Бахшҳо

Чиниҳо дар Душанбе технологияи мамнуъ истифода мекунанд

Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон эътироф карданд, ки дар корхонаҳои оҳангудозию арматурабарории шаҳри Душанбе, ки аксаран ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд, “технологияи бобоӣ” истифода мешавад, ки дар худи Чин аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб мамнуъ мебошанд.

Чин барои ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯй набудан истифодаи технологияи куҳнаи оҳангудозиро мамнуъ кардааст, аммо соҳибкорони чинӣ истифодаи ин технологияро дар маркази Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд ва шаҳодатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зистро низ дар даст доранд.

Раҳимов Толибҷон,сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе мегӯяд, бо вуҷуди истифодаи технологияҳои куҳна корхонаҳои оҳангудозӣ пойтахтро аз оҳанпораҳо тоза кардаанд. Ӯ гуфт бо мурури ин замон ин корхонаҳо ба далели камбуди ашёи хом аз фаъолият хоҳанд монд: “Дар маҷмуъ 24 корхонаи оҳангудозӣ дар Душанбе фаъолият доштанд, ки то ҳол 17 ададашон аз кор мондаанд. Баъзе бо қарори масъулини ҳифзи муҳити зист ва баъзе ба далели камбуди ашёи хом фаъолият намекунанд. Аз 7 корхонае, ки боз мондаанд, фаъолияти 4 тояш ба далели риоя нашудани меъёрҳои экологӣ боз дошта шудааст. Ин корхона бо мурури замон худашон аз байн хоҳанд рафт.”

Дар мавриди он, ки чӣ гуна Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба истифодаи технологияи мамнуъ иҷозат додааст, Ҷалил Халилов, масъули ин Кумита изҳор дошт, ки дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда тамоми талаботи экологӣ риоя шудааст ва Кумита бо назардошти ин лоиҳаҳо иҷозати фаъолияти корхонаҳои оҳангудозиро додааст. Дар маҷмуъ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти ин корхонаҳо дар доираи меъёрҳои муқарраргардида сурат мегирад.

Дар ҳоле, ки ба иттилои коршиносони экологӣ мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва рангҳо тоза карда шаванд, ки дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст: “Оҳанпораҳо ба воситаи кафшерҳои барқию газӣ ва атсителенӣ пора мегарданд, ки ин ҳам яке аз сарчашмаҳои муҳими ифлосшавии муҳити зисти пойтахт мебошад. Печҳои индуксионӣ, ки дар корхонаҳо истифода мешаванд манбаи дигари заҳролудшавии ҳавои шаҳр арзёбӣ мегарданд.

Ҳадди аққал дар корхонаҳо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ба пуррагӣ насб нашудааст. Таҷхизоти ҳавокашӣ бояд модаҳои заҳролуди даруни корхонаро ҷамъ намуда, таввасути қубурҳои баландиашон 25 - 30 метрӣ берун партояд, то каме ҳам бошад зараррасонӣ ба муҳити атроф камтар шавад».

Тавре сокинони Душанбе ҳам мушоҳида кардаанд, феълан дар корхонаҳои оҳангудозии соҳибкорони чинӣ дар Душанбе аз сабаби набудани ҳавотозакунак ва таҷҳизоти ҳавокашӣ дуди ғализ тавассути тирезаю бомҳои шикастагии сехҳои истеҳсолӣ берун баромада, муҳити зистро ифлос мекунад.

Мӯҳр
45
ЭХ хайрияте ки бедор шуданд а то кариб ки нафасгир шудабудем.Кас хайрон мешавад ки наход точик ин корхоро карда натавонад а?Заводхои калонро ба сехчахо табдил дода хамара чазир карданд ку.

Хавокаш
Чт чои бахс. Албатта диданд, ки конкуренсия дар истехсоли охангудози нест, технологияи арзон ва мамнуъро истифода бурданд.

Ин хама аз бесаводи сар мезанад. Аввал бояд корхонаро накшаашро кашид ки чи зарар дораду чи фоида? ??? баъдан ба кор шуруъ кард.

Дар Точикистон хаёт вучуд надорад

хок
барои баъзе нафароне, ки бучулашон ба кавле асп шудааст, хавову мухитро задаанд, онхо пул кор мекунанд, барои наслхои ояндаашон, ки дар порису ландан худро чойгир карда истодаанд

чаноби Толибчон Рахимов шумо ва кормандони идораатон сабр кунед то маводи хоми ин корхонахо тамом шавад, баъдан худашон аз кор монанд. Пас шумоён чикораед? Ё зуратон намерасад ё салохият надоред?

душанбегӣ
дар атрофи беморхонаи советский як корхонае ҳаст ё корхонаи арматур ё не, аммо чунон дуди ғализ мебарорад, ки гӯё дар он ҷо фақат покришка месӯхта бошанд. Масъулин назорат баред агар тавонед.

Манижа
салом дар хакатан рост мегуед, ки мухити зистро ифлос мегардонанд ин гуна заводхо бояд аз шахр берун сохта шавад чунки дар гирду атрофи ин заводи метал обкуни хонахои зиеде наздикан ки ба саломатии кас зарари зиед мерасонад ман хам яке аз истикоматкунандаи хамон куча хастам бовар куненд аз буйи дуди гализ тирезахоямонро намекушоем ба зур нафас мегирем, хуб мешуд агар ин заводи металобкуниро аз шахр берун мекучонидан яъне аз ахоли дуртар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)