Бахшҳо

Кумита: Ҳадафи иҷозатномаҳои сафари хориҷиён ба Бадахшон таъмини амният аст

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, иҷозатномаи махсус барои боздиди ҷаҳонгардону сайёҳони хориҷӣ аз Бадахшони Куҳӣ танҳо ба хотири амнияти онҳо роҳандозӣ шудааст.

Руслан Назарзода, муовини раиси кумита дар нишасти хабарии рӯзи 8 январ гуфт, “мақсади ин муқаррарот бехатарии сайёҳ ҳаст. Вилояти Бадахшон зиёда аз 1400 км бо Афғонистон сарҳади муштарак дорад. Мақсади ҳукумати Тоҷикистон таъмини бехатарии шаҳрванди хориҷӣ аст”.

Ба қавли ҷаноби Назарзода, дарёфти иҷозатномаи махсус барои боздид аз Бадахшон “дар нақша-чорабиниҳои Шӯрои машваратӣ-сармоягузорӣ дар бахши туризм” дарҷ гардидааст, ки соли 2014 тасдиқ гардид. Аммо ӯ афзуд, ҳукумати Тоҷикистон зина ба зина барои соддагардонии иҷозатнома ба Бадахшон талош мекунад.

Дар нишаст гуфта шуд, шаҳрвандони 81 давлат метавонанд аз 3 фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон раводид ба кишварро дастрас намоянд.
Ба қавли масъулини Кумита, дар 12 моҳи соли 2014 аз ҳисоби сайёҳон ба иқтисодиёти кишвар 106 миллион доллар маблағ ворид шудааст. Дар ин муддат 213 ҳазору 265 сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд.
Мӯҳр
Мухтарам кумита!
Боз хам талош намоед, ки ин санадро гирифтанаш тамоман содда шавад. Зеро монеъахои бюрократи сади рохи сайёхони хоричи хамоно боки мемонанд. Воридоти маблаг дучанд ва сечанд мешавад. Як маслихат, дар интернет посту комментархои сайёхонро, ки алакай дар Точикистон буданд, бихонед. Аз руи он Шумо камбудихоро дар коратон ба зуди бартараф карда метавонед.
Обод бошед!

Мӯҳтарам муовини раиси кумита, " вилояти Бадахшон зиёда аз 1400 км бо Афғонистон сарҳади муштарак дорад" ҷавоби саҳеҳ набуда балки сарҳади "сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1344,15 км дарозӣ дорад" (сайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон)

r
наверное этот разрешение служит как бронежилет для туристов ... хватит фигни говорит .. как печать на визе вообще служит безопасности туриста?
лучше добавьте стоимость этого разрешения в стоимость визы, и упростите работу и МВД и туристов и тур-компаний .. хотя МВД то не хочет наверное потерять этот источник дохода...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)