Бахшҳо

Вазир дар бораи тирпаронии Ҳукумов: Гунаҳкорон ҷазо гирифтанд, аммо...

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба қазияи тирпаронии Рустам Ҳукумов, писари собиқ раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дахл карда, гуфт, гунаҳкорони ин қазия ҷазо гирифтаанд.

Раҳимзода гуфт, аз рӯи қазияи тирпаронии Рустам Ҳукумов дар ноҳияи Айнӣ тамоми парвандаҳо таҳия ва ба суд ирсол шуданд ва гунаҳкорон муҷозот гардиданд. Ба суол, ки оё шахсан Рустам Ҳукумов ба ҷавобгарӣ кашида шуд, вазири умури дохилӣ посух дод, дар ёдаш нест. Дар маҷмӯъ ӯ таъкид намуд, дар қазия силоҳи ҷангӣ истифода нашудааст ва иштирокдорон асосан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Рустам Ҳукумов, писари калонии Амонуллоҳи Ҳукуматулло, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” моҳи октябри соли гузашта дар маркази ноҳияи Айнӣ зимни як роҳбандӣ бо истифода аз таппончаи пневматикӣ тирпаронӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Мақомоти ноҳияи Айнӣ ҳам тасдиқ карданд, ки воқеан Рустам Ҳукумов боиси хархаша шуда, то дидбонгоҳи навбатии БДА рақамҳои мошинро иваз карда, мехоҳад фирор кунад, аммо кормандони милиса ӯро таъқиб карда, боздошт мекунанд: “Аз ҷониби ШКД-и ноҳия нисбат ба ин ҳодиса санад тартиб дода, ба прокуратураи ноҳия ирсол шудааст.”

Инчунин Рустам Ҳукумов соли 2008 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди 3,5 сол ба гуфтаи падараш сафед гардида, соли 2011-ум раҳо гардид.

Дар ҳамин ҳол шаби 8 ба 9 октябри соли 2013 садамаи маргбори писари дигари Амонуллоҳи Ҳукуматулло - Расули Амонуллои 16-сола, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт вирди забонҳо шуд, ки се кушта бар ҷой гузошт. Дар пайи ин ҳодиса модари ин ноболиғ барои нақзи қонун дар бораи масъулияти падару модар 120 сомонӣ ҷарима шуд. Баъдан эълон гардид, сари чанбари мошин Расули Амонулло набудааст. Вазири умури дохилӣ ҳам дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ҳафт ташхис нишон дод, Расул дар ин сониҳа даст надорад.
Мӯҳр
чинди
хммм...дар ёдам нест.... angry ....чавобро бинед...фууу...Яъне, аз мансаб хам рафта бошад "таъсираш" будааст

чи хел дар едаш нест, агар як бачаи камбагал мебуд дар едаш мемонд. Хайфи рутбви генерали ва касами додаш оид ба содик будан ба залку миллат. Шарм намедорад чавоб, ки дода наметавони мисли Рустами Эмомали дар нишастхо иштирок накун!

точик
Агар писари ягон точики камбагал мебуд, хатман 10-12 солака пушти панчарахои зиндон мегзураонд, аммо писарони калонхо аз ёдашон мебарояд.

Содик
Аз абухурайра чи хадис дар ин маврид гуфта шудааст??

BBB
айб аст айб. Фардо назди Худованд хама чиз дар ёди одам мезанад.

Muslim
чинди,
Meguyand badi obed aqlash medarod

О гурух мардум хечгох гунагор намешаванд. Инхо хеч касро намезанан балки дигаро омада ба инхо мезананд. И Хукумуфхоё Одинаевхо- умед 88 инхо феодал ва ситамгаронанд. Хамавакт аз об хушк мебароянд ва киро ки хоханд мешинонанд. Барои он ки як нигохбон доранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)