Бахшҳо

(ВИДЕО) Раиси ТВС: Шабнаму Фарзона дар “рӯйхати сиёҳ” нестанд

Лутфулло Давлат, раиси муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина” имрӯз, 7 январ зимни нишасти матбуотӣ сабаби пахш нашудани сурудҳои Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршедро тариқи телевизиони зертобеаш шарҳ дод.

Лутфулло Давлат дар посух ба суоли “Озодагон” дар ин робита изҳор дошт, дар телевизионашон ҳеч “рӯйхати сиёҳ” вуҷуд надорад. Ӯ далели пахш нашудани сурудҳои Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршедро дар он гуфт, ки ин овозхонҳо боре ҳам сурудҳои худро барои пахш ба ТВС пешниҳод накардаанд: “Ин ду нафар боре муроҷиат накардаанд ва мо низ низомномаву ойномаи худро дорем. Бояд ба талаботи телевизиони имрӯз аз нуқтаи назаре, ки як телевизиони фарҳангӣ аст, ҷавобгӯ бошанд. Худатон медонед, телевизион ҷое ҳаст, ки бояд сару либоси дурусту қабулшударо пешниҳод кунем, шояд ҳамин чизҳо бошанд. Шахсан ман ягон бор надидам, ки ҳамин ду нафар муроҷиат карда бошанд, модарашон -- Сурайё Қосимова муроҷиат мекунанд. Ҳамин ҳафта сурудҳояш пахш мешавад”. ”

Лутфулло Давлат афзуд, дар вақти пахши суруд ба тарзи либоспӯшии сарояндаҳо низ диққат дода мешавад: “Ҳар ҳунарманд ё овозхоне, ки сурудашро пешниҳод мекунад, онро Шӯрои бадеии “Телевизиони Сафина” аз назар мегузаронад. Агар матни хароб бошад, ё оҳангро худашон эҷод карда бошанд, қабул намешавад. Мисоли одӣ, дар ҳамин Соли нави мелодӣ қариб се соат барнома ба эфир нарафт. Сарояндаҳои ҷавон омаданду сабт карданд, аммо дидем намешаванд. Масалан суруд, матн, оҳанг, сарулибос ҳама ин чизҳо ба назар гирифта мешавад”.

Иддаои Лутфулло Давлат дар бораи набудани монеа барои пахши сурудҳои Шабнаму Фарзона дар ҳолест, ки яке аз ҳозирини нишасти матбуотии телевизиони “Сафина” гуфт, дар барномаи “Хостаҳо”-и ин телевизион пахши суруди Шабнамро дархост кард, аммо масъули ин барнома гуфтааст, ӯ дар "рӯйхати сиёҳ" аст.


Мӯҳр
Малик
Вокеъан дар кучахо баъзан вакт мешунавем, ки фалон сарояндаро намегузоранд, то ки дар сахна чилва кунад. Инхо хама бахона аст. Ман фикр мекунам, ки худи гайрати сарояндахо суст ва ситорахояшон камнур мешаванд.

Истиклол
Чавоб ба Малик, дар инчо айби гайрати сарояндахо суст ва ситорахояшон камнур будани онхоям не дар инчо тарзи либоспуши ва рафтори онхо дар сахнаю клип мебошад, ки дар Амрико ва Аврупо сарояндахояшон ин хел рафтор намекунанд.

коргардон
Акаи. Лутфулло директор будан аник раис мешаванд, чунки самти ино ба оиномаи кумита шабохат дорад агар не твс тви фархангаист бигзор дар он хама бошанд, аз реп сар карда то БОБОИ Файза. саломат бошед.

Ба Давлатов бовар накунед! Руйхати Сиёх хаст, буд ва мемонад! Лутфулло метарсад, ки ба раиси калонаш Асадулло Рахмонов гап нарасад, аз хамин сабаб бахона чуста худашонро сафед мекунанд дар назди мардум ва журналистон! Агар сарояндае "ба боло" маъкул набошад, уро умрбод ХАТ МЕЗАНАНД! Мардум хамаи инро медонад, дуруги зебо чи лозим? Агар шумо назар карда бошед, хешу табори худро онхо бе дахолати шурои бадеи ва цензура дар барномахо пахш мекунанд, сурудхои бисери онхо на маъне дорад на матни каввй, чи лозим гапи дуруг? Агар як ду сум пули нагзро дар киссаи онхо андозанд "нимча хофизхо" сурудхои худро бидуни шурои бадеии номии онхо пахш мекунанд! Ба афсона бовар накунед! Хамин эстрада як санъати ночизест, хатто онро хамин мафия кардаанд!

Рохбарияти твс дуруг намегуяд шумо нодуруст мефахмед зеро фахмишато..... баъдан инки Шабнаму Фарзона агарчи истеъдоди хуб доранд новобаста ба онки дао охангу сурудхояшон баъзан ночурихохам дида мешавад. Онхо агар бо либоси милли ва бо он чизеки ба минталитети мо хос аст руи сахна хунарнамои намоянд бе ягон шаку шубха рох ба сахнаи телевизенхои давлатиро хоханд ефт. Дархолеки як самти фаъолияти ВАО махз ба самти баланд бардоштани маърифати мардум ва хифзи арзишхои милли равона карда шудааст пас чигуна метавон кабул карди як хунарманд бо либоси нимбарахна руи сахнаи тв рох ебад. Мо харгунае ки набошад точикона бояд худро нишон дихем .... боки саломат бошед

Dev
Hamun kismi avvali barnomai soli naviatonro tamosho kardam, rosti sharmandagii surhi surh.In guna barnomai berangu bemaniro dar hajotam nadida budam. Mushkilii jiddii digar hafzanii mardumi "bolonishini" janub in zarbai jonkoh baroi zaboni adabii tojiki ast ! O memured az hamun Sajofi Mizrob ibrat gired(fikr mekunam dar tamomi janud yak Sajof bo zaboni adabi gap mezanad). Hudam shohu tabam vazir guftra chi ba dahon omad...Ba nazdiki suhbati vaziri maorif,janobashon Saidovro tamosho kardam,hamai tarbuzi dar bagalbudavu dar bagal nabuda ba zamin zadu kafid.In kas ba tarjumon ehtijoj doshtaand. Dar vakti , ba istilloi hudashon "press konferensiya" az shahsi dar barashonbuda pursidan,ki kalimai rusii dar ajni hol ba sari janobashonzadaro ba tojiki guyad...Behuda "1 sar hubu 2 sar behtar" naguftaand de . "Ozodagon" boki kori tust !

Parviz.
Az yak taraf girem durust ast cherni spisok meguyand haminkhelam hast pula tiyand urion khondan girand chi fark dorad ba direktori safina asosash pul ast

Мошоддох Лутфулло Давлат худованд гузаштагоната рахмат кунад.Ин гунахоро дар оинаи нилгун хар гиз рох надех .Чунки мо мусалмон хастем ва аз дидани бадани лучи ин ду харом гунахкор ва зинокор мегардем худованд туро дар панохаш нигах дорад Акаи Лутфулло

одил
Акаи Лутфулло саломат бошед, шумо одами санъатшинос хастед. Хамин Фарзона бехтара биравад дар туйхонахо ва дискотекахо бихонад. Хайр дар телевизион дар барномаи моделери Юдашкин баромад кунад мешавад.

Muhtaram Lutfulo Davlatov! barnomahoi shabakaro bo digar shabakahoi forsi chun sh GEM va digaron kame mukoisa kuned.

Лутфулло Давлат дили пок дошта, ба касе хусумат надорад ва дар дили покаш хусумат, кибру гурурро чой намедихад. Марди пок ва мардро мардакаш аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)