Бахшҳо

Ноиби Убайдуллоев “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмонро “хандаовар” хонд (ВИДЕО)

Руқия Қурбонова, собиқ ноиби сарвазир ва муовини феълии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иддаои “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизионро “хандаовар” хонда, раҳбарияти ин Кумитаро дар беҳурматӣ нисбат ба судҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад.

Дар матлабе, ки имрӯз, 14-уми январ зери имзои Руқия Қурбонва ба унвонии “Озодагон” ворид шуд, таъкид шудааст, шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд: “Аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад.”

Қурбонова навиштааст, шаҳрдорӣ дилхоҳ баҳсро, ки аз доираи тафоҳум берун аст, дар қазовати мақомоти судӣ мегузорад: “Оне ки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст, “беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард”, хандаовар аст.”

Муовини Убайдуллоев ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва марҳилаҳои болоии додгоҳиро зикр кард, ки тибқи он Кумитаи телевизион уҳдадор шудааст, "ҷиҳати аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳо вобаста ба барқарор кардани шаъну шараф ва эътибори корӣ расман тавассути барномаи "Ахбор"-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон оиди гузориши нодурусти мухбир Абдулваҳҳоби Абдусаттор дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди ба қувваи қонунӣ даромадани Ҳалномаи Суд раддия изҳор намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад".

Қурбонова мегӯяд, тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ шикояти кассатсионии Кумитаи радио ва телевизионро рад карда, ин қарорро бекор гузоштанд: “Аммо новобаста аз муроҷиатҳои чандинкаратаи судиҷроичиён иҷрои санади судии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи Суди ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз таъмин нагардидааст.”

Ба навиштаи собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, таъмин накардани иҷрои санади судӣ на "беғаразӣ"-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати шаҳрдории Душанбе собит месозад, балки аз беэҳтиромии роҳбарияти Кумитаи мазкурро нисбати суд ва мақомоти судӣ шаҳодат медиҳад, “зеро моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки зоҳир намудани беэҳтиромӣ нисбати суд аз тарафи иштирокчиёни парванда ё шаҳрвандоне, ки дар ҷаласаи судӣ ширкат меварзанд, инчунин содир намудани ҳар гуна аъмол аз тарафи ҳар касе, ки аз беҳурматии рӯирост нисбати суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад. Аз ин лиҳоз, таъмини иҷрои ҳалномаи судӣ иртиботе ба шаҳрдорӣ надорад, барои ҳифзи эътибор ва мустақилият мақомоти судӣ бояд худ акнун чораандешӣ кунад.”

Руқия Қурбонова дар ниҳоят таъкид намудааст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе инро ба виҷдону имони раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор месозад.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки ахиран Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон роҳандозии маъракаи густурдаи иттилоотӣ алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанберо дар телевизионҳои давлатӣ рад кард. Раиси Кумитаи радио ва телевизион рӯзи 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ягон хел маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро гуфта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд: “Чанд бор хостанд барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест. Ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола мекунем. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”



Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи нашри маводи танқидӣ аз шаҳри Душанбе бархе аз коршиносон ҳадс заданд, алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт маъракаи супоришии иттилоотӣ роҳандозӣ шудааст.
Мӯҳр
Тинчмурод
Ким хамин бахсхоба манфиатдор. Хар кас аз пушти кори худаш шавад. Бе ин хам дар хама соххао проблемахои халталаб бисёр.

Далер - Душанбе
Бисёр ва бисёр, аввал хаму камбудихои шахри Душанберо ислох кунед баъд гуяндаи он гунахгор намоед охир. ТВТ - хохиш дорем, ки хамин шеваи пешгирифтаро идома дех. (Яъне гуфтани камбудихоро).

Бисёр ва бисёр, аввал хаму камбудихои шахри Душанберо ислох кунед баъд гуяндаи он гунахгор намоед охир. ТВТ - хохиш дорем, ки хамин шеваи пешгирифтаро идома дех. (Яъне гуфтани камбудихоро).

Истиклол
Дар инчо хар ду макомоти давлати бояд якдихар хамкори намоянд. Чи хеле, ки мардуми рус мегуянд "Проблемы для того нужны чтобы их решать" Камбудихоро бояд хал намуд.

О ин хама мушкилоту камбудихои шахрдори бе намои Тв ба хама маълум аст.Ки мушкилоти наклиётро намедонад,Ронандахо худ шоху табъ вазир кор мекунанд, мебояд тибки мукарароти шахрдори ба чои як сомону шаст дирам 2 сомон ё се сомон мегиранд. Инро ки назорат мекунад? Хатто дар Душанбе барои истифодаи об хисобкунак насб шуд.Мушкилоти бозору фурушандахои кучаги ва хурокхои пастсифатро напурсед.Баъд аз таърифхои зиёд ягон ягон ба танкидхо низ тоб биёред.

Cалом Озодагон. Ман хамчун шахрванди пойтахт як фикр дорам. Оё аз вазифаи баланд (муовини САРВАЗИР) ба чунин як вазифаи паст, ки аксар КАРСАКЗАНАКАШ ном мебаранд омадани Рукия Курбонова хандаовар нест магар, ки имруз боз бо сари баланд дар чунин мавзухо харф мезанад. Апаи Рукия аввал Ту худатро бояд ислох карда баъд дар бораи кори дигарон гап зани. Айб аст айб. Одам аз датурхон нон хурда дар намакдон туф намекунад. Каме шарм доред. Озодагон агар озодаи чоп карда мон ба хотири гуногунандеши..Рахмат.

5
ТВТ дуруст танкид кардааст шахрдори мехохад ки хамавакт бегунох бошад баъдан ин гапхо хандаовар ба назар расида солхои кумунистиро ба хотир меорад ки мабодо аз хизб хорич нашавам е ки выговор нагирам.

Агар Суд хукм кунад аввал бояд раисони 4 нохияи шахри Душанберо бояд барраси намояд. Зеро онхо гуё ки дар ягон кишлоки дурдаст раиси чамоат бошанд, ки имруз Душанбе ба як дехаи кухи монанд шудааст. Бовар кунед агар накунед равед ва бинед кучахои дохили нохияхоро. Пурсед аз холу ахволи сокинон чи хол доранд. Наход , ки дар асри 21 ПОЙТАХТ бо чунин низоми нмуратаб пеш равад. Айб аст. Убайдуллоеви мухтарам шояд гапаш намегузарад дар раисони 4 нохияи зертобеаш ки холо хар мехмони ба Пойтахт омада ба холи шахрдори механданд. Аз ин гапхоро гуфтан шахрдори бояд сарехан аз паи ислохи камбудихо шавад, чунки вазифаашон аст. Магар айб нест, ки дар пойтахт оби гарм нест, дар холе ки ТЕЦ хам сохтем ин чи гуна ШАХРДОРИ АСТ. Давраи чанги шахрванди гузашт биёед КАМБУДИХОРО ба зима бигирему аз паи ислохи он шавем. Каси дигар омада чомеаи моро ислох намекунад. Агар сузани ШАХРДОРИ ва Карори шахрдори КУРБ медошт имруз одитани хизматрасонии наклёти мусоифркашони бо чунин ахволи БАД сурат намегирифт. Аз хар мусофир 40 дирам бе асоси конуни мегиранд, инро ки бояд назорат кунад. Дар холе ки Курбонова РУКИЯ аз Суду конунхо гап мезанад. Ин чо хам телевизион гунахкор аст магар? Хисоб кунед, ки дар як руз мусофиркашонхои хурд сари хар нафар 40 дирами гайриконуни меситонанд чи кадар пул меистад. Ин чиноят нест ки шахрдори онро намебинад ин накзи хукуки сокинон аст. Хай Ин РУКИЯ Курбонова шояд аз ин проблемахо хабар надорад БЕЧОРА муовини раиси шахр шуда ки камбудихои шахрдориро пушонидан мехохад. Аз Руи вичдон бояд масъалаи транспорти шахрро хал кард. Бечора сокинон аз сахарии барвакт мебароянд ягон намуди автобус нест ва махз бо ТАНКИДХОИ ТВ рахмат ба онхо якчанд автобус дар хатсайрхо пайдо шудааст. МАна мешудаст ку телевизион имруз на танхо аз шахри Душанбе балки аз хамаи минтакахои кишвар маводхои танкиди медихад. Шояд шахрдори инро намебинад ки мегуяд танкидхо факат алайхи уянд. Не ин тавр нест. Гузашт даврахое, ки камбудихо гуфта намешуданд. Имруз бояд гуфт ки камбудихоро то ислох шаванду чомеаи мо пеш равад.

Маном
Мехоханд Махмадсаид Убайдуллоевро бишкананд

Озодагон чува коменти мара чоп наменй? Чй ту дусти Рукияи ё дусти Хирс?

корманди ТВ
Убайдуллоев бехтарин сиёсатмадор аст, у яке аз бехтарин шахсияти созанда дар кишвар аст, биёбд як бо казоват кунем, пойтахт сол то сол руз то руз зебо мешавад, агар хамин марди Худодод бошад, иншоолох пойтахт минбаъд низ ободтар мешавад. мушкилот хам бошад мушкилоти чузъи хаст, ки хочат ба расонаи кардани он нест, баъзехое ки вазъияти шахрро зери танкид гирифтаанд, магар дар пойтахт истикомат намекунанд, агар хар яки мо дар баробари шахрдор ташаббус нишон дихем ва барои ободии шахрамон сахм гузорем, ин макон боз хам зеботар мегардад. ба хама брори кор

Бародари "кишлок"-и ман хам мисли Сабакаи аввал гузаронд-ку! Причем тут ТЭЦи нимколаи шумо, ба фикрам на точик хастеду на забони точикиро мисли рафикои барангитон намефахмед. о ин шери нар гуфтаст, ки танкид кунед, лекин агар камтар саводатон бошад бо тахлил, на ин, ки таъбатаон шоху хостаатон вазир! Сабакаи аввал тамоми чумхуриро побел карда шуд, ба фикрам хамин танхо замини Душанбе, ки сохиб дорад чойи тухми пучпочишон шудани нест. Акаи Махмадсаид мо медонем, ки шахрдори - ин рамачарони нест,

Рохбарияти шахр ва муовинон ва 4 раиси нохияхои ПОЙТАХТ агар дар ягон гушаи ШАХР чои ТОЗА яъне бе мусор ва бе камбуди ёфтед бхрен бгарден...


аввал бояд бгем ки Убайдуллоев шабакаи якума кати рохбарош суд накардааст, балки аз номи Чумхурии Точикистон суди нохияви онхоро гунахкор эълон дошта фармудааст ки расман узр пурсанд.
дуюмуш ки гуё дар телевизионхои мо ягон камбуди нест ки акаи Ассадуломон ба камбудихои дигархоро ошкор намудан шуруъ кардааст, бигзор аввал сатхи фаъолияти сохаи худаша бахо дихад ку то кадом андоза ба талаботи замона чавобгу хаст...
бародарон шумо низ худатон яктарафа масъаларо бахо надихед, хама медонанд ки шахрамон бе камбуди нест ва барои эрод гирифтани камбудихомон бо ташаббуси бевоситааш акаи Убайдуллоевмонам телевизиони шахри таъсис дод ки камбудихошона худшон ёфта тарики шабакаи дохили нишон диханд. лекин акаи Ассадуломон зиракии сиёси надоштаааст, ки камбудихои хамаамонро тарики шабакахое ки дар тамоми дунё тамошо мекунан нишон медихад. дига аз кучо туристо ба шахри мо миёян.

Ба РАХМАТУЛЛО РАХМОН! ТУ аввал номи муассисаро дуруст навис (ШАБАКАИ ЯКУМ) ва забони точикиро рафта хуб омуз баъд дар васфи Шахрдори гап зандан гир чи кадаре ки мехохи. Агар хохи аз кухнабозори ЧАл Чам як бели мисли идеяи худат кухна харида метием хаму назди бинои хукумати шахра побел карда гард. Хохи, ягон намуд гуле шинон ки буи гализи мусуркахои шахрро аз машоми мусофирон дур кунад. Барори кор белат нашиканад боз заминаш кам кам санглох ва мусорхояш бисёррррр....


ВАО
Убайдуллоев ин кадар солхои вазмини тавонисту, магар имруз бо хама тачрибахои андухтаи шахрдори аз ухдааш баромада наметавонад. Хамаи Пойтахти давлатхои дунё проблема дорад. Москва ва Рим дар як руз сохта нашудааст. Тем более Пойтахти кишвари тоза ИСТИКЛОЛи Точикистон. Пойтахт- ин артерия ва организми зинда аст, тамоми чумхури ва дунёро бо хам мепайвандад. Проблемахо дар якчояги хал мешавад, на дар бор кардани айб бар сари шахсе. Кораш вазмин. Хамкори ва дастгири бояд кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)