Бахшҳо

Маслиҳати Тураҷонзода ба муҳоҷире, ки занаш ҳамҷинсгароӣ кардааст

Эшони Маҳмудҷон, яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо зимни шарҳи қазияи ду муҳоҷири тоҷик, ки занонашон ҳамҷинсгароӣ кардаанд, ин зуҳуротро аз нигоҳи Ислом ҳаром хонда, онро мерос аз даврони қавми Лут донистааст.

Ин руҳонии маъруфи тоҷик дар посух ба суоли корбари торнамои Turajon.org – веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо гуфтааст, “ҳамҷинсгароии занҳо дар Ислом ҳукми зиноро дорад.”

Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон, дар ҳадисҳои паёмбари Ислом – Муҳаммад (с) назар кардани зан ба аврати зани дигар ё мард ба аврати марди дигар мамнуъ хонда шудааст: “Соҳиби тафсири Олуси гуфтаанд: Аввал ҳамҷинсгарои байни занҳо дар қавми Лут ба вуқуъ омадааст. ”

Ин суханҳоро Тураҷонзода дар посух ба пурсиши як муҳоҷири тоҷик - оқои Рустам баён доштааст. Ин муҳоҷири тоҷик гуфтааст, ӯ ҳамроҳи ду рафиқаш бо оилаҳои худ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва рӯзе “яке аз ин дӯстонаш зани худро бо зани дӯсти дигар дар ҳолати ҳамхобагӣ дидааст.” Дар пайи баёни қазия муҳоҷир аз номи дӯстонаш аз Тураҷонзодаҳо ҳукми ҳамҷинсгароии занҳо аз нигоҳи Исломро пурсидааст.

Қаблан Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар ҳамҷинсгароӣ ё муносибати мард бо мард ва ё зан бо занро, маҳкум карда, офат ва мусибат дониста буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти 259 ҳамҷинсгаро дар нимсолаи аввали соли 2014 хабар дода буд, ки 49 нафарашон зан мебошанд.
Мӯҳр
Мардак
Бо зан муомилаи дуруст кардан лозим аст, ки хамчинсгаро нашаванд...

Мардеро, ки занаш хамчинсгаро мешавад, даюс ном мебаранд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)