Бахшҳо
12 янв 2015 11:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Талоши ҷалби занони тоҷик барои кор дар беморхонаҳои Афғонистон

Як муассисаи хусусӣ дар Афғонистон талош дорад, табибони амрози занонаро аз Тоҷикистон барои кор дар беморхонаҳои он кишвар ҷалб кунад.

Масъулини ин муассиса гуфтаанд, ҳоло ҳайатеро ба Тоҷикистон фиристодаанд, то ҳадди ақал 8 табиби зани тоҷикро бар асоси шартнома барои кор ба вилояти Ғури Афғонистон биёранд. Эҳсонуллоҳ Шинварӣ, масъули маркази омӯзиш ва рушди Афғонистон дар суҳбат бо Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ҳоло Вазорати беҳдошти ин кишвар бо мақомоти тоҷик ҳамоҳангӣ доранд ва истихдоми табибон аз Тоҷикистон мароҳили қонунии худро тай мекунад.

Ба гуфтаи Шинварӣ, ҳоло дар вилояти Ғури Афғонистон танҳо як табиби амрози занона вуҷуд дорад ва аксар вақт сокинони ин минтақаи Афғонистон маҷбур мешаванд, беморони худро ба беморхонаҳои манотиқи дигар интиқол диҳанд. Мушкилоти ҳамлу нақл ва набуди роҳҳои ободу мумфарши мошингард интиқоли беморонро низ ба вилотяҳои ҳамсоя аз Ғур мушкил карда, табибони афғон низ ба далели таъмин набудани амният аз омадан ба ин минтақа худдорӣ мекунанд.

Ба табибони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардани кишварҳои хориҷ чизи наве нест. Мушкилоти иқтисодӣ ва молӣ табибони тоҷикро водор мекунад, бо вуҷуди таъмин набудани амният барои кор ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабӣ бираванд. Дар миёни мардон занони табиб ҳам кам нестанд. Ахиран, Гулрухсор Рофиева, як табиби тоҷик, дар беморхонаи вилояти Маъриби Яман ба сифати ҳамшираи шафқат кор мекард, 29 октябри соли 2014 аз тарафи гуруҳи мусаллаҳе рабуда шуд. Рофиеваи 36-сола дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия ба Яман рафта буд. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навиштанд, Гулрухсор Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистон ва рабояндагонрро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад. Вале то ҳол маълум нест, тадири ин зани тоҷики берун аз Ватан чӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
точик
Дар худамон табиби зан намерасад кучо ба Афгонистон? мераванд баъд гумшави сар мешавад, фалонашро дуздидан , гаравгон гирифтанд, хеч чо наравед як чо хапкак шинед, хамон масъалаи Яман бас аст, мард бошад хайр дигар гап.

Юсуф
ин бародари афғон гуфтааст: табибони афғон ба далели таъмин набудани амният аз омадан ба ин минтақа худдорӣ мекунанд.
вақте ки табибони бумӣ аз тарс дар Ватани худ кор карда наметонанд чаро ЗАНОНИ ТОҶИКРО ба КУШТОРГОҲ мебаред?! Ақалан вилоятҳои шимол мебуд каме авзош беҳтар аст аммо Ғур!!! Худо паноҳ диҳад

Ба хохарони точикистони!
Ба хеч вачх барои рафтан ба Афгонистон тасмим нагиред. Хадафхояшон чизи дигар аст. Агар ба кадри занона ниёз дошта бошанд занону духтарони худашонро хононанд ва замина омода кунанд. Гурур, номус ва хмсси миллии точиконаи худро болотар аз хама пулу моли дунё донед. Мафтуни чор тангаи ифлоси онхо нашавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)