Бахшҳо

АКС: Вокуниши Зоиров ва ҳушдори судя ба ҳамсари Қудратов

Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов, ҳукми додгоҳро алайҳи зерҳимояаш ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, ки аз болои он ба наздикӣ шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.

Зоиров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба 9 соли зиндон маҳкум шудани Шуҳрат Қудратов бори дигар тарҳрезишуда ва супоришӣ будани парвандаҳоро алайҳи ӯ нишон дод. Вакили дифоъ гуфт, Турабек Охунов аз рӯи моддаи 247 аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид, аммо додрас инро умуман ба назар нагирифтааст: “Афв низ танҳо аз рӯи моддаи 320 татбиқ шудааст. Мо дар мурофиаҳои додгоҳӣ бо далелҳои муътамад бегуноҳии Шуҳрат Қудратовро нишон додем, аммо додрас ҳамаро сарфи назар кард.”

Дар мавриди мусодираи молу амволи зерҳимояаш, Зоиров илова намуд, ки дар ҳукми додгоҳ дар ин бора чизе гуфта нашудааст ва ин масъала ҳамоно дар истеҳсолоти судӣ қарор дорад.

Тоҳирбек Мусобекзода, раисикунандаи мурофиа имрӯз, 13-уми январ зимни эълони ҳукм изҳор дошт, ки бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ дар маҷмуъ ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.

Инчунин дар посух ба нидои эътирозомези Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шуҳрат Қудратов зимни эълони ҳукм додрас ба ӯ ҳушдор додааст, ки алайҳи ӯ акт ё худ санади судӣ тартиб медиҳад. Зоиров мегӯяд, ҷузъиёти ин ҳушдорро бояд аз судя пурсид, аммо шахсан бовар надорад, ки раисикунандаи мурофиа ин ҳушдорашро нисбати Гулафрӯз Қурбонова амалӣ кунад.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хост, Қудратовро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум созад ва бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлатро кам кунад. Аммо Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов дар Додгоҳи Душанбе ҳар ду парвандаи ҷиноиро алайҳи зерҳимояаш сохта ва фармоишӣ хонда, аз додрас озодияшро талаб кард.

Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Аммо Қудратов иддао дорад, ин маблағҳо барои пардохти ҷуброн ба ҷабрдида - раиси ширкати “Пайванд” пешбинӣ шуда буданд.

Инчунин Қудратов аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" - Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”

Дар мурофиаи рӯзи 24 декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”


АКС: Вокуниши Зоиров ва ҳушдори судя ба ҳамсари Қудратов

АКС: Вокуниши Зоиров ва ҳушдори судя ба ҳамсари Қудратов

АКС: Вокуниши Зоиров ва ҳушдори судя ба ҳамсари Қудратов

АКС: Вокуниши Зоиров ва ҳушдори судя ба ҳамсари Қудратов

АКС: Вокуниши Зоиров ва ҳушдори судя ба ҳамсари Қудратов

АКС: Вокуниши Зоиров ва ҳушдори судя ба ҳамсари Қудратов
Мӯҳр
карим
Говсудаш ан хаминда

хулоса ГОВСУД кардаанд.

Рустам
Тохирбек мусобек хайфи диплому инсониятат. О, туро бо судури хамин халномахо чи хел хобат мебарад?

Баро и Чи Шухрат ба сиёсат дахолат кардед.
Кори хато кади Ба Сиёсати Давлат Дахолат карди
Капат дууд мекна

Билол
Зоиров барои чи мо Точикон ва шахсан Шумо ба хайси як Рохбари Хизб ва Хукушиноси хелохам касби аз Конун пуштибони намекуни. Худат дида истодаи, ки Суд муайян кардааст, ки таркиби чиноят дар харакатхои айбдоршаванда- дар харду холат вучуд дорад ва касе, ки У набошад, хох Шухрат ва ё каси дигар. Ману Шумо хамчун инсон аз русузи ва хотиру дусти якдигарро мебахшем. Конун барои хама як аст, вай хешу табор ва шогирд надорад. Локин, ман доимо дуо мекунам, ки Худованд касеро хору залил ва гумрох накунад. Ба хар хол эхтиёт ними хаёт. Мо хамаам бандаи хоки ва хатоги доимо хамкадами мост.

Зайд
Маълум ки Судя супориши махфи гирифтагист. лекин вичдонаш"Уро" намебахшад. Савол барои хамаи "ХУКУКДОНХО" Конуни Авф ба ки тааллук дошт.

ret
Конуни авф ба азоеони ХХДТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)