Бахшҳо
15 янв 2015 18:03Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сумангул Тағоева дар бораи ташвиши муҳоҷирон ва омодагиҳо ба бозгашти онҳо

Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 15 январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар бораи омодагиҳо ба бозгашти теъдоди зиёди муҳоҷирон аз Русия ба Ватан ва ташвиши муҳоҷирони тоҷик дар пайи мунтаззам тағйирёбии қонунгузории ин кишвар хабар дод.

Хонум Тағоева дар ҷавоб ба саволи “дар сурати бозгашти теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ чи тадбирҳо меандешанд”, гуфт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омӯзиши бозори меҳнати кишварҳои дигар, аз зумраи чораҳоест, ки мавриди баррасӣ қарор дорад: “Дар соли гузашта 251 ҳазору 570 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ин шумора 181 дарсади иҷроиши нақша ҳам агар бошад, лекин дар сурати баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ албатта кифоя нест. Ғайр аз ин дигар роҳҳоро низ омӯхта истодаем, ки бояд шаҳрвандони худро ба ҷои кор таъмин намоем. Бозори меҳнати Қазоқистону Белорусияро омӯхта истодаем, то дар ҳолати хоҳиш пайдо кардани шаҳрвандон онҳоро омода карда, муташаккилона равона созем”.

Номбурда иброз дошт, барои таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷои кор ҳоло тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд ва барномаҳои калонҳаҷм низ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ доранд. Сумангул Тағоева гуфт, муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки хоҳиши кор дар Тоҷикистонро надоранд: “Ман шахсан худам бо чанд муҳоҷири меҳнатие, ки ҳаққи ба Русия рафтанро надоштанд, суҳбат доштам, мо пешниҳод кардем, ки дар иншоотҳои сохтмонии ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият кунанд, аммо онҳо гуфтанд, бо 2500 сомонӣ кор намекунем”.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, мунтаззам тағйир ёфтани муқаррароти қонунгузории Русия буду бош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар он кишвар рӯз то рӯз мушкил менамояд. Сумангул Тағоева гуфт, “бубинед, аллакай ба ҳолати моҳи июли соли гузашта шумораи онҳое ки ворид шуданашон ба қаламрави Русия манъ аст, ба дусаду ду ҳазор расидааст, то имрӯз омори аниқ надорем ва дарёфти чунин омор душвор аст. Соли 2014 тамоми кушишҳои худро ба харҷ додем, то корҳои фаҳмондадиҳиро миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пурзӯртар намоем ва имрӯз вазифаи асосии мо омода кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар аст, агар мо дар дохили кишвар муҳоҷиронро омӯзонем, ихтисосҳое, ки ба тамом талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва берун аз кишвар ҷавобгӯанд, омода кунем, муҳоҷирони мо қонунгузории давлати қабулкунандаро агар донанд ва риоя кунанд, дар он ҳолат онҳо метавонанд беташвиш кору фаъолияти худро идома диҳанд. Мутаасифона надонистани қонун одамро аз ҷавобгарӣ озод намекунад”.

Ба қавли вазир, теъдоди шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар давоми соли 2014 нисбат ба як соли пеш 14 дарсад кам шудааст. Ӯ мегӯяд, дар соли гузашта 869 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расида буд. Ин рақам дар соли 2013, 1006 нафарро ташкил медод.
Мӯҳр
5
Вакти хисобу китоб расид инкадар бекор чи мекарда бошанд?

90% фоизи экономика Точикистон аз мухочират аст.мардуми мухочира як бор аз холу ахволшон барои чи хукуматдорон намепурсанд?патент авал 5000 рубл буд хозир 27000 хар мох 1216 сум дар банк месупориди хозир 4200 10000 сертификат ва экзамен барои забони русси аз таьрихи рус.кариб ки 50000 дар хуччат гузори меравад.камбагали мухочир аз кучо ин кадар пулро дастрас мекунад.ин хукуматдорои бе савод дар сари вазифа шишта факат корошон мардуми бегунохро ба 26сол ва 20 12 сол зиндони карданианд тамом дигар кор надоранд.маоши мухочир 30000 кариб ки 1000доллар мешуд хозир 420доллар мешавад.хамаи мухочирон ба хона бар гаштестан

Хонума Сумангул Тагоева Шумо аввал он сохибкасбоне, ки бо маоши ночизе ба обедпулиашон намерасад кор ва фаолият кардаистоданд бо маоши хадди акал тамин кунед, бад дар дили он мухочирон ягон гарми дарояд

Ватани
Худовандо ба Вазорат ва миллати мо дар халли ин мушкили мадад кун.

деваштич
Ман сохиби диплом!! Хар тирамох ба ватан бармегардам.Мехохам ба мактаб даромада ба хайси муаллим кор кунам.Вале мегуянд чои кор нест.Хатто ба 800 сомон розиям лекин афсус..хол он ки 70% и муаллимон диплом надопанд.боз ру меорем ба хичрат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)