Бахшҳо

Рақобати Руқияи Нурӣ бо Суҳроб Шарипов барои курсӣ дар парлумон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз пешбарии номзадии Руқияи Нурӣ (Руқия Сайидова), духтари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 хабар додааст.

Тавре аз дафтари матбуоти ҲНИТ ба “Озодагон” хабар доданд, номзадии Руқияи Нурӣ дар конфронси пешазинтихоботии бахши ин ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҳавзаи рақами 3 пешбарӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз ин ҳавза Суҳроб Шарипов, вакили парлумон ва собиқ раиси Маркази таҳқиқоти стратегии кишварро номзад карда буд. Ҳизби демократии Тоҷикистон бошад, аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансур номзадии Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори шинохтаро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст. Номи оқои Комилзода дар миёни номзадҳои руйхати ҳизбии ҲДТ дар ҷои чаҳорум аст.

Дафтари матбуоти ҲНИТ мегӯяд, дар конфронси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ки рӯзи 13 январ баргузор шуд, 37 вакил, инчунин намояндаи ҳавзаи интихоботии мазкур - Саъдихон Умаров ва корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - Наврӯз Сангинов ширкат доштанд.

Руқия Сайидова, узви Раёсати олии ҲНИТ буда, хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии Теҳрон ва факултаи фалсафаи ДМТ бо ихтисоси сиёсатшинос мебошад. Номи ӯ аз руйхати ҳизбӣ дар миёни 27 вакили пешбаринамудаи ҲНИТ дар мақоми 15-ум қарор дорад.
Оиладор ва соҳиби чаҳор фарзанд аст.
Мӯҳр
Авранг
ХНИТ- хизби оилави буд, акнун парлумона оилави кардани.

ST
ХИТОБ!!! Ба ракибони сиёсии РУКИЯ НУРИ!

ДУ ЧАВОНМАРДИ КУХИСТОНИ! НОВОБАСТА АЗ АНДЕШАХОИ СИЁСИАТОН АЗ ИН БОЗИ ДАСТ КАШЕД ВА РУКИЯ НУРИРО, КИ ЯК БОНУИ АРЗАНДА АСТ ПУШТИБОНИ НАМОЕД! ИН ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТ МЕМОНАД!

Авранг,
Авранг,

в
Рахмонро танкид мекунед, ки хукуматро оилави кардааст. ХНИТ хам хизби оилави шуда истодааст. Точки хамон точики мафкурааш танг боки мемонад.

Салом
Хизби оилавиш кадан ку. Бо местан дигарора гап мезанан.

Ба пеш
Рукиябону ба пеш пирузиатро хохонем, симои миллии зани точик, модари точикро доро хасти

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)