистон низ бархӯрдор нестанд. Мутаассифона инро на ҳар кас дарк карда метавонад. Ин дарди равшанфикрони худшинос, фарҳангдӯстони дилсӯзи миллат аст.

Дар асрҳои гузашта дар маҳфилу мактабҳои адабии Самарқанд садҳо шоирону нависандагон ба камол расида, бо осори гаронмояи хеш баҳри ғановати адабии классикии мо хидмати пурарзише кардаанд. Равияҳои классикии шеъру адаб, ҳарчанд ки то аввали солҳои сиюми асри бист идома ёфтанд, таъсири он ба таври пинҳону ошкор то имрӯз дар ҳаёти маънавии Самарқанд эхсос мешавад. Яъне, майдони адаби тоҷик дар ин бостоншаҳр то имрӯз холӣ намондааст.

Дар Самарқанд (ҳ)аст як тоҷик агар,
Шоире ояд пасованди дигар.


Камина, ҳамчун давоми “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ, баҳри нишон додани он, ки боғи адаби тоҷики Самарқанд дар асри бист чӣ меваҳое доду ба адабиёти тоҷик киро ва чиро дод, тибқи анъаноти неки адабии ниёгон тазкирае бо номи “СИПЕҲРИ ОРЗУ” таълиф намудам, ки он аз ҳаёту эҷодиёти адибони асри бисти Самарқанд бо овардани маълумоти ҷолиб ва намунаи осори эшон фарогир хоҳад буд. Дар аснои таълифи тазкира, дар ҷустуҷӯҳои хеш муваффақ гаштам, ки бо хешу таборон ё фарзандону наберагони баъзе аз адибони маҳкумгаштаи аввали асри бист вохӯрам ва аз забони эшон ё аз дастхатҳои маҳфуздоштаи он маълумотҳои ҷолиб гирд оварам. Дар тазкираи мазкур ҷуз адибони маълуму машҳур, адибоне ҳам ворид шудаанд, ки то ҳол номашон дар ҳеч як баёзу тазкира ворид нашудааст ва намунаи осорашон то имрӯз дар ягон рӯзнома ё маҷалла чоп нашудааст.

Хонандаи муҳтарам аз маълумотҳои дар зиндагиномаи адибони маҳкумгашта оварда шуда, аз ҳаёти пурсавдову пурғавғои миллат, ҳақиқати ҷоҳилтарин марҳилаи ба таври бояду шояд омӯхта нашуда, аз эътибори муҳақиқон дур мондаи қисми мудҳиштарин торихи миллат огоҳӣ пайдо хоҳад кард. Аз ҳисоби хӯру хоб 30-сола ҳаёти худро барои таълифи ин тазкира сарф намудам. Ҳоло китоби мазкур ба андозаи 1050 саҳифа ба чоп омода шуд ва барои чопи он маблағи зиёде лозим аст.

ДӮСТИ АЗИЗУ ГИРОМИҚАДР!

Ҳар фарди худшиносу худогоҳи миллат, ки дар дилаш меҳре ба падарватани фарҳанги миллат, Самарқанди қандманд дорад, ба хотири посдории фарҳангу адаби тоҷики Самарқанд, барои рӯи чопро дидани китоби мазкур, аз рӯи имкон метавонад кумаки худро ба нишони зерини Амонатбонки ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол намояд:
Ҳисобрақам – 20216972700025106024
К/С – 20402972316264
МФО – 0101626
Ҳисобрақами шахсӣ - 46409

Беша бе шер набошад. Бовар дорам, ки мардони саховатпешаи миллатдӯст пайдо хоҳанд шуд.

Пешакӣ аз самими дили покам миннатдории беандозаи худро ба ҳар яки Шумо изҳор менамоям.
Телефон барои тамос: +992 938 40 12 63.

Ҳаёт Неъмати САМАРҚАНДӢ"
Мӯҳр
Бустон
Офарин устод, вокеъан неъмати бебахо аз хаёти Самарканди мо. Иншоолох дастгири хохад ёфт.

Бо Мурод
Хатан дастгири кардан зарур аст. Дусторини миллат, агар ба кадри 5-10 сомони хам бошад, хеле маблаг мешавад.

СПИТАМЕН
Нисбати хамин мард бори дуюм мехонам ва эхтиромам дахчанд афзуд... Дар хакикат содик ба миллати худ аст. ба муллохо барои ду дуо то сад доллар медиханд, мана барои нашри чунин китоб бояд пул дод. Савобаш фикр мекунам хеле зиёд аз оне ки ба муллохои камсавоб пул медихи...

Darvesh
Takhminan chi qadar mablag zarur ast???

1
Агар мо миллатиа дуст дорем хатман бояд ин марди миллатдустдорро дастгири намоем

TOJIK
Дуруд ба Шумо неъмати ноёби боги адабии Самарканди кандман, Устоди арчманд САД ОФАРИН, бо ин кори хайрататон номбардори миллати точик хохед шуд.

Антимугул
Аз ин гуна ашхос бояд дар сатхи давлати Точикистон пуштибони карда шавад аз худди раисчумхур сар карда то дигар макомоти давлати баъд ба миллату давлат ва Самарканду Бухоро мешавад умед кард. Зеро ин гуна ашос хамеша зери заррабини давлати ИАК хастанд ва касе дар дохили узбакистон ба инхо кумак кунад аз бахту тахташ махрум мешавад .

Ягон фаъол дар чое истода чамъ кунад ва пасон ба бонк барад, бехтар аст. Масалан, дар чопхонаи Шарки Озоди Душанбе ё дар Хонаи Адибон ё дар Хонаи Матбуот.

тоҷик
Сохиб,
Бале бо дсти худ бурда ба гургҳо диҳем гуед?!

Як чахон ташаккур,Устоди гиромикадр!Иншо Аллох шермардони бо ору номуси миллат дастгири хохем кард.Бояд хар як фарде,ки катрае хуни точики дорад,акаллан як сомони ё бо дуо дастгири бикунад.Зинда бошед,устоди азиз!


Камол
хехе... шуморо ягон бесавод агар сарпарасти накунад дигар хеч кас намекунад. туро Шурави одаму олим кард боз аз у норозии???? кани ягон олими точике, гу ки пеш аз шурави буд? буданд ба монанди Синову Беруни лекин шумо барин фанатикхо онхоро хам кофир эълон кардед. дурустар фикркун: Худошиносии хакики дар давраи шурави буд!!!

Точик
БА КАМОЛ. Дар давраи Шурави ягон хел худшиноси набуд!. Танхо лениншиноси буду комунизмшиноси. Ин суханони аблахонаро аз кучо ёфти? 70-соли махви маънавию миллии милатро, чи гуна даврони худшиноси мегуйи? Сузонида нест кардани китобу китобхонахоро боре шунидаи? Эй ман ба ки мегуям?

Абдулазиз додарам, баои дастгрии иттиолоти ташаккур мегуям, Илохо комёб боши.Устод Хаёт маро вазифадор карданд ва хохиш намуданд, ки мактубашон расонаи шавад. Аз дустон хохиш мекунам харчи кадар тавонанд ба дигарон расонанд, зеро агар бо хамин рох маблаги зарури чамъ наёварем, дигар рох надорем. китоб калонхачм аст алъон зиёда аз 1000 сахифаи чопиро дар бар гирифтааст. Дар дилхои хаммаи мо шафкатро Худои мехрубон чой дихад. Алъон устод Хаёт ба Самарканд рафтанд, зеро бародарашон Хуршед даргузаштанд. Ба гуфти худашон мохи март боз ба Душанбе меоянд, барои нашри ин ва китоби дигаре "Фарханги маснавии маънави"талош мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)