Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, рӯзи сешанбеи 20-уми сентябр, аснои музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як маргталаб дар хонааш кушта шуд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як нафар худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст.Ин хабар тамоми Афғонистонро такон дод ва имрӯз садҳо нафар ба хотири сӯгворӣ ва эътироз аз қатли Раббонӣ дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд.
Марҳум яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон маҳсуб гардида, дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |