Шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, марказҳои савдои оташгирифта то охири январ барқарор мешаванд
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд гуфт, қисмати ба коми оташрафтаи марказҳои савдои канори рости бозори “Панҷшанбе” то моҳи феврали соли равон барқарор хоҳад шуд.
Шаҳрдори Хуҷанд ин нуктаро зимни нишасти хабарие дар дар ҳузури рӯзноманигорон баён дошта, афзуд, тарҳи бозсозии 4 маркази савдои харобгашта – “Баҳор”, “Тоҷир”, “Сино” ва “Барфаки Хуҷанд”, бо риояи қатъии талаботи меъморӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз барқу газ омода мешавад.
Зимнан, бино ба маълумоти дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд, баробари фаъолияти дубораи марказҳои савдо наздики 200 соҳибкор ҷойи кории худро барқарор хоҳанд кард.
Сӯхтори шаби 15-ум ба 16-уми ноябри соли сипаришуда дар марказҳои савдои канори рости бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд беш аз 70 дӯконро бо молу маҳсулоташ ба “ком”-и худ кашид. Мақомот зиёни сӯхторро наздики 1 миллион сомонӣ гуфтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |