Бахшҳо

Суғд: 4 куштор дар як ҳафтаи ахир баъди тавсифи сардори РУД

Танҳо дар як ҳафтаи ахири соли 2015 дар шимоли Тоҷикистон 4 ҳодисаи куштор ба қайд расидааст.

Бино ба иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, рӯзи 11 январ як сокини 25 солаи Хуҷанд хоҳарашро ба қатл расондааст. Манбаъ мегӯяд, Мурод Юлдошев дар пайи муноқишаи оилавӣ ба бадани Дилафрӯзи 34-сола 11 корд задааст. Ҳанӯз ҷузъиёти муноқиша рӯшан набуда, мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Аз ин пештар, рӯзи 7 январ, тахминан соатҳои 19:30, сокини ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара - Бадриддин Шаропови 44-сола, дар хонаи истиқоматиаш, “бинобар хусумати шахсӣ бо истифода аз ноқили барқӣ гулӯи Хизвалоҷон Басирҷонзодаи 20-сола, сокини ҳамин ҷамоатро буғӣ намуда, ба ҳалокат мерасонад”. Рӯзи 5 январ бошад, дар Исфара як зан шавҳарашро бо корд куштааст. Ба ҳамин монанд, дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Мирзоалӣ Мирзоев бо корд ҳамдеҳааш -- Ҳабиб Холбековро ба ҳалокат расондааст.

Сар задани ҳодисаҳои куштор дар ҳолест, ки Назарзода Шариф Раҳмон - сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, зимни нишасти ахири хабариаш гуфт, тайи як соли сипаришуда дар шимоли кишвар 33 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013, 11 адад ё 25 дарсад камтар аст. Ин нишондодро Назарзода Шариф Раҳмон тавсиф намуда, гуфт, чунин коҳишёбии куштор дар 5 соли ахир дар минтақаи вилояти Суғд набуд.

Гуфта мешаад, дар як соли ахир дар қаламрави вилоят дар маҷмўъ 4 ҳазору 488 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2013, 275 адад зиёд мебошад.
Мӯҳр
муҳочир
инҳама катлу куштор дур будани доъиҳои ҳак гуйи мо аз минбари масчидҳо аст дигар мардум на дар ягон чойе на амрои маъруф мешунаванд наҳийи аз мункар дар ҳамин барномаҳои ки шабакаҳои мо раксу сурудҳои бемаъни як руҳони ҳакгуйи моро ичозат диҳанд то мардумро аз дину оин ба мардум мерасонидан хубтар буд ин як фочиаи милат аст дар давоми як ҳафта4 куштор

Точик Кулоб
Озодагон як бор хамон навиштагиётона хонед. "Танҳо дар як ҳафтаи ахири соли 2015" холо хафтаи охири соли 2015 нашудааст ва карибам нашудаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)